
Имрӯзҳо дар фазои тантанавӣ ба истиқболи 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мо бо ифтихору эҳтиром аз роҳи пуршарафи ин ҳизби мардумӣ ва созандаи сиёсӣ ёдовар мешавем ва саҳми босуботи онро дар таъмини истиқлолу суботи миллӣ ва рушду тараққии ҷомеа арзёбӣ мекунем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони соҳибистиқлолӣ маҳз дар шароити душвори таърихӣ бо талош ва ҷасорати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.
Аз рӯзи нахустини фаъолияташ ин ҳизб ба ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳид сохтани мардум ва пешбурди ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ равона гардидааст.
Дар тӯли 31 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон натанҳо ба як ҳизби пешбарандаи ҷомеа, балки ба мактаби сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки тамоми иқдомҳои он ба манфиати халқ ва рушди давлат равона гардидааст.
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ташаббускори лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, ҳомии қишрҳои ниёзманд, пуштибони рушди устувори кишвар ва роҳнамои мардум дар масири худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин қалби мардуми одӣ, неруи иттиҳод, мактаби ватандӯстӣ ва манбаи созандагист.
Мо, фаъолон, аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихор зери парчами ин ҳизби бонуфуз ва таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” фаъолият намуда, масъулияти ватандӯстӣ ва давлатсозиро бо эҳсоси баланду садоқати комил иҷро менамоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити душвори пасоҷангӣ замоне, ки кишвар ниёз ба субот, сулҳ ва иттиҳоди миллӣ дошт, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.
Аз ҳамон лаҳза то имрӯз ҳизб ба унвони як неруи тавонои сиёсии кишвар масъулияти бузурги маънавии ҷомеаро бар дӯш дошта, дар ҳар марҳалаи таърихӣ нақши фаъолона мебозад.
Бо барномаи мукаммали худ, сиёсати мардуммеҳвар ва роҳнамои ояндабинона Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист тамоми қишрҳои ҷомеаро муттаҳид созад, арзишҳои сулҳу ваҳдатро пойдор намояд ва Тоҷикистонро ба сӯйи рушди устувор раҳнамоӣ кунад.
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар қалби мардум ҷойгоҳи хосса ва эҳтироми баландро касб намудааст.
Ин ҳизби мардумӣ дар тӯли 31 соли фаъолияти худ ҳамчун неруи сиёсие муаррифӣ шудааст, ки бо ташаббусҳои созандаву ояндасоз дар пешрафти ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз дар сафи пеши ҳамаи равандҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошта, бо барномаҳои амиқи ватандӯстона ва ҷомеасоз тавонист ҷомеаро ба сӯйи ваҳдат, субот ва рушду нумуъ роҳнамоӣ кунад.
Бо ташаббус ва дастгирии аъзои ҳизб дар саросари кишвар садҳо иншооти муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, боғу гулгаштҳо, роҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид.
Ин ҳама дастовардҳо самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи аъзои он мебошад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як мактаби воқеии давлатдорӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии шаҳрвандон табдил ёфтааст.
Ҳизбе, ки ҳадафҳои асосии он рушди устувори иқтисодӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, дастгирии ҷавонону занон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пояҳои давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Ҳизби мо ҳизби ваҳдат, ҳизби мардумӣ, ҳизби сулҳу субот ва ҳизби ояндасоз аст!
Зебо ИКРОМЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи “Ҳамрози халқ”