Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФАРИ САДОҚАТ. ХОТИРАҲО АЗ НАХУСТСАФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЛАХШ, БАҲОРИ СОЛИ 1994

САФАРИ САДОҚАТ. ХОТИРАҲО АЗ НАХУСТСАФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЛАХШ, БАҲОРИ СОЛИ 1994

30-09-2022, 14:47
Хабарро хонданд: 6269 нафар
Назарҳо: 1
САФАРИ САДОҚАТ. ХОТИРАҲО АЗ НАХУСТСАФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЛАХШ, БАҲОРИ СОЛИ 1994
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 1994 айёми даргириҳо ва ноамнӣ, бахусус дар минтақаи барояш сахт хавфнок, ба ноҳияи дурдасти Лахш (он замон Ҷиргатол) сафар доштанд. Ба гуфтаи шоҳидони воқеа, Сарвари давлат зимни ташриф аз чанд деҳаи ноҳия дидан карда, бо суҳбату дидори гарм дилбардори мардуми ғамзада шуданд.
- Ба мо аз маркази ҷумҳурӣ ҳар гуна овозаҳо зиёд меомаданд. На мавҷи дурусти радио буду на аз телевизион. Дар атрофи ояндаи давлат гапу овозаҳои бисёр шум мешунидем. Чӣ кор карданамонро намедонистем. Роҳбарият ва масъулони мақомоти маҳаллӣ эътиборе надоштанд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст касеро мехостанд азият медоданд ва ғорат мекарданд.
Дар ҳамин гуна вазъи муташанниҷ Роҳбари навинтихоби кишвар ба ноҳияи дурдасти Лахш ташриф оварданд. Ғайриинтизор субҳи солеҳон маро оҷилан ба маркази ноҳия даъват намуданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷо меоянд. Ин хабарро мисле дар хоб мешунидам. Ба худ суол медодам, ки чӣ гуна дар ҳамин вазъияти ноамн ба гӯшаи дури дар қабзаи силоҳбадастон қарордоштаи диёр сафар мекунанд. Ба марказ расидан замон як манзараи хушеро мушоҳида намудам. Ҳоло Роҳбари давлат нарасида, аллакай, дар чеҳраи мардуми интизор хурсандӣ эҳсос мешуд. Зеро халқ муштоқи як дидори гарму ҳарфи нек буд. Мехостанд бифаҳманд, ки акнун онҳоро кӣ бояд соҳибӣ кунаду ҷомеаро ба роҳи дуруст барад. Ниҳоят, чархбол дар фурудгоҳ нишаст ва Пешвои миллат бо табассуми малеҳ, чеҳраи кушод даст болои сина бурун омаданд. Бо дӯстдорӣ, суханони дилнавоз ва ғамхорона аз ҳоли мардуми Лахш пурсиданд, бо самимият, бародарвор. Ин дидори хуши Президенти мамлакат боис шуд, ки мардуми Лахш ба ояндаи нек эътимод пайдо намуд. Ба маънои дигар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои яъсу ноумедӣ чун офтобе дар самои тира дурахшиданд, - ба ёд меорад Нусратулло Ғафуров, собиқ муовини якуми раиси ноҳияи Лахш.
Дар ин сафари ғайримуқаррарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, маҷрои андешаҳои ба нокуҷо равонаро ба самти дуруст баргардонанд. Аз ташрифи нахустини Роҳбари давлат Иззатулло Сайдаминов, собиқадори ҷамъияти “Тоҷикматлубот”, ки ҳайати ҳукуматиро роҳнамоӣ мекард, хотираҳои некро ёдовар мешавад:
- Бештар ин гуфтаи Сарвари давлат моро таскин мебахшид: “Ками дигар тоқат кунем, ин ҳама мегузарад. Сулҳу салоҳ наздик аст”. Баъдан, аз вазъи кишоварзӣ пурсон шуданд. Азбаски моҳи май буд, кишти саривақтии зироатҳоро махсус таъкид доштанд. Аз ҳама даъват намуданд, ки нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд. Дар назди Сарвари давлат яке раиси вақти ноҳияро зиёд тавсиф кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ гуфтанд: "Мо наомадаем, ки одамонро ба неку бад ҷудо кунем. Ҳадафи мо маҳви нобаробарӣ ва пойдории адолату амонист”. Вақте ин суханон аз забони Пешвои миллат шунида мешуданд, ҳозирон якдилона онро тасдиқ менамуданд. Бо ҳамин хел ҳарфҳои нек Роҳбари давлат дар як дидор мардуми парешонро дар атрофи сиёсати сулҳпарваронаву созандаи худ ҷамъ оварданд.
Аслонбек Абдурраҳмон, раиси вақти ноҳия, бар ин аст, ки сафари нахустини Пешвои миллат дар вазъияти ноором гувоҳи садоқати бемисл ва устуворӣ дар роҳи сулҳу салоҳ буд.
- Вақте бори дуюм моҳи сентябри соли 2000-ум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Лахш ташриф оварданд, аз тамоми гӯшаю канори ноҳия хурду бузург бо ихлосмандӣ дар майдони вохӯрӣ ҷамъ омаданд, ки як маъракаи бузурги дидор бо Президент ташкил ёфт. Ин аз хотираи ширине, ки дар зеҳни сокинон зимни сафари нахустин нақш баста буд, бармеомад. Дар сафари дуюм, аллакай, Пешвои миллат баробари сулҳу дӯстӣ кулли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро якҷо бо аҳли ноҳия дар миён гузошта, ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳаҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Ба ҳамин минвол, аз сафар то сафари дигари Пешвои миллат ноҳияи Лахш ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳо ноил гардида, босуръат пеш меравад, - гуфт Аслонбек Абдурраҳмон.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Jonna 1 июля 2023 17:20
sdavidem what is avelox moxifloxacin hci
regulations bayer lawsuit avelox
eye damage
- moxifloxacin good rx side effects of avelox bajek avelox side
effects heart
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: