Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавсеа меёбанд

Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавсеа меёбанд

7-02-2024, 13:16
Хабарро хонданд: 957 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавсеа меёбандДар доираи ҳамкориҳои тарафайн рӯзи 7 феврали солӣ ҷорӣ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин доир гардид. Дар вохӯрӣ инчунин муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор ва котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ши Тянтсзя иштирок доштанд.

Зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонад ва ин раванди муносибатҳои байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати бемислу монандро ба миён хоҳанд овард. Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.

Дар суҳбат қайд гардид, ки муддати зиёда аз 30 сол муносибатҳо байни мамлакатҳои мо марҳила ба марҳила мустаҳкам гардида, ба зинаи нави ташаккул баромаданд. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баланд арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва мардуми онҳо ҷавобгу буда, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: