Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
Зани хуби фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо. Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат, Чу ёри мувофиқ бувад дар барат. Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор, Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор. Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ, Бало бар
Ҷавонмарди лоғарандоми жулидамӯ, ки аз ғояти шаробӣ буданаш чашмони сурху варамида ва ба косахонаи сар фурӯ рафта дошт, ғунгосзанон аз ҷойгаҳи хобаш хест ва ҷомаи дар болояш бударо, ки то ин дам вазифаи курпаро иҷро мекард, ба пушташ
Бар фарози қуллаи таърих Мениҳам пои хаёл, Медавонам чашм бар чор сӯ, Мебинам Як гизоле бас қашанг, Аммо маҷруҳ
Дар олами кӯдакӣ ба модарам қавл додам, ки ҳеҷ касеро бештар аз ӯ дӯст надошта бошам. Модарам маро бӯсиду гуфт: -Наметавонӣ азизам. Гуфтам: - Метавонам. Ман туро аз падар, бародар ва хоҳарам бештар дӯст дорам. Модар гуфт: -Яке
Дар баланди чанори дерина Решааш то ҳанӯз маҳкам аст. Бод бо баргакаш кунад бозӣ, Гӯйи дар пештоқ, парчам аст.
Шеъри шоир роздори зиндагист, Фитрати шоир баҳори зиндагист.
Салом, эй модар муштипари ман, Салом, эй хоҳарону додари ман. Манам аскар ба ҳифзат Тоҷикистон. Салом, эй мардуми бахтовари ман. .
Раиси Афзал савора аз канори дарёи Сурхоб мегузашт. Фасли баҳор, мавҷҳои дарё ба ҳам мепечиданд, дамиш мехӯрданд, назари Афзал, ки ба наздикӣ раис интихобаш карда буданд, ба мавҷҳо, хаёлаш ба воқеае, ки чанд лаҳза пеш шоҳид гашта
Шуд баҳору дашту домон хуш гулафшон гаштааст, Ғунча мино, шоха соқӣ, анбарафшон гаштааст, Бар машомам мерасад боз накҳати нози баҳор, Боз рӯъё чун кабутар пар-парафшон гаштааст. Абри найсон гиря дорад, гиряааш аз баҳри чист?
Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилагез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон бекарон ва ҷовидон аст.