Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШОҲАНГИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШОҲАНГИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОН

16-11-2024, 09:47
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи арзишҳои миллӣ-маънавӣ хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрўву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон 16-уми ноябр ҳамчун “Рўзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Дар бораи саҳми Президенти кишвар дар барқарорсозии сулҳ, таъмини амният, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон суҳбате доштем бо директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода:ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШОҲАНГИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОН

- Лутфан, андаке аз таърихи таҷлили “Рўзи Президент” мегуфтед ва аз назари Шумо, ин ҷашн ба ҳувияти миллӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишу ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрўз ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тўли асрҳо мебошад. Агарчанде ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рўзи Президент” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.
Муайян гардидани 16-уми ноябр ҳамчун “Рўзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рўзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатдорӣ оѓоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд. “Рўзи Президент” шояд ба як маънои сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳимтарин ҷашни давлатӣ дар Тоҷикистон бошад.

- Дастовардҳои асосии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ кадомҳоянд ва барои кишвар кадоме аз онҳо муҳимтаринанд?
- Дар тўли 32 соли роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон як қатор дастовардҳои муҳимро соҳиб гашт, ки дар таърихи кишвар ҷойгоҳи махсуси худро доранд. Роҳбарии Сарвари давлат, ки дар замони авҷи ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз ёфт, ба ташаккулёбӣ ва таҳкими давлати мустақил, суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин, рушд ва шукуфоии кишвар боис шуд. Аз ин рў, муваффақиятҳои муҳим ва рушд дар соҳаҳои гуногун таҳти раҳбарии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври кофӣ маълуманд. Ба назари ман, муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз чунин ҷанбаҳо вобастаанд:

ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Яке аз дастовардҳои асосӣ таҳти роҳбарии Президент ин таъмини истиқлолияти Тоҷикистон ва барқарор кардани сохтори давлатдории миллӣ мебошад. Пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва оѓози ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), Тоҷикистон муваффақ ба он гашт, ки соҳиби як давлати мустақил бо марзҳои муайян, сиёсати хориҷии мустақил ва сохтори институтсионалии пойдор шавад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавӣ шомил шуд, ки барои эътирофи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард.

СУЛҲ ВА СУБОТ
Муҳимтарин дастоварди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки тавонистанд баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) дар мамлакат хотима бахшад. Ин Созишнома на танҳо дар барқарор гардидани амну субоот ва оромии кишвар мусоидат кард, балки барои рушди Тоҷикистон як пойдевори сиёсиро гузошт. Таҳти роҳбарии Президент Консепсияи "ваҳдати миллӣ" ҳамчун ягонагии мардуми Тоҷикистон дар муқобили хатари ҷанги дохилӣ ва таҳдидҳои экстремизми миллӣ муаррифӣ шуд.

РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА БУНЁДИ ИНФРАСОХТОР
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва бўҳрони иқтисодӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон бо расидани ҳадафҳои барқароркунӣ ва рушди устувор пайваста боло рафт. Дар солҳои баъдӣ рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва энергетика бо дастгирии сиёсати оқилона ва сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Бунёди инфрасохтор ва таваҷҷуҳи хос ба рушди энергетика (амсоли бунёди Неругоҳи барқи обии “Роѓун” ва дигар манбаъҳои энергия) ва роҳҳои нақлиётӣ (чун роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои муҳимми байналмилалӣ) барои рушди иқтисоди кишвар ва пешбурди воридоти мол дар он замон аҳаммияти муҳим пайдо кард.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкимёбии муносибатҳои байнидавлатӣ, бахусус, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва дигар кишварҳо мусоидат кард. Сарвари давлати Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ШОС ва дигар созмонҳо кўшиш кардааст. Дар шароити таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш кард, ки сиёсатҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият диҳад.

- Ба андешаи Шумо ҳамчун коршинос ва роҳбари Институте, ки бештар муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ ва таъриху фарҳанги кишварҳои гуногуни ҷаҳонро меомўзад, кадом ҷанбаҳои роҳбарии Президент ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат карданд?
- Таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як раванди дарозмуддат ва чандҷабҳа мебошад, ки ба чанд унсур пайваст аст. Ба унвони коршинос дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ ва таҳқиқоти таърихию фарҳангӣ, ман ба чунин хулоса омадам, ки стратегияи роҳбарӣ ва тасмимоти Президент оид ба сиёсати хориҷӣ дар солҳои сарварии ў ба таври муассир ба боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъсир расонид. Президенти кишвар аз рўзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо такя ба хиради волои хеш ва равиши сиёсати “дарҳои боз” бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дўстона, ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид. Ин нуфуз асосан дар чаҳор ҷанба бамаврид ва назаррас мусоидат кардааст:
1. Сиёсати дуруст ва таъмини манфиатҳо дар муносибатҳои хориҷӣ
Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии тавозунеро пайгирӣ кардааст, ки ба ҳадафи таъмини манфиатҳои миллӣ ва иқтисодии кишвар дар як муҳити глобалии мураккаб ва тезутунд хидмат мекунад. Пешвои миллат тавонистанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро ҳам бо кишварҳои бузурги ҷаҳонӣ ва ҳам бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам созанд, ки дар натиҷа нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Роҳбари давлат тавонистанд ки манфиатҳои стратегии Тоҷикистонро дар тамоми сатҳҳои байналмилалӣ ҳимоя намоянд ва дар як вақт бо муҳофизат кардани истиқлоли кишвар, имкониятҳои нави ҳамкориҳоро барои рушди иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оранд.
2. Мақом ва нақши Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар дар рушди нақши байналмилалии худ дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ хеле фаъол аст. Қисматҳои стратегӣ, ки Тоҷикистон дар онҳо иштирок кард, натанҳо ба тақвият бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба кумак расонид, балки ба сиёсати амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат карданд. Тоҷикистон бо пайвастан ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳо ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи худ ҳамеша кушиш кард. Масалан, кишвар тайи чанд сол аст, ки бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид мушкилоти об ва таѓйирёбии иқлимро ба ҷаҳониён ёдоварӣ мекунад, ки як иқдоми муҳим дар ҳифзи манфиатҳои экологии кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон ба як сабқати муассир дар иншоотҳои энергетикӣ (амсоли НОБ-и “Роѓун”) ва дар лоиҳаҳои ҷорӣ дар минтақавӣ, аз ҷумла роҳҳои нақлиётӣ ва инфрасохторӣ ширкат мекунад, ки боиси афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон шудааст.
3. Сиёсати амният ва мубориза бо терроризм ва экстремизм
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини роҳбариашон як муддат стратегии амниятии мустаҳкамро ҷорӣ кард, ки он бо масъалаҳои глобалии амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм робита дошт. Тоҷикистон дар мубориза бо гурўҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористӣ, махсусан дар Осиёи Марказӣ ва бо ҳамсоякишвари Афѓонистон нақши фаъол гузошт. Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамкориҳои амиқро бо созмонҳои амниятии байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва инчунин, кишварҳои ѓарбиро барои мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти минтақавӣ рушди мустақил бахшид.
4. Сиёсати иқтисодӣ ва ҷаҳонишавӣ
Тоҷикистон батадриҷ ба фароҳам овардани имконоту шароит ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва манфиатҳои стратегӣ барои таҳкими нуфузи иқтисодӣ дар ҷаҳон оѓоз намуд. Дар робита ба кўшишҳои дипломатии Президент, дар тўли солҳои зиёд ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф тавсеа пайдо намуд. Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ қарор дорад, бо таҳия ва муҳайё кардани роҳҳои транзитии нав барои интиқолу молу колои байналмилалӣ ва рафтуомад бо кишварҳои ҳамсоя ба як ҳалқаи муҳим ва стратегӣ табдил ёфтааст. Таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун як долони транзитии минтақа ва бозорҳои байналмилалӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва стратегиро дар миқёси ҷаҳонӣ пеш барад.
5. Пешбурди дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарӣ
Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як тарҳрези сиёсати фарҳангии кишвар дар самти муаррифии фарҳанги тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд. Давлат ҳамкориҳои гуногуни фарҳангиро бо дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар бахшҳои санъат, адабиёт, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва омўзиши таъриху фарҳанги кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Эътибори байналмилалии Тоҷикистон дар асоси чунин дипломатияи фарҳангӣ, ки асосан тавассути ҳамоишҳо, конфронсҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад, мустаҳкам шудааст. Аз ин лиҳоз, бо итминони комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат сутуни хеле устувор дар барқарор кардани муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ҳастанд.

- Нақши ҷомеаи илмӣ дар дастгирии роҳи муқаррарнамудаи Сарвари давлат чӣ гуна аст ва он дар рушди илму маориф дар кишвар чӣ тавр мусоидат мекунад?
- Нақши ҷомеаи илмӣ дар дастгирии сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва таъсири он дар раванди рушди илму маориф дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҷомеаи илмӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши асосӣ дорад, зеро илму маориф ҳуҷҷатгузори пешрафт ва устувории Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таҳқиқот ва фаъолияти илмию маърифатӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва барои рушд ва нокифояи кори илмии кишвар шароити заруриро фароҳаи меоранд.
Сарвари давлат пайваста ҷомеаи илмиро барои таҳияи стратегия ва барномаҳое, ки барои рушди иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар муҳим мебошанд, ҷалб мекунад. Масалан, дар пайи иҷрои “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" ва дигар барномаҳои давлатӣ муҳимтарин ѓояҳои илмӣ ва ба амал баровардани онҳо аз ҷониби олимон таҳия ва дастгирӣ мешаванд. Ҷомеаи илмӣ дар пешбурди илму маорифи кишвар нақши муҳим мебозад. Бунёди муассисаҳои таълимии муосир, навовариҳо дар соҳаи омўзиш, инчунин, рушди таълимоти касбӣ ва илмҳои татбиқӣ (табиатшиносӣ, энергетика, технология) ҳама бо саъю кўшишҳои ҷомеаи илмии кишвар сурат мегиранд.
Дар ду даҳсолаи охир давлат ба рушди таҳсилоти олӣ ва ташкили марказҳои таълимӣ ва илмии пешрафта таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Президенти кишвар ба таъсисёбиии марказҳои мустақили илмӣ ва таҳқиқотӣ кумак мекунад, ки олимон ва муҳаққиқон дар онҳо метавонанд бо истифода аз шароити моддӣ ва техникӣ корҳои илмии арзишманд ба роҳ монда, барои рушди технологиҳои нав ва илмҳои табиатшиносӣ саҳм гузоранд. Бинобар ин, бояд гуфт, ки ҷомеаи илмӣ дар Тоҷикистон натанҳо ҳамчун як ҷузъи муҳимми рушд ва омўзиш, балки ҳамчун кумакрасон дар иҷрои сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва таъмин кардани муваффақиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ амал мекунад.

- Аз назари Шумо, саҳми Президенти кишвар дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
- Саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ дар кишвар як ҷузъи муҳим ва муассир дар рушди муосир ва ҷаҳонишавии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат бо шеваи махсус ва назари стратегӣ ба масъалаи фарҳанг, ки барои рушди ҳувияти миллӣ ва обрўи кишвар дар миқёси байналмилалӣ муҳим аст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардааст. Таъсири Роҳбари давлат дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ чандин ҷанбаҳои муҳимро дарбар мегирад:
1. Таъсиси сиёсати фарҳангии давлат
Президент ҳамеша ба аҳаммияти фарҳанг ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва сиёсати давлатӣ оид ба фарҳангро ба як ҷузъи стратегии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди иқтисодӣ табдил додааст. Роҳбари давлат доимо таъкид мекунанд, ки фарҳанг на танҳо як ҷузъи ҳувияти миллӣ, балки як воситаи муҳим барои рушду ислоҳоти ҷомеа мебошад. Пешвои миллат дар сиёсати давлатӣ, ки рушд ва ҳифзи фарҳангро дарбар мегирад, нақши калидӣ доранд ва он асосан бо ҳимояи мероси фарҳангӣ ва тақвияти дипломатияи фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ алоқаманд аст.
2. Ҳифзи мероси фарҳангӣ
Мероси фарҳангӣ барои Тоҷикистон, ки таърихи бостонӣ ва фарҳанги оламшумул дорад, дороии босамар ва нотакрор аст. Солҳои 2018-2020 бо ташаббуси Президенти кишвар ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардид. Ин иқдом ҳамчун як қисми ташаббусҳои сиёсӣ, ки барои ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва эҳёи санъат, меъморӣ, мусиқӣ ва урфу одатҳои миллӣ нигаронида шуда буд, мавриди истиқбол қарор гирифт. Бунёди муассисаҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо дар кишвар, амсоли Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Галереяҳои санъати миллӣ, Мероси бостонии Панҷакент ва дигар маконҳои таърихию фарҳангӣ арои ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Тоҷикистон, ки кишвари дорои таърихи қадима аст, ба ҷаҳонишавии мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Роҳбари давлат ба муаррифии осори фарҳангии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ, аз ҷумла, сабти ёдгориҳои таърихии кишвар дар феҳристи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки худро дареѓ намедорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки фарҳанг ёдгориҳои гузаштаро барои наслҳои оянда нигоҳ медорад ва ба таври эҷодкорона онро ба рушди ҷомеа татбиқ мекунад. Барномаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки ҷиҳати эътибори таърихи миллӣ ва якпорчагии ҷомеа равона шудаанд, мустақиман бо рушди устувори давлатдорӣ, амният ва инкишофи иқтисодӣ алоқаманд мебошанд.
Ҳамин тавр, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ дар кишвар баррасии ду ҷанба аст: аввал, ҳифзи мероси фарҳангии таърихӣ ва амалӣ кардани сиёсати фарҳангӣ дар дохили кишвар ва дуюм, истифодаи дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
Ташаббусҳои Президенти кишвар дар соҳаи фарҳанг натанҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ муҳим буданд, балки барои ташаккул ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ бо дигар кишварҳо аҳаммияти бештар доранд.

- Ояндаи Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат чӣ гуна мебинед ва барои шукуфоии минбаъдаи кишвар чӣ тадбирҳоро амалӣ кардан зарур аст?
- “Он чӣ ки айён аст, ҳоҷат ба баён нест”, гуфтаанд. Ояндаи Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшон ва хеле умедбахшанда аст. Роҳбарии хирадмандона ва сиёсати стратегие, ки татбиқи амалии худро пайдо карданд, Тоҷикистонро ба як кишвари амн, устувор ва рў ба иқтисоди пешрафта оварда табдил додааст. Барои шукуфоии минбаъдаи кишвар тадбирҳое амалӣ карда мешаванд, ки метавонанд дар рушди соҳаи маориф, таҳкими системаи энергетикӣ, беҳтар кардани инфрасохтор, инчунин, ҷалби сармоягузорӣ ва инноватсия дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ нақши муҳим дошта бошад. Тоҷикистон бояд барои рушд ва мукаммал кардани низоми таълимӣ, ки талаботҳои муосир ва имкониятҳои ояндаро дарбар мегирад, тадбирҳои муассир андешад. Инчунин, бо дарназардошти таѓйирёбии иқлим ва таҳдидҳои амниятӣ, Пешвои миллат ба сиёсати амниятии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Кишвари мо барои идома пайдо кардани рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бояд ба омўзишҳои муосир, захираҳои инсонӣ ва муаррифии фарҳанг ва таърих дар арсаи байналмилалӣ бештар такя намояд.
-Ташаккур барои суҳбат.
Суҳбаторо Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: