
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар” ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми вазири иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат ва фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури роҳнамо барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳимми рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хосса доранд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Гуфта шуд, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди ҳамаи сокинони кишвар вазифаҳои муҳимму сарнавиштсоз қарор доранд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки моро зарур аст бо масъулияти баланд ва меҳнати содиқона барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт талош варзем.
ҲАМОИШИ ФРАКСИЯИ ҲХДТ ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Дар толори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовинони раиси Маҷлиси намояндагон, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қонунгузор" дар Маҷлиси намояндагон ҳузур доштанд.
Чорабиниро раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба ифтихори 31- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик гуфт.
Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки ҷойгоҳи ҲХДТ дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон баланд аст.
Дар идома муовини раиси Фраксия Дилноза Аҳмадзода, узви Фраксия Комилҷон Шамшерзода, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қонунгузор" Занҷирамо Нуруллозода дар бораи фаъолияти бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демокрактии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳояшонро баён карданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни сухани шодбошӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Маликшо Неъматзода дар идомаи ҳамоиш дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арсаи сиёсии ҷумҳурӣ фаъолияти босамар дошта, марому ҳадафи асосии он фароҳам овардани фазои амну ором, заминаи устувор гузоштан ба рушду тараққиёти Ватан ва таъмини саодати мардум мебошад, андешаҳои хешро баён дошт.
Мавсуф саҳми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди давлатсозӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзишманд ва таърихӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои Фраксия дар ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизбӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ҳамеша зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон фаъол бошанд.
Дар фарҷом барои саҳми босазо дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо медали ҷашнӣ ва сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистьон қадрдонӣ гардиданд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис вобаста ба фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар семоҳаи охири соли 2025 гузориши раиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шаҳноз Шавкат шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, инчунин, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда дорад.
Инчунин, дар идомаи маҷлис нақшаи корӣ барои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ гардид.
Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома баррасӣ шуда, тибқи муқаррарот муовин ва котиби Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинобар сабаби иваз намудани макони фаъолият бозхонд гардида, Меҳрангез Ғоибзода муовин ва Лайло Шарифова котиби Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи исмоили Сомонӣ интихоб гардиданд.
Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба нақши Комиссияи кор бо занон ва оила ва ҷалби аъзои фаъоли ҷомеи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ба ин васила пешгирии пошхӯрии оилаҳо ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки кулли муносибатҳо ҳар лаҳза номуайяниҳои нав ба навро пайдо менамояд, истифода аз воситаҳои ахбори омма, нашрияҳои ҳизбӣ, ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбиён мансуб ёфта, густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии занон дар маркази таваҷҷуҳи комиссияҳои кор бо занон ва оилаи назди кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб қарор дорад.
Ҳамзамон, вобаста ба таҳким бахшидани фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи арзишҳои милливу давлатӣ миёни занону бонувони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе андешаронӣ сурат гирифт.
Дар охир роҳбарият ва аъзои Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуда, аз тамошои он таассуроти нек бардоштанд.
Таҳияи А. ҶӮРАЕВ