Озмуни иншои беҳтарин14-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 16189 нафар
Назарҳо: 2
Ба муносибати 25 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибикори муштараки бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Истиқлолият» баргузор гардид. Озмун дар бинои китиобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат ҷамъбаст гардид. Нахуст раиси кумиҷроия Дилшод Зокиров чорабиниро ифтитоҳ карда, иттилоъ дод, ки озмуни мазбур бо мақсади ташаккул додани худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон эълон гардида, дар он аз тамоми макотиби ноҳия хонандагон иштирок карданд. Дар маҷмуъ аз байни 35 иншои пешниҳодшуда 4 иншо беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Тибқи протоколи комиссияи санҷиш Машҳурахони Сабурҷон-хонандаи МТМУ №27 сазовори ҷойи аввал, Ғиёсова Гулмеҳр-хонандаи МТМУ №29 сазовори ҷойи дуюм, Сабуров Идибой –хонандаи МТМУ №16 ва Фархундаи Ғоиб-хонандаи МТМУ №4 ҳар ду ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Саидҷаъфар Азизов мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ дар бораи муқаддасоти миллӣ ҳафр зада, таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин ва бузургтарин неъмати истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мудири бахши кор бо занони кумиҷроия Мавлудахон Баҳриддинзода низ ғолибонро табрик карда, аз онҳо даъват кард, ки ҳамеша ба қадри арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ махсусан истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расида, ҷиҳати устувории ин аркон талош варзанд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Диплом ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, бахши ҷавонон, вразиш ва сайёҳии ноҳия ва бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» супурда шуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.