Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси умумии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе

Маҷлиси умумии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе

4-02-2022, 08:09
Хабарро хонданд: 9668 нафар
Назарҳо: 1
Маҷлиси умумии намояндагии Ташкилоти  ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе
Дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муҳтарам Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Аҳмадзода Оятулло Изатулло, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, роҳбарони бахшҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», васоити ахбори оммаи ҲХДТ ва фаъолони ташкилот ширкат намуданд.
Маҷлиси умумӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе Насим Ҳомидзода оғоз шуд.
Дар ҷаласа мутобиқи масъалаҳои ҳисоботи роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022, омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 миёни қишрҳои ҷавонон, тасдиқи нақшаи кории намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2022 ва дигар масъалҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки барои мо – ҷавонон ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси муаззами ЊХДТ, муњтарам Эмомалї Рањмон ва имкониятҳое, ки дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мо фароҳам оварданд, сол аз сол дар тарҳу шакли нав саҳм мегузорем.
Шумори аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе 10,320 нафар буда аз ин шумора 3 458 нафарашон ҷавондухтарон мебошад. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бањри дар амал татбиќ намудани ҳадафҳои Оинномавию барномавии ҲХДТ, қарорҳои Анҷумани 13 ҳизб, маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакатро барои солҳои 2020 - 2025 муқаррар намудааст, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба роҳ монда, дар ин муддат тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расонид.
Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аҳмадзода Оятулло Изатулло оид ба фаъолияти яксолаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ибрози назар карданд.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом ба як қатор аъзоёни намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагои Ватан” дар шаҳри Душанбе бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагои Ватан” супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Perry 28 февраля 2024 03:39
kedewasaan betamethasone calcipotriol gel for ears ?
forcesabah how
to apply calcipotriol scalp solution
- calcipotriol plus
5-fluorouracil how to apply to skin calcipotriol es en usa
de venta libre
? cigar que es calcipotriol
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: