Паҳлавонони тоҷик ба Олмон мераванд19-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 17130 нафар
Назарҳо: 12
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии ҷудо, ки рӯзҳои 19-21 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мегирад. Тоҷикистонро чаҳор куштигири маъруфи кишвар намояндагӣ мекунанд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат мешавад. Се нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило – рӯзи якшанбе, 21 феврал рақобат хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 572 варзишгар (363 мард ва 219 зан) аз 89 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (2 марду 1 зан), Беларус (4+1), Гурҷистон (11мард), Қазоқистон (11+4), Қирғизистон (5 мард), Латвия (5 мард), Литва (5+2), Молдова (1+1), Озарбойҷон (12+1), Русия (7+7), Туркманистон (3 зан), Узбакистон (8 мард), Украина (5+3) ва Эстония (2 мард) дар Олмон ҷамъ меоянд. Дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоранд. Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду гуштигир - Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён – намояндагӣ карда буданд. Вале ҳарду паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Константинс Овчинниковс аз Латвия ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Травис Стевенс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб гашт. Комроншоҳи Устопириён бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Муҳаммад Дарвеш аз Миср дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Арон Ҳилдебранд аз Олмон шикаст хӯрд. Бояд гуфт, ки ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ порсол 542 варзишгар (323 мард ва 219 зан) аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.