Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Асири зан

15-07-2018, 16:23
Хабарро хонданд: 812 нафар
Назарҳо: 0
Асири зан

Ҷавонмарди лоғарандоми жулидамӯ, ки аз ғояти шаробӣ буданаш чашмони сурху варамида ва ба косахонаи сар фурӯ рафта дошт, ғунгосзанон аз ҷойгаҳи хобаш хест ва ҷомаи дар болояш бударо, ки то ин дам вазифаи курпаро иҷро мекард, ба пушташ ҳаво дода, лакот-лакот ба назди шишаҳои аз шароб холишудаи кунҷи хона омад. Ӯ ин лаҳза каргаси пиреро мемонд, ки атрофи лошаи ёфтааш базӯр-базӯр давр мезад. «Бало занад! - худ ба худ андешид, - ягон қатра ҳам намондааст». Бори дигар шишаҳоро тагурӯ кард, аммо муродаш ҳосил нашуд, ки «уф»- гӯён худро боз болои ҷойгаҳи хобаш партофт. Каллааш ғуввос зада дард мекард. Дилаш беҳузӯр мешуд. Чанд лаҳзае дар ин ҳолат қарор дошт ва нохост чизе ба хотираш расид, ки назди тиреза омад. Аз даруни пиёлаи сиёҳшуда, ки нақши хокистардонро мебозид, пораи сигори шаб кашидаашро ёфту даргиронд. Дуди сигор ҳавои хонаро гирифта вуҷуди ӯро вазнинтар кард.
Дохили хона бетартибу ифлос ба назар мерасид. Кати хоб, ки аз як тагкӯрпаи чиркину болишти сиёҳшуда иборат буд, аз он гувоҳӣ медод, ки ин маскан дер боз рӯи тозагиро надидааст. Байни хона стол ва курсӣ ҷой доштанд, ки аз ҳад зиёд кӯҳна ба назар мерасиданд. Дар пояҳо ва болои стол номҳои ҳархела тарошида шуда буд ва ин аз он шаходат медод, ки ин ҷо замоне донишҷӯён будаанд ва бо сабабҳои маълум хобгоҳи номбурда имрӯз харобу валангор гаштааст. Бисёре аз утоқҳои хобгоҳ дару тиреза надоштанд. Танҳо дар чанд утоқи нисбатан хуби он гурӯҳе зиндагӣ ихтиёр карда буданд. Бештар ин ҷо бозорнишинон ва чанд зани бесарпаноҳ монда, ки аз субҳ то шом ба хотири ёфтани қути лоямут донаи офтобпараст мефурӯхтанд иқомат доштанд.
Дар ин маскан чун қаҳрамони қиссаи мо чанд тане буданд,ки ба ҷомеаи бозорбудагон дохил мешуданд, зеро шуғли онҳо аробакашӣ буд.
Хушнуд таи ду сол аст, ки дар бозори марказӣ ба аробакашӣ машғул аст, вале баръакси номи хеш касе хушнудии ӯро аз ҳамкасбон то имрӯз надидааст. Бегоҳиҳо баъди кор менӯшаду ба утоқаш даромада дарро маҳкам мекунад. Касе намедонист, ки дар дил чӣ аламе дорад. Розашро ҳамеша дар қалбаш ниҳон медошт. Баъзан, дар кунҷи танҳоӣ бесадо ашк мерехт,ашки надомат, нотавонӣ, бекасиву берӯзигӣ. Кӯдаквор гиря мекард, аммо касе садояшро, оҳашро намешунид.
Акнун, нӯшидан мехоҳад, зеро шаб хеле зиёд нӯшида буд. Дарди сарашро танҳо шароб метавонист, алъон дармонбахш шавад.
Даст ба ҷайб бурд. Аҷабо, дар ҷайбаш 50 дирами дигар боқӣ мондааст. Ҳайрон шуд… «Охир, шаб тамоми пулҳоямро сарф карда будам. Чӣ хел ин дар ҷайбам мондааст?» - худ ба худ андеша кард. Даст ба пешона бурд, онро молиш дода ғайриихтиёр нолиш кард.
- Беҳтараш назди амаки Шариф меравам, - худ ба худ пичиррос зад. Хушнуд аз хобгоҳ баромад. Рӯз қариб нисф шуда буд. Ба назди дарвозаи марказии бозор омада мунтазири омадани амаки Шариф шуд…. «Аздусар ҳамин ҷо арбаашро мебарорад», - андешид ӯ. Баъди интизории начандон тӯлонӣ амаки Шариф пайдо шуд.
- Ҳа, Хушнудбой, тинҷӣ-мӣ? Инҷо истодаӣ… Аробаат канӣ? – баъди салому алейк пурсид аз Хушнуд.
- Имрӯз андаке нотоб шудаам. Хостам каме дам гирам, - забон хоида гуфт Хушнуд ва лаҳзае пас илова кард:
- Амаки Шариф, то пагоҳ 5- сомонӣ қарз медодед.
- Ҳа, дирӯз қарзамро гардонида будӣ-ку, ҷӯра, боз имрӯз қарз мегирӣ?-нимшухию ним чидди гуфт амаки Шариф ва мӯйлабҳои дарози мошубиринҷашро тоб дода – Хайр, майлаш, 5- сомон, 5- сомон – да,- гӯён аз ҷайбаш чанд пулеро бароварда ба Хушнуд дароз кард.
Ҷавонмард изҳори миннатдорӣ карда роҳ ба сӯи хобгоҳ пеш гирифт. Ба қаҳвахонаи сари роҳ даромада ҳасибу панир харид, як истакон арақро якбора нушид ва гӯё андаке сараш ором гирифт,ки худро сабук ҳис кард. Баъдан ба утоқи хобаш даромад. Болои кат дароз кашида, чашмонашро пӯшид. Аз дуриҳои дур садои писарчааш Анӯшервон хайёлан уро ба суи худ мекашид: «Дадаҷон!... Дадаҷони ман!…» Хушнуд хаёлан ӯро мебӯсид, мӯйҳояшро сила мекард, бо ӯ ҳарф мезад. Дар ин ҳолат чӣ қадар монд, худаш надонист ва баъдан хобаш бурд.
Садои тақ-тақи дар ӯро аз хобаш бедор кард. Ҷавонмард дилу нодилон хеста ба ҷониби тиреза нигарист. Аллакай шом шуда буд. «Дар ин бевақтӣ кӣ бошад?» - андешакунон дарро кушод. Ду чеҳраи ба ҳам ошно муқобили ҳам меистоданд. Яке табассум мекард, муқобил меларзид, аввала салом гуфт, муқобил сукут варзид, яке оғӯш кушод, муқобил сояи дарахте буд. Хушнуд сухан кардан хост, аммо чизе гулӯяшро фишурду садояш набаромад. Забонаш лол, вуҷудаш беҳол ва нигоҳаш бенур гашта буд. Ӯ ин лахзаҳо суроби ҳайкалеро мемонд. Чашмонаш хира шуданд ва чанд қатра ашк аз нӯги мижгонаш ба замин афтод.
- Мард бош дӯстам, мард бош… - садои ошно ба гӯшаш расид.
Ҳарду болои кати хоб нишастанд. Чанд лаҳза хомӯш монданд.
- Наход ин ту Ҳомид бошӣ… Худоё ман хобам ё бедор?... Дар ин шаҳри дур… ту чӣ хел маро пайдо кардӣ? – дидаҳояшро поккунон ларзон-ларзон овоз баровард Хушнуд.
- Се моҳ шуд, ки дар шаҳр зиндагӣ дорам. Аслан ,хонаи ман аз шаҳр каме дуртар. Панҷ сол дар Руссия будам, нав омадам. Акнун Хушнудҷон, биё ҳама чизро як тараф мегузорему ба хонаи ман меравем. Сӯҳбатро бошад дар хона идома мебахшем, шаб дароз аст. Хез, рафтем…
Ҳомид аз китфи Хушнуд бардошт. Ҳар ду аз хобгоҳ баромаданд. Баъди ба хонаи Ҳомид расидан Хушнуд ба ҳамом дармада шӯстушӯй кард. Риши кайҳо расидаашро тарошид. Ҳомид барояш сару либоси тоза овард. Хушнуд худро дар оина дида нашинохт. Ҷавонмарди хушсару либоси зебое шуда буд. Баъд ҳар ду ба сари дастурхон нишастанд.
- Янгатона ҳамин субҳ ҳамроҳи бачаҳо ба деҳа фиристодам. Алъон танҳоям, имшаб насиб бошад то субҳ дил холӣ мекунем, - нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт Ҳомид.
Акнун Хушнуд худро то андозае озод ҳис мекард ва гӯё гузаштааш хоби гароне буд, ки пушти сар шуд. Аммо то ҳол бовариаш намеомад, ки ҳамроҳи дӯсти азизаш Ҳомид нишастааст. Ҳомиде, ки ҳанӯз аз хонаи бачаҳо буданашон ба ҳамдигар аҳли дӯстиву бародарӣ баста буданд. Баъдан ҳар ду шомили як мактаби олӣ шудан, фақат шӯъбаҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекард. Шояд агар Ҳомид дар паҳлӯяш мебуд, ба ин аҳвол гирифтор намешуд, аммо ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ онҳоро аз ҳамдигар дур сохт. Инак, баъди панҷ соли ҷудоӣ онҳо боз рӯи ҳамдигарро диданд.
- Ҳомид, фарзандҳо чанд-то шуданд?
- Шукр, се-то, ду духтару як писар. Сеюмаш дар Руссия таваллуд шуд,духтарча,ба ӯ Марям ном гузоштем..
Хушнуд чизе нагуфт. Дар пеши дидагонаш чеҳраи писарчааш Анӯшервон намудор шуд. Дақиқае пас, гӯё ба худ омаду аз Ҳомид пурсид:
- Чаро ба чунин ҳол афтоданамро намепурсӣ?
- Чанд моҳ пештар ҳамсояатро дида будам. Ҳа, номаш чӣ буд? Ба фикрам Ҷалол… бале, бале, Ҷалол, - ва ӯ то андозае дар бораи ҳодисоти ба сарат омада нақл кард, аммо нишонатро намедонист. Хеҷ бовариам намеомад, ки ту дар шаҳрчае ҳастӣ, ки он ҷо ман зиндагӣ мекунам. Дирӯз ҳамсарам гуфтанд, ки шуморо дар бозор дидааст. Сараввал бовар накрдам, аммо баъдан тоқат накарда ба бозор рафтам. Нишонатро аз аробакашҳои бозор пайдо карда нисфирӯзӣ ба хобгоҳ рафтам, аммо ту набудӣ. Қарор додам, ки бегоҳӣ меравам. Танҳо баъди дидани ту ба суханҳои занам боварӣ ҳосил кардам. Хуш, Хушнудҷон, акнун мехоҳам аз забони худат саргузаштатро шунавам.
Хушнуд оҳи бадарде кашид. Пешонааш чин буд. Андешамандона ба гап сар кард:
- Медонед, Ҳомидҷон, чизи ба сарам омадаро ман аз тақдир медонам. Дар хати амволам Худованд ҳаминро навишта будааст. Яъне хатти тақдирам сиёҳ будааст. Ятимӣ аз падару модар, ҳанӯз дар айёми тифлӣ, баъдан хонаи бачаҳо, сипас афтодан ба доми зани чоплуси худхоҳ. Дар зиндагӣ бисёре аз вазниниҳоро пушти сар кардам, аммо аз ҳама мудҳиштарин вазнинӣ хонавайрониву ҷудоӣ аз фарзанд будааст. Магӯянд, алами кӯчаро хона мебарорад, аммо алами хонаро кӯча намебаровадааст. Ба ёдат ҳаст, чӣ қадар намехостӣ, ки ба Соҷидаи ҳамкурсат хонадор шавам. Ҳамон вақтҳо ту ҳақ будӣ, аммо мани нодон фирефтаи муҳаббати ҷавонӣ шуда будам. Боре ӯро дурӯяву маккора гуфтӣ, қариб як моҳ ҳамроҳат гап назадам. Он айём ишқ маро кӯр карда буд. Баъди тӯй, шаби аввал номуси ӯро доғдор ёфтам, аммо аз сабабе, ки дӯсташ медоштам., бо баҳонаи овардааш Соҷидаро бахшидам. Баъди фарзанддор шудан муҳаббати ман боз ҳам афзунтар шуд. Аслан, зиндагиамон хеле ором ба назар мерасид. Инро ту ҳам пайхас мекардӣ, зеро таи ҳар ҳафта аз ноҳия ба аёдати ман меомадӣ. Аммо баъди он нобасомониҳои соли 1992-юм зиндагии мо ба худ ранги дигар гирифт. Ман бекор мондам. Аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ мекашидем. Он вақтҳо ту аллакай гуреза шуда ба Руссия рафта будӣ. Акнун Соҷида, Соҷидаи пештара набуд. Қариб ҳар рӯз борони таънаву маломат ба сарам мерехт. Хона бароям зиндонеро мемонд.
Рӯзе ба хонадони мо Шокир Исоевич ном марди миёнқади газгӯшти тоссар меҳмон шуд, занам ӯро ҳамчун хеши дурашон ба ман муаррифӣ кард. Шокир Исоевич сарвари фирмаи тиҷоратӣ буд. Ин марди дар ботин манфур, вале дар зоҳир хеле ҳалиму меҳрубон, мададгори оилаи мо шуд. Занамро дар яке аз мағозаҳои тиҷоратиаш ба кор қабул кард. Ба хонаи мо тез-тез бо дасти пур аз хӯрданиву пӯшиданӣ меомад. Ман дар аввал чизе пайхас намекардам, аммо баъдан дар дилам нисбат ба Шокир Исоевич шубҳа пайдо шуд. Оҳиста-оҳиста ҳамсояҳо ба ман дигар хел нигоҳ мекардагӣ шуданд. Ман бошам ҳамашро мефаҳмидам, вале чӣ кор карданамро намедонистам.
Дар идорае ба кор даромадам, аммо бо сабаби кам будани маош ва таънаҳои беохири занам аз кор даст кашидам. Дар назди Соҷида забонкӯтаҳ ва латтапора шудам, акнун тамоми рӯзгорро ӯ саришта мекард. Ягона сабукӣ бароям нӯшидан буд ва маҳз сархушӣ бори ғамро аз дӯшам андаке дур месохт. Сипас, нӯшидан одати доимиам шуд. Аммо барои нӯшидан пул лозим. Аз бисёр шиносҳою дӯстонам қарздор шудам ва билохиран онҳо ҳам аз ман рӯй тофтанд, зеро ман қарзҳои онҳоро баргардонида наметавонистам. Он вақтҳо дарк кардам, ки обрӯ ва шахсиятам дар назди ҳамагон ҳеҷ шудааст. Аз зиндагӣ дилам хунук шуд ва чанд маротиба хостам ба худкушӣ даст занам, аммо зиндагӣ боз ширинӣ мекард, ки аз ин кор даст мекашидам. Ягона ғамбардорам писарчаам Анӯшервон буд. Ба хона омада ӯро ба бағал гирифта мебӯсидам. Занам бошад омада бо қаҳр тифлакамро аз бағалам мегирифт «Ин хел дада ба кӣ даркор? Ин дада не, ин латта!»… - гӯён ҷонибам хандаи тамасхуромез мекард. Анӯшервон бошад бо чашмакони олумонандаш ҳайрон-ҳайрон ба мо нигоҳ мекард.
Рӯзе аз суди халқӣ ба номам даъватнома омад. Ба суд рафтам. Маро ба аризаи занам дар бораи қатъ кардани ақди никоҳамон шинос карданд. Ҳамон бегоҳ бо табъи хира ворид хона шудам. Писрачаам Анӯшервон маро дидан замон ҷонибам давид, аммо модараш ӯро дошта «Исто писарам, куҷо медавӣ? Акнун насиб бошад, бароят дадаи ҳақиқӣ мебиёрам» - гӯён ӯро бағал кард. Он лаҳзаҳо бори гароне ба сарам фурӯ рехт, тоқат накарда бори аввал дар давоми чор соли зиндагӣ ба рӯяш шаппотие задам. Баъд либосҳоямро ҷамъ карда аз хона баромадам. Чанде дар кӯчаҳои шаҳр девонавор гашту гузор кардам. Сипас, қарор додам, ки ба дигар шаҳр рафта зиндагиро аз сари нав оғоз хоҳам кард, аммо чӣ тавре, ки Ҳомидҷон дидӣ, зиндагиам хуб нашуд. Ман раҳгумзадаи ҳаёт шудам.
Ҷавонмард суханҳои охиринашро бо оҳанги сӯзон ва дарду алам ба забон овард. Ҳомид бошад, оҳи бадарде кашид ва бо тамкин ба сухан даромад:
- Хайр, дӯстам, ҳар чӣ буду набуд, гузашт. «Бар гузашта салавот» мегӯянд. Зистан лозим, дӯсти азиз, зистан. Аслан, Хушнудҷон, ту ба тақдир ба осонӣ тан додӣ, аммо тақдирро тақдирҷунбон мебояд ва мо тақдирҷунбони хеш ҳастем. Ба ёдат ҳаст, ҳангоми дар хонаи бачагон буданамон аҳд баста будем, ки баъди оиладоршавиамон ҳарду ҳамсоя мешавем, аммо мутаассифона дуямон ба аҳди хеш вафо накардем. Акнун имрӯз фурсате расидааст, дастгиру мададгори ҳамдигар шавем….
Дӯстон то поси шаб бо ҳам сӯҳбат ороста дил холӣ карданд. Саҳаргоҳ Хушнуд ҳамроҳи Ҳомид баъди ду соли бечорагию оворагӣ бори аввал бо либосҳои тару тоза ва риши тарошида аз хона баромад.
Ҳомид, ки дорои мағозаи калони шахсӣ буд, Хушнудро ҳамроҳ ба кор гирифт. Дар аввал фурушандагӣ барояш гаронӣ мекард, аммо баъдан одат кард. Нӯшиданро низ бо мурури замон партофт. Зиндагӣ барояш бисёр чизҳоро омӯзонд. Дар як рӯзи хуби баҳорӣ Хушнуд дар дил азм кард, ки ба Душанбе баргардад. Аз як тараф ёди ягона писараш Анӯшервон, аз тарафи дигар ёди шаҳри азизаш ӯро ба сӯи худ мекашиданд. Мехост ҳарчи зудтар ба шаҳри худ баргашта, зиндагии наве оғоз кунад. Гоҳе ба назараш чунин менамуд, ки бори дигар тавлид ёфтааст. Ӯ ин лаҳзаҳо чароғи умедеро бо худ гирифта буд, ки дидаашро мунаввар мегардонд. Дар ин бора ба Ҳомид дилашро холӣ кард. Ҳомид андаке сукут варзида гуфт:
- Рости гап Хушнудҷон, ман низ пазмони ёру диёрам шудам. Ту рав, ман низ аз думболат меоям.
Рӯзи дигар Хушнуд ба воситаи қатора ба Душанбе омад. «Аҷабо, чӣ қадар форам аст, ҳавои Душанбе» - баъд аз қатора фаромадан худ ба худ андешид. Борхалтаашро ба замин гузошта, дар курсии сари роҳ нишаст. Анна, тролейбуси барояш ошно намудор шуд. Ӯ ин дам дарк кард, ки алъон троллейбус ҳам барояш азиз аст. «Куҷо равад?» - якбора ин фикр ба сараш зад, воқеан замоне дар чойхонаи истгоҳи роҳи оҳан ҳамсояам Матлаб-бобо самбӯса мефурӯхт. Шояд ҳамин ҷо бошад. Таваккал карда як хабар мегирам.
Хушнуд борхалтаашро бардошта ба самти лозима раҳсипор шуд. Матлаб-бобо машғули самбӯсафурӯшӣ буд. Чашмаш ба Хушнуд афтоду ҳайрон-ҳайрон ба ӯ нигоҳ карда монд. Баъдан ба ҷавони ҳамкораш чизе гуфту Хушнудро гарм ба оғӯш гирифт. Баъди пурсупоси анъанавӣ бо тамкин гуфт.
- Хайрият, сиҳату саломат будаӣ, писарам. Ростӣ, баъди ғайб заданат чӣ чизҳое нашунидем. Сараввал овоза карданд, ки худкушӣ кардаӣ, аммо баъдтар фаҳмидем, ки ба Руссия рафтаӣ. Хайр, ҳар чӣ буду набуд, гузашт. Воқеан, дар кадом шаҳри Руссия будӣ, Хушнудҷон?
- Дар Маскав – Хушнуд дуруғ гуфт.
- Дар Маскав шиносҳо бисёру аммо касе нагуфт, ки туро он ҷо дидааст.
- Ман дар заводи махфӣ кор мекардам, - Хушнуд боз дурӯғ гуфт. Мӯйсафед бовар кард.
Хушнуд аз холу ахволи муйсафед ва хамсояхояш пурсон шуд
- Шукр, сиҳатанд-чавоб дод муйсафед.
- Аз ахволи писарчаи ман хабар доред? – садои Хушнуд андаке ларзид.
- Шукр писарчаат сиҳату саломат, аммо…
- Чӣ аммо? – ҷавонмард безобита шуд.
- Модараш моҳи гузашта аз олам гузашт…
- Аз олам гузашт? Охир… - Хушнуд ба Матлаб-бобо нигоҳи тааҷубангез кард ва дар ин нигоҳ тамоми нармдилӣ, шикастанафасӣ ва хубиҳои ӯ ба Матлаб-бобо ҳувайдо гаштанд.
- Соҷида ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуд, ҳамроҳи шавҳари наваш.
Хушнуд чизе нагуфт, танҳо оҳи бадарде кашид. Ин лаҳзаҳо пеши дидагонаш чеҳраи зебои Соҷида, табассуми латифи ӯ ва нигоҳи обгинааш омад. Дилаш таҳ кашид, аммо сонияе пас ҳамаи ин зери пардаи сиёҳ нопадид шуд ва ин деворе буд, ки абадан Соҷидаро аз ӯ ҷудо мекард.

Т.Орифӣ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: