
Замони донишҷӯиам буд. Ҳанӯз дар соли якум таҳсил мекардам, ки рӯзе бародарам аз ман пурсид:
- Фанни фалсафаро мехонед? Гуфтам: - Бале. Боз илова кард: - Кӣ дарс медиҳад? Гуфтам: фалонӣ. Бародарам бо оҳанги норозиёна, гӯё ки ягон сухани иштибоҳ гуфта бошам: -Магар Рӯзадоров ба шумо дарс намедиҳад,-гуфта, интизори посухам нашуда, хонаи дигар гузашт. Ман ҳайрон мондам, ки кист Рӯзадоров? Баъдан, пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба пойтахт омадам ва акнун фаҳмидам – шахсе, ки ба хотири ӯро нашинохтанам табъи бародарам хира гашт, кӣ будааст...
Рӯзе барои пайдо кардани ҷойи кор ба ҳафтаномаи “Минбари халқ” омадам. Сармуҳаррири ҳафтанома бандаро бо хушҳолӣ қабул карда, гуфт: - Барои он ки бо мо кор кунӣ, бояд як ду маводи таҳлилӣ бинависӣ. Назди Аслиябону даро, инсони хуб аст, албатта, кумак мекунад. Қалам дорӣ, танҳо бояд тарзи дурусти пешниҳоди маводро бидонӣ,-гуфта утоқеро ба ман нишон дод. Ман ҳам дилу бедилон ба ҳамон сӯй рафтам. Дар дилам гуфтам: чӣ гуна бону бошад, оё кумак мекарда бошад? Банди чунин суолҳо вориди утоқи нишондодаи сармуҳаррир гардидам. Бону Аслия бо дидани ман аз ҷояш бархост ва бо табассуми зебо ва бисёр оромонаву ботамкин маро: - Биё духтарам гуфта, даъват карданд. Он рӯз аз хотирам ҳеҷ дур намешавад, чӣ гуна вақт гузаштанро пайхас накардам.
Апаи Аслия, воқеан, инсони самимӣ ва дилсӯз буд, инро то ҳанӯз ҳамкорон дар ҳафтанома таъкид мекунанд ва ба некиву ҳасрат аз эшон ёд мекунанд. Ҳини суҳбат бо ӯ ман дарёфтам, ки ҳамсари Муҳаббатшо Рӯзадоров будааст. Ин бори дуввум буд, ки банда ба ин ном дучор гардидам, ки бо муҳаббат ва эҳтироми хосса ёд мешуд.
Бори сеюм устод Муҳаббатшо Рӯзадоровро замоне, ки аллакай дар бораи ӯ маълумот доштаму эҳтиромам нисбаташон ғоибона афзун буд, дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрдам. Ин дар ҳоле буд, ки бо ҳамсабақи даврони таҳсилам дар аспирантура, ки якҷо нишаста наҳорӣ мекардем ва ӯ ногоҳ: - Воҳ, устод Муҳаббатшоҳ,-гуфта, аз ҷояш хест. Банда, ки ин ном аллакай бароям шинос буд ва интизор будам, рӯзе аз наздик бо устод шинос мешавам, низ зуд аз ҷоям хеста, ба наздашон рафтам. Устод аз мо чунон самимона ва хоксорона аҳволпурсӣ карданд, ки гӯиё солҳост бо мо шинос бошад. Пас аз чанд дақиқаи суҳбат таъкид карданд: -Шумо ҳоло ҷавон ҳастед, кӯшиш кунед бештар омӯзед, дар илми тоҷик саҳм гузоред, аммо ҳеҷ вақт ва дар ягон ҳолате ба касбу ҷодаи интихобкардаатон хиёнат накунед, ба ҳар куҷое, ки рафтед ва дар ҳар куҷое ки набошед, фарзанди Тоҷикистон бошед! Ман акнун ба муҳтавои гуфтаҳои устод Муҳаббатшо сарфаҳм рафтам: “фарзанди Тоҷикистон бошед!”
Аз ҳамон рӯз ва баъд дар назарам симои миллатдӯстии устод, рафтору гуфтори накӯ, муносибати масъулиятнок нисбат ба кору фаъолият, оила ва ёру дӯстон ва умуман, ҷомеа дар радифи омӯзишу таҳқиқи фаъолияти касбиашон аҳаммияти махсус дар самти мондагор намудани зиндагии як инсони комил мебошад.
Илова бар ин, Муҳаббатшо Рӯзадоров шахсияти маъруфи илмӣ ва сиёсии Тоҷикистон буданд ки дар тӯли чандин соли фаъолияташон дар арсаи илм, маориф, сиёсати давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва босамар гузоштаанд.
Ҳангоме ки мо бо ҳолнома ва фаъолияти пурсамари арбоби сиёсию ҷамъиятӣ, устоди зиндаёд Муҳаббатшо Рӯзадоров шинос мешавем, баръало мебинем, ки андеша, рафтор ва амалашон аз доираи фардӣ гузашта, бо фаъолияти ҷамъиятӣ тавъам гашта буд. Ба маънои дигар, дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ ва дониши андӯхта устод Муҳаббатшо Рӯзадоров ба дарки шинохти масъулияти иҷтимоӣ ва рисолати таърихии худ расида, бо эҳсоси амиқи ҳувияти инсонии хеш ва идроки нақшу ҷойгоҳашон дар тақдири миллату ҷомеа ҳаёташонро барои ҳалли мушкилоти мардум, таҳкими сулҳу субот, омӯзиши самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва таълиму тарбияи кадрҳои ҳамқадами замон бахшидаанд.
Муҳаббатшо Рӯзадоров дар соҳаи илм ва таълим фаъолияти зиёди чашмрасе анҷом додаанд. Дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар ба донишҷӯён аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, мантиқ ва фарҳангшиносӣ дарс медоданд. Аз соли 1992 то соли 1997 дар вазифаҳои устоди кафедраи илмҳои ҷомеашиносӣ, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолият намудаанд. Доираи таҳқиқоти илмии олим хеле васеъ буда, оид ба масъалаҳои милливу этникӣ, ҷавонон, лидери сиёсӣ ва мақоми ӯ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, самтгирии маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шароити нави иҷтимоӣ, мушкилоти ташаккули шахсият дар шароити нави иҷтимоӣ, демократия ва давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули шуури миллӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ мақолаҳои илмии сершумор дар китобу маҷаллаҳо ба табъ расонидаанд.
Муҳаббатшо Рӯзадоров дар соҳаи сиёсати давлатӣ ва ҷомеашиносӣ низ фаъолиятҳои зиёде анҷом додаанд. Устод аз моҳи декабри соли 1997 то соли 1999 тариқи озмун ба сифати барномарези “Барномаи Инсоншиносии Оғохон барои Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Душанбе фаъолият карда, дар таълифи китоби шашҷилдаи дарсии “Барномаи Инсоншиносӣ барои Осиёи Марказӣ” иштироки фаъол доштанд ва яке аз муаллифони он ба шумор мераванд.
Муҳаббатшо Рӯзадоров моҳи декабри соли 2006 муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, то моҳи январи соли 2009 дар ин вазифа фаъолият мекарданд.
Чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гавҳаршинос ҳастанд, дар ҳамон замон устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоровро ба пойтахт даъват карданд. Мавсуф моҳи январи соли 2009 ба вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир таъин гаштанд. Аз моҳи январи соли 2014 то баъд, дар вазифаи мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият доштанд. Дар атрофи кору пайкори номбурда хотираҳои неку пурифтихори зиёде ҳастанд. Масалан, профессор Назрӣ Офаридаев дар бораи Муҳаббатшо Рӯзадоров чунин ибрози андеша намудааст: “Таҷриба ва донишу ҷаҳонбинии ӯро ба назар гирифта, соли 2015 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ванҷ, рақами 40 пешниҳод намуданд. Ба ин ҳавза қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва қисми зиёди ноҳияи Шуғнон дохил мешуд.
Маъракаи интихоботӣ дар моҳи феврал ба мавсими боришот рост омада буд. Банда ба сифати шахси боэътимоди вакили оянда дар аксари чорабиниҳои пешазинтихоботӣ ҳамроҳи Муҳаббатшо Рӯзадоров ширкат доштам. Дар маркази ноҳияи Ванҷ ва дар Ҷамоати деҳоти Язғуломи ҳамин ноҳия бо интихобкунандагон мулоқот намудем. Суҳбати ҳофизи мардумии диёри Язғулом С. Доштов басо хотирмон буд. Мавсуф зимни суханронӣ, бахусус қайд намуд, ки номзад ба вакилиро мардуми ин водӣ дӯст медоранд ва чун фарзанди худ эҳтиром мекунанд. Дар ин вохӯрӣ Раиси вақти ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова ва роҳбарони сохторҳои ноҳия иштирок карданд. Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров доимо ба мо таъкид мекарданд, ки “дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ маро таърифу тавсиф накарда, бештар дар бораи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намоем”.
Бояд зикр намуд, ки Муҳаббатшо Рӯзадоров бо мукофоти давлатӣ, аз ҷумла медали ҷашнии “20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали ҷашнии “40-солагии Созмони бонуфузи байналмилалии Интерэлектро”, медали ҷашнии “25-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ифтихорномаҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардидаанд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм, чорум ва панҷум Акрамшо Фелалиев ҳузури Муҳаббатшоҳ Рӯзадоровро дар ҷодаи сиёсат муносиб дониста аст: - “Муҳаббатшо Рӯзадоров дар сиёсат одами тасодуфӣ набуданд. Вақте ки 26-уми декабри соли 2009 Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, дар кори он бунёдгузор ва Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав якдилона Раиси ҳизб интихоб шуданд ва Муҳаббатшо Рӯзадоров дар қатори дигар музокирачиён суханронӣ карда, забони гуфтор ва мазмуни баланди баромади ӯро Пешвои миллат дар ин Анҷуман махсус қайд карданд. Пас аз суханронии Муҳаббатшо Рӯзадоров дар Анҷумани ҳизбӣ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониши баланди сиёсӣ, таҷриба ва кордонии ӯро ба инобат гирифта, ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барои иҷрои вазифаи хеле масъулиятнок ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷода ҳам Муҳаббатшо Рӯзадоров аз худ касбият ва дониши баланди сиёсӣ нишон дода, дар самти масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа корҳои назаррасеро ба сомон расониданд”.
Устод Муҳаббатшо Рӯзадоров чун вакили мардумӣ, сиёсатмадори барҷаста ва давлатмарди жарфандеш дар дил нақшаҳои зиёде доштанд. Аммо, афсӯс умр вафо накард ва ӯ дар замоне, ки ба амалӣ намудани орзуҳои зиёдаш наздик буд, ин дунёро падруд гуфтанд.
Тазаккур бояд дод, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти ҳидоятҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва поси хотири чунин шахсиятҳои шинохта ва хизматнишондодаву ватандӯст муассисаҳои илмиву фарҳангии кишварро ба номашон мегузоранд.
Маҳз барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва пешбурди ҷомеа хизматҳои устоди зиндаёд Муҳаббатшо Рӯзадоровро ба назар гирифта, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Рӯшонро ба номи ӯ гузоштанд.
Номгузорӣ шудани ин боргоҳи маориф баҳри хотираи неки ин марди шариф рамзи мантиқӣ дорад, чун устод худ парвардаи ин маърифатгоҳ ва яке аз ташаббускорони бунёди бинои нави он ба шумор мераванд.
Гулҳаё МАДМИРОВА,
“Минбари халқ”