Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ – ПОЯИ УСТУВОРИ МАФКУРАИ СИЁСӢ ДАР РОҲИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ҲХДТ – ПОЯИ УСТУВОРИ МАФКУРАИ СИЁСӢ ДАР РОҲИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Сегодня, 10:36
Хабарро хонданд: 10 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ – ПОЯИ УСТУВОРИ МАФКУРАИ СИЁСӢ ДАР РОҲИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун падидаи сиёсӣ ва мафкуравии таърихсоз дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ, дар айёме, ки давлатдории тоҷикон ба вартаи нобудӣ наздик шуда буд, зуҳур намуд ва ба яке аз заминаи устувори эҳёи давлати миллӣ табдил ёфт. Таъсиси ин ҳизб натиҷаи дарки дуруст ва дурбинонае буд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҳассоси солҳои аввали истиқлоли давлатӣ аз воқеияти рӯз ба Ватан ва Миллат пешниҳод намуданд.
Таърихан равшан аст, ки идеяи таъсиси ҲХДТ аз ибтидо на ҳамчун як ҳаракати гузаро, балки ҳамчун зарурати бунёдӣ ва стратегии давлату миллат зуҳур кард. Сабаби асосӣ он буд, ки дар замони барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва оғози истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фазои пурошӯбе қарор гирифт, ки на танҳо сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта буд, балки ҳувияти сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва устувории иҷтимоии миллат зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифт. Ҷанги шаҳрвандӣ танҳо бархӯрди гурӯҳҳои мусаллаҳ набуд, он бархӯрди мафкураҳо, дидгоҳҳо ва роҳҳои мухталифи давлатдорӣ буд.
Дар заминаи иҷтимоиву сиёсӣ се неруи бузург ¬– коммунистӣ, исломгаро ва гурӯҳи сеюм, ки ҷонибдори давлати дунявӣ ва мутамаддин буданд, барои роҳкушоии худ талош меварзиданд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳо аз назари мафкуравӣ ва сиёсӣ низоми арзишҳои худро ба мардум пешниҳод мекарданд, аммо замон ва воқеияти ҷомеаи дар зинаҳои аввали истиқлол қарордошта нишон дод, ки на коммунизми шикастхӯрдаи шуравӣ ва на модели идеологии динӣ, ки аз сӯи ҳаракатҳои тундгаро тақвият меёфт, наметавонанд ба талаботи давлатсозии миллӣ ҷавобгӯ бошанд. Натиҷаи ин бархӯрдҳо ворид шудани кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар он набудани як неруи муттаҳидкунандаи миллӣ бештар эҳсос мешуд.
Маҳз дар ҳамин марҳила, зеҳни сиёсӣ ва масъулияти таърихии Пешвои миллат зарурати ташкили як платформаи нави сиёсиро пеш овард. Фазои сиёсие, ки тавонад мардумро дар атрофи арзишҳои миллӣ муттаҳид созад, ба эҳёи давлатдорӣ асос гузорад ва ҳамчун рамзи иттиҳоди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат амал кунад. Бо ҳамин ҳадаф, идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омада, 12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, 15 декабри ҳамон сол расман ба қайди давлатӣ гирифта шуд. ҲХДТ ба ҳайси неруи сиёсие, ки аз манфиатҳои миллӣ маншаъ мегирад, расман сабти ном шуд. Ташкили ин неруи сиёсӣ дар ҳамин айём яке аз муҳимтарин қадамҳои таърихии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад, зеро маҳз он тавонист ҷойгоҳи холии неруи муттаҳидсозро пур кунад ва ба равандҳои сиёсии кишвар устуворӣ бахшад.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки тамоми халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фаъолияти ҲХДТ-ро пурра дарк намуданд, ки маҳаки фаъолияти ҳизбро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани ваҳдати сартосарӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ташкил медиҳад. Ҳамзамон, фаъолияти ҲХДТ дар бунёди ҷомеаи демократӣ гувоҳи он аст, ки он чун ҳизби ғамхори мардум дар амалӣ шудани орзуву ормони ҳар фарди Ватан саҳмгузор мебошад.
Вақте ба фаъолияти созандаи ҲХДТ назар меандозем, маълум мегардад, ки зарурияти таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, амалӣ сохтани ормонҳои миллии ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос маҳсуб меёбад. Зеро ҳар нафаре, ки назари хайр ба оядаи неки фарзандонаш дорад, бо дарки масъулият ҷонибдори ҳадафу мақсади ин ҳизб мебошад.
Дар пайи амалҳои созанда ва мусолиматомези Пешвои миллат ва бо дастгирии неруи муташаккили ҲХДТ раванди сулҳи тоҷикон ба натиҷа расид. Ҳизб дар барқарорсозии фарҳанги нави сиёсӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва эҷоди муҳити боэътимоду ҳамдигарфаҳмии умумимиллӣ нақши калон бозид. Имрӯз равшан аст, ки агар он солҳо як ҳизби муназзами миллӣ ва платформаи ягонаи фикрӣ ба вуҷуд намеомад, эҳтимоли барқарор кардани суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хеле кам буд.
ҲХДТ дар тӯли 31 соли фаъолияти худ на танҳо ба барқарории сулҳ саҳм гузошт, балки ҳамчун яке аз пояҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ зуҳур кард. Мафкураи ҳизб ба се арзиши калидӣ такя мекунад: ҳифзи истиқлолияти миллӣ, бунёди модели давлати демократию дунявӣ ва тарғиби худшиносиву ватандӯстӣ. Ин арзишҳо, ки бо ниёзҳои давлати муосир комилан мувофиқанд, имкон доданд, ки ҳизб ба як мактаби фикрӣ ва сиёсӣ табдил ёбад ва дар ташаккули элитаи нави сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ саҳми назаррас дошта бошад.
ҲХДТ дар арсаи иҷтимоиву иқтисодӣ низ фаъолона ширкат варзида, тавассути барномаҳои мушаххаси худ ба рушди устувори кишвар, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии қишрҳои осебпазир ва ҷалби ҷавонон ба равандҳои сиёсӣ таъсири муассир расонд. Далели ин гуфтаҳо рушди босуръати иқтисодӣ, бунёди инфрасохтор, болоравии сатҳи зиндагии мардум, татбиқи лоиҳаҳои сатҳи маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва эҳёи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳизб бо истифода аз нерӯи сиёсӣ ва созандаи худ тавонист бо ҷомеа робитаи мустақим барқарор кунад, дар байни мардум маъруфияти хос пайдо намояд ва ҳамчун ҳизби воқеан мардумӣ эътироф гардад.
ҲХДТ имрӯз ба унсури калидии суботи сиёсӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа табдил ёфт. Маҳз тавассути ин неруи сиёсии созанда сиёсати давлатдорӣ ба низоми устувор табдил ёфт, механизми сиёсӣ такмил дода шуд ва фарҳанги навини муносибатҳои ҳизбӣ – бо рақобати солим ва эҳтироми мутақобил – ба вуҷуд омад. Имрӯз ҳизб платформаест, ки тамоми неруҳои солимро дар атрофи манфиатҳои миллӣ муттаҳид месозад.
Таърихи 31-солаи фаъолияти ҲХДТ нишон медиҳад, ки ҳизб аз рӯзи аввали таъсисёбии худ то имрӯз ба халқ, ба давлат ва ба истиқлоли миллӣ содиқ мондааст. Ҳадафи марказии он ҳамеша таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодӣ, рушди фарҳангӣ ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Агар ба роҳе, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлол то имрӯз тай кардааст, назар афканем, хоҳем дид, ки дар маркази ин ҳама дастовардҳо нақши ҲХДТ ва Пешвои муаззами миллат ҳамчун муттаҳидкунандаи миллат ва меъмори давлатдорӣ ҷойгир аст.
Бинобар ин, таҷлили 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо як санаи рамзӣ нест. Ин арҷгузорӣ ба заҳмати ҳазорон нафар созандагону меҳанпарастон ва дар айни замон, таҷдиди аҳд ба эъмори давлати муосири миллӣ мебошад. ҲХДТ дар ин давра исбот намуд, ки метавонад ҳамчун ҳизби мардумӣ, давлатсоз ва ба оянда назари нек дошта, нақши таърихии худро идома диҳад ва дар раванди пешрафти Тоҷикистон саҳми ҳалкунанда дошта бошад.
Шаҳбоз Шосаидзода,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: