
Марде аз донишманд пурсид.
-Маро дўст доштани ҳамсарамро чӣ тавр донистанам мумкин аст?
Донишманд гуфт:
-Агар ҳамин 14 ҳаракат дар ҳамсаратон муҷассам бошад, бовар намоед, ў шуморо дўст медорад.
Мард гуфт:
-Онҳо чистанд?
Донишманд гуфт:
« 1. Тарзи ҳаёти шумо ва одамони шуморо дўстдоштаро ҳам дўст дорад;
2. Ба фикри ў муқобил бароед, ба ғазаб наояд;
3. Аз ғазаб ва ранҷиши шумо мутаассир шавад;
4. Барои бо шумо сўҳбат намудан доим ба ҷустани мавзўҳо кўшиш намояд;
5. Қабл аз ба ҷо овардани коре ё қабул сохтани қароре бо шумо маслиҳат намояд;
6. Ҳадяи арзиш надошта диҳед ҳам, хеле хурсанд шавад;
7. Барои ба шумо муҳайё сохтани сабукӣ, ба ягон коратон ёрӣ расондан кўшиш намояд;
8. Дар вақти набуданатон аз шумо нигарон шавад;
9. Ба кори шуморо розӣ менамудагӣ кўшиш намояд, амали ба шумо номақбул, ғазабатонро меовардагиро дигар такрор насозад;
10. Беиродагиатон ғазабашро наорад;
11. Барои шумо азиятҳоро таҳаммул намояд;
12. Ба фикрҳо ва ғамҳои шумо шарик шавад, барои ба олами шумо ворид шудан кўшиш намояд;
13. Новобаста аз дар кадом соҳа фаъолият кардани шумо ор нанамояд, хиҷил нашавад;
14. Барои ба Аллоҳ наздик шудани шумо мадад расонад, дар тоату ибодатҳоятон кўмак намояд, яъне шуморо дўст медорад».
Тарҷумаи Санавбар САИДОВА