Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРИРО РИОЯ КУНЕМ!

ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРИРО РИОЯ КУНЕМ!

4-12-2025, 12:06
Хабарро хонданд: 44 нафар
Назарҳо: 0
                      ФАРҲАНГИ НОМГУЗОРИРО РИОЯ КУНЕМ!
Ном калимае, ки на танҳо барои муайян кардани шахс ва чизе гузошта мешавад, балки дар одамон бештар вақт ном асли сулолаи авлоду насаб, намояндагӣ аз кадом миллат, мансубият ба дин ва ҳатто фарҳангу чанд хусусияти хосро низ таҷассум мекунад.
Аз каломи раббонӣ ва ҳидояти гузаштагони баркамоли тоҷик бармеояд, ки яке аз вазифаҳои волидайн дар зиндагӣ ба фарзанд гузоштани номи накую муносиб мебошад. Мегӯянд, аз паси ном дар Арши аъло тақдир, бахту иқбол ва ояндаи тифл таҳрезӣ мешавад. Ба ҳамин маънӣ Унсурулмаолии Кайковус дар китоби оламшумули худ “Қобуснома” дар қисмати “Андар фарзанд парвардан ва оини он” (саҳ. 92, Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, с. 2007) овардааст: “Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст…”.
Се моҳ қабл ҳайати корӣ, ки банда низ узви он будам, дохили бинои як муассисаи моҳиятан муҳим шудем (ба хотири риояи этикаи рӯзноманигорӣ ва мансубиятам ба ин маҳал аз баён кардани номи шахс ва муассиса худдорӣ кардам). Баъд аз ҳаққи салому алайк ва ҳадаф аз ташрифи ҳайат сардор кормандонашро аз рӯйи ному насаб ва вазифаи корӣ як-як муаррифӣ кард, ки бо шунидани номи Чингизхон авзоям дигар шуд. Ба худ гуфтам, наход дар фаҳмамон намеғунҷад, ки ин деви одамхор ба сари миллатамон чӣ бадбахтиҳоро овард? Хуни мардум резонду вақти пирӯзиаш дар косахонаи саркардагони миллат шароб нӯшид ва лашкари бенангу номусаш чӣ корҳои нораворо дар ҳаққи мардумамон раво донистанд...
Тибқи тақозои тахассуси касбӣ аз пайи тадқиқи ин ном шудам. Авлодони барандаи ин ном аз мардуми бумӣ буда, бо меҳнати ҳалолу хиради комил дар байни ҳамдиёрон мақоми хосса доранд. Амаки аршадии Чингизхон дар вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1943-1945) ба ду ҳамяроқаш - Чингизхону Сергей дилбастагии сахт пайдо карда, зинда монданаш дар ҷанг аз ҷонфидоии рафиқонаш будааст. Пас аз баргаштан аз майдони набард ба ҳадафи поси хотири исми ҳамяроқони шаҳидаш ба фарзандаш Сергей ва ба фарзанди додараш Чингизхон ном гузоштааст.
Аз қадим дар халқамон ба ҳукми анъана даромада буд, ки барои поси хотири гузаштагон номи онҳоро ба фарзандони баъдии оила ё авлод мегузоштанд. Ҳастанд авлодҳо, ки сулолаи худро бо як ё ду ифода ва ё ҷузъи калима дар ном Давлатқул, Ҳазратқул, Маҳмадқул, Азизхон, Давлатхон, Мародхон, Саидхоҷа, Саидризо, Саидгул, Довудшоҳ, Алимададшоҳ, Акбаршоҳ, Абдуҳамид, Абдалӣ, Абдулвоҳид, Муборакқадам, Хушқадам, Давлатқадам… солҳо пос медоранд.
Ба фикрам, номҳои Сергей ва Чингизхон дар ин авлод минбаъд батакрор омадан мегиранд.
Мардум барои изҳори муҳаббати худ нисбат ба мардони шуҷоъ, сарсупурдагони миллат, одамони ғамхору мӯнис ҷойю маконҳоро ба номашон номгузорӣ мекунанд, ки басо амали нек аст. Дар мисоли сокинони маҳаллаи офатзадаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки маҳали нав дар фосилаи вақти кӯтоҳ бунёд шуду аҳолӣ ба он ҷо кӯчонда, бо талаби сокинони шаҳрак номи онро “Раҳмонобод” монданд.
Ба фикрам, вақти он расидааст, ки дар оянда аз гузоштани номҳои Аҳриману Заҳҳок, Чингизхону Ҳикматёр ва умуман, нафароне, ки ба миллати тоҷик дар таърих зулму ҷабр ва ё хиёнат раво дидаанд, худдорӣ намоем. Ба фарзандон ва хиёбону маҳалҳо номҳои арзандаи хоси забону фарҳанги миллӣ гузорем.
Боиси ифтихор аст, ки баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ боло гирифта, дар масъалаи интихоби ном ба фарзанд корҳои некро анҷом дода истодаанд.
Дар ҳамсоягиам ба ифтихори хизматҳои беназири Сарвари кишвар Амаки Қиматшоҳ набераашро Эмомалӣ ва омӯзгорон Лоҳутиву Садбарг ба муносибати саҳмгузории мардум дар сохтмони азимтарин Неругоҳи барқии обии “Роғун” духтарчаашро Саҳмия ном монданд. Дар оилаи Назировҳо номҳои таърихии Исмоилу Сомон ва дар авлоди Қозиараб номи шахсиятҳои машҳур - Доробу Рустам, Қубоду Суҳроб, Таҳминаю Манижа аст.
Шаҳрвандони кишвар иқдоми навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хуш пазируфта, баҳри эҳёи суннатҳои волои мардумӣ гомҳои устувор гузошта истодаанд.
Суннати номгузорӣ ҳам ба ин қонуни моҳиятан саривақтӣ мансубияти ногусастанӣ дорад.
Ҷонибеки АБДУАЛӢ,
хабарнигори “Минбари халқ”





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: