Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ

МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ

15-11-2025, 09:28
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ
МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ
Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба бинои Маҷлиси федералии Думаи давлатии Федератсияи Русия ташриф оварда, бо муовини раиси фраксияи ҳизби “Единая Россия” дар Думаи давлатӣ Евгений Ревенко мулоқот доир намуд.
Дар суҳбати рӯ ба рӯ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Русия ибрози қаноатмандӣ карданд ва таъкид доштанд, ки робитаҳои сиёсии ду кишвар дар заминаи эътимод ва манфиатҳои муштарак рушд меёбанд. Ҳадаф ва натиҷаҳои мулоқот ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, гуманитарӣ ва парламентарӣ равона гардонида шуд.
Ҷонибҳо, ҳамзамон, масоили ҳамкориҳои байниҳизбӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва “Единая Россия”-ро баррасӣ намуда, ниёз ва имкониятҳои тақвияти иртиботи тарафайнро таъкид карданд. Иброз доштанд, ки табодули таҷриба ва ҳамкории сиёсӣ дар сатҳи ҳизбӣ метавонад ба аҳдофи стратегии ду кишвар ва суботи минтақавӣ мусоидат намояд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, Юрий Швиткин - вакили Фраксияи “Единая Россия” ва ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилони Думаи давлатӣ оид ба робита бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Марат Нуриев, Татяна Саломатина ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Русия Саидбек Мирзомуддинов иштирок доштанд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, тарафҳо изҳори омодагии бештар ба идомаи гуфтугӯҳо ва амалисозии масъалаҳои мушаххасро карданд. Ин мулоқот дар ҷараёни тавсеаи ҳамкории сиёсӣ ва ҳизбӣ байни Тоҷикистону Русия ва оѓоз бахшидани шаклҳои нави табодули муфид дар самтҳои мухталиф тарафайн судманд арзёбӣ гардид.
МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамватанони муқими Русия, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони сафорат иштирок карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар суханронии ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари арҷгузорӣ ба роҳбари мамлакат ва эҳтиром ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешравии ҷомеа мебошад. Ӯ қайд кард, ки ин рӯз ёдоварии арзишҳои давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аст.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия дар ҳамоиш иштирок дошт, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрик намуда, аз иқдомҳои созанда ва талошҳои Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаёт ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ Пешвои миллатро намунаи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқ ва Ватан арзёбӣ намуд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ сурат гирифта, иштирокчиён оид ба дастовардҳои кишвар ва нақши роҳбарияти давлат дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо ҳамватанон дар Русия баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медал ва сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

МУЛОҚОТИ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ЕВГЕНИЙ ПРИМАКОВ

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Роҳбари Агентии федералии Русия оид ба кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) Евгений Примаков мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин, дастгирии диаспораҳои тоҷик дар ҳудуди Русия табодули афкор карданд. Мавзуъҳои муҳимми баррасишуда ҳимоя ва густариши чорабиниҳои муштарак буданд, ки ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.
Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории муштарак бо созмонҳои гуманитарии русӣ буда, ба муносибатҳои зич аҳаммияти хосса медиҳад. Евгений Примаков низ омодагии худро барои татбиқи ҳамкориҳои бештар бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистонӣ дар Русия иброз намуд.
Мулоқот дар руҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баргузор шуд ва ҷонибҳо иброз доштанд, ки идомаи гуфтугӯҳо ва амалишавии лоиҳаҳои муштарак ба манфиати мардуми ду кишвар хоҳад буд.

“ШОМИ ДӮСТӢ”-И ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР МОСКВА

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
Аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ, намунаи либосҳои анъанавӣ, китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуд.
Дар чорабинӣ аъзои фаъоли Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, аҳли илму фарҳанг ва ҳамзамон, аз ҷониби Федератсияи Русия роҳбарияти ҳизби "Единая Россия", вакилони Думаи давлатӣ, олимон, шоирон ва таърихнигорон даъват шуданд.
Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, оид ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту бародар ибрози андеша кард.
Сипас, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои арзанда, талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоии оқилона ва заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як кишвари пасошуравии дар ҳолати буҳронӣ қарордошта ба давлати устувору рушдёбанда мубаддал гашт.
Маликшо Неъматзода, ҳамзамон, дар идомаи суханронӣ аз сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз дар қатори дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ барои иҷро намудани дастури Роҳбари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои дуру наздик, алалхусус бо Федератсияи Русия талош меварзад.
Аз ҷониби Федератсияи Русия узви Шурои сиёсии ҳизби "Единая Россия" Андрей Климов оид ба муносибатҳои Ҳизби ХалқииДемократии Тоҷикистон ва "Единая Россия" иброз дошт, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия Созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ амал мекунад, ки дар доираи он дар бахшҳои гуногуни ҷомеа ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст.
Дар қисмати интиҳоӣ барои меҳмонон барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва зиёфати идона таҳия гардида, бо суруду рақсу навои миллӣ фазои тантанавӣ фароҳам оварда шуд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР БОЗОРИ "КОРВОН ПЛЮС"

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Корвон плюс" чорабинии сиёсӣ бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд.
Дар ҷамъомад роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, муовини сардори Раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мавлуда Шарифзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшод Махсумов ва директори ҶДММ "Корвон плюс" Зиёвиддин Саидов иштирок карданд.
Ҳамоишро Абдураҳим Шоҳиён ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ шодбош гуфт. Ӯ таъкид кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки 33 сол муқаддам дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, воқеан як иҷлосияи таърихӣ буд. Дар он давраи ҳассос вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҷавони сиёсатмадори кордон, болаёқат ва боистеъдод, ки қодир ба ором намудани вазъ ва барқарор кардани низоми давлатдорӣ буд, ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ пешбарӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш Абдураҳмон Хонзода ва Мавлуда Шарифзода дар бораи ташаббусҳо, дастовардҳои таърихӣ ва заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, нақши Роҳбари давлатро дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот таъкид намуданд.
Баргузории чунин силсиламулоқотҳо дар бозорҳои дигари пойтахти мамлакат идома дорад.

Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: