Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МАНЗАРИ ВАТАН

21-06-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
МАНЗАРИ ВАТАН

Дар баланди чанори дерина
Решааш то ҳанӯз маҳкам аст.
Бод бо баргакаш кунад бозӣ,
Гӯйи дар пештоқ, парчам аст.

Дар таги чашмасор чун алмос
Медурахшад ситора шабҳангом.
Мох, дар қаъри ҳавзи тираранг
Мехазад мисли сангпушт ором.

Қуллаҳо зери чодари шабранг
Гӯйи аслиҳаи зиреҳпушанд,
Пуштаҳо ҳамчу марзбононе
Дар раҳи саҳм дидаву гӯшанд.

Садае пурвиқор дар мӯяш
Шонаи бод раҳ намеёбад.
Шохае рӯи бистари сангин
Бар кафаш такя дода мехобад.

Куҳ аз пушти куҳ саф баста,
Дафтари шеъри нобро монад,
То насозад ба дил варақгардон
Мазмунашро касе намедонад…

Ох бар дарки ин чаҳони ҳусн
Кас набояд ба мояаш афзуд,
Балки дидаву гӯши дарё дошт,
Ё дар ин хок зода бояд шуд.

Ҳамроҳи Авлиёпур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: