Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Сегодня, 15:36
Хабарро хонданд: 6 нафар
Назарҳо: 0
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби коммунисти Чин ҳамкориҳои пурсамарро ба роҳ монда, он тайи солҳои охир таҳким меёбад ва омӯзиши таҷрибаи тарафайн ба таври доимӣ сурат мегирад.
Мушаххас аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҳамчун дӯсти самимӣ ва ҳамсояи нек боқӣ монда, дар айни ҳол иттифоқчии боэътимод ва шарики асосии иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Муносибатҳои неки дӯстию ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун бо ин кишвар дар тайи чанд соли охир беш аз пеш тавсеа пайдо намуда, роҳҳои нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда дарёфт мегардад.
Ёддошти тафоҳум оид ба мубодилаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин 5-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури сарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба имзо расидааст.
Дар доираи ҳамин ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо даъвати ҷониби Чин ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз 17-ум то 25-уми апрели соли равон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш оид ба масъалаҳои бартарафсозии камбизоатӣ дар ин кишвар қарор дошт.
Ин ҳамоиш, ки дар ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй, воқеъ дар шимолу ғарби Чин доир гашт, ба омӯзиши роҳҳои коҳиш додани камбизоатии созгор ба шароитҳои маҳаллии Чин ва Тоҷикистон равона гардида, ҳадаф аз роҳандозии он мусоидат ба рушди ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ дар марҳилаи нав миёни ҳарду кишвар ва муттаҳид кардани ҳикмат ва талошҳо ба хотири эҷоди ҷомеаи наздиктари тақдири ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Қабл аз баргузории ҳамоиш ҳайати ҳизбиён ба шаҳраки Минан - яке аз шаҳракҳои маркази маъмурии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй - шаҳри Инчуан ташриф оварда, аз намоишгоҳи таҷрибаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои шарқӣ ва ғарбии Чин (Футсзян-Нинся) дидан карданд.
Майдони намоишгоҳ дар масоҳати наздики 1200 метри квадратӣ ҷойгир буда, он намоиши худро аз заминаи таърихии барномаи давлатии мубориза бо камбизоатӣ ва рушд оғоз карда, ҳамзамон, марҳилаҳои таърихии ҳамкории шарикӣ байни минтақаҳоро мунтазам муаррифӣ мекунад.
Дар фаслномаи силсилавӣ он рӯйдодҳои калидии марбут ба ғамхориҳои Котиби генералӣ Си Ҷинпинро дар бораи минтақаҳои зисти ақаллиятҳои миллӣ ва панҷ сафари уро ба Нинся, ки модели ҳамкории "Мин-Нин" - ро таблиғ мекарданд, нишон медиҳад.
Ин намоишгоҳ дар марҳилаи муборизаи ҳалкунанда бо камбизоатӣ азми қавӣ ва ҷасоратро нишон медиҳад, ки дар ҷараёни ҳамкории “Мин-Нин” - “як чиз, як даста, дили ягона, талошҳои муштарак, муваффақияти ногузир” таҳти роҳбарӣ ва идоракунии Си Ҷинпин зоҳир гаштааст.
Нуқтаи ибтидоӣ барои боби оянда дастуру нишондодҳои муҳимми Котиби генералӣ Си Ҷинпин мебошад, ки дар соли 2021 барои амиқтар кардани ҳамкории шарқ ва ғарб ва кӯмаки суроғавӣ дар мубориза бо камбизоатӣ дода шудааст.
Дар ин бахш, аз тариқи тавассути "панҷ ҷанбаи муштарак", роҳи ҳамкории амалӣ миёни ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй ва музофоти Футсзян аз соли 2021 дар соҳаҳое, ба монанди рушди саноатӣ, бозсозии деҳот, ваҳдати миллӣ, тамаддуни экологӣ, инчунин, роҳи мусоидат ба рушди ҳамоҳангшудаи минтақавӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаракати ноҳияҳои миллӣ ба сӯйи шукуфоии умумӣ нишон дода шудааст.
Дар ҷараёни тамошои намоишгоҳ ҳайат аз коргоҳи омӯзишӣ оид ба мубориза бо камбизоатӣ аз ҳисоби тиҷорати электронии “Хэмэй”, воқеъ дар шаҳраки Миннин дидан карданд.
Корхона оид ба мубориза бо камбизоатӣ соли 2019 таъсис ёфта, он пойгоҳи намоишии кумак барои бо шуғл таъминкунӣ аз тариқи тиҷорати электронӣ, истеҳсолоти муттаҳидкунанда, коркард, фурӯш, эҷоди тамғаҳо, хадамот оид ба кортаъминкунӣ, инкубатсияи стартапҳо дар бахши тиҷорати электронӣ ва омӯзиши касбӣ маҳсуб меёбад.
Дар солҳои охир корхонаи “Хэмэй Мин-Нин” “майдони фурӯши молҳо аз Футсзян”-ро созмон дод, ки ҳадаф аз он таъминот бо маҳсулоти босифат аз музофоти Футсзян мебошад. Ба шарофати ин ҳаҷми солонаи фурӯш ба зиёда аз 10 миллион юан расид.
Дар нахустин рӯзи сафар ба Чин дар маркази маъмурии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй - шаҳри Инчуан мулоқоти Котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқи ноҳияЛи Ифэй бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баргузор шуд. Дар мулоқот муовини Котиби кумитаи ҳизбии ноҳия Ҷуан Ян, муовини Раиси ноҳия Ван Ли ва муовини сардори Бюрои шашуми Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Сюй Тсинсян низ иштирок доштанд.
Ли Ифэй дар ибтидо аз номи Кумитаи ҳизбӣ ва Ҳукумати ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй ҳайати Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Чин ва Тоҷикистон ҳамсоягони нек, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод мебошанд.
Ӯ иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар босуръат рушд намуда, дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар марҳилаи нав қарор доранд.
Ли Ифэй изҳор дошт, ки Нинся яке аз минтақаҳои гаронбаҳои кишвар ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Ҳизби коммунисти Чин ба дигаргуниҳои азими таърихӣ ноил гардидааст ва намунаи барҷастаи ваҳдати миллатҳо, коҳиши камбизоатӣ ва расидан ба некуаҳволии муштарак мебошад.
Мавсуф омодагии минтақаи Нинсяро барои амалӣ намудани тавофуқоти сарони ду давлат, таҳкими робитаҳои байниҳизбӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба дар бахшҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва идоракунии экологӣ изҳор намуд. Ҳамчунин, ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетияи пок, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ ва мубодилаи ҷавонон барои таҳкими "Ҷомеаи сарнавишти муштараки Чин ва Тоҷикистон" таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар навбати худ иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсоягони дӯст ва бародарони боэътимод мебошанд, ки ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд.
Ӯ зикр намуд, ки сафари ҳайат ба ин ноҳия таассуроти амиқ гузошта, таҷрибаи арзишманди Чин, аз ҷумла рушди Нинся шоистаи омӯзиш ва баҳрабардорӣ мебошад.
Маликшо Неъматзода омодагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои амалӣ бо минтақаи Нинся дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сохтмони инфрасохтор бо мақсади беҳтар намудани некуаҳволии мардум ва бахшидани неруи тоза ба муносибатҳои ду кишвар ва ду ҳизб изҳор намуд.
Дар доираи ин сафар дар бинои Мактаби ҳизбии Кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй маросими ифтитоҳи семинари омӯзишӣ доир ба мавзуи бартарафсозии камбизоатӣ барои кормандони ҳизб ва суханронӣ дар мавзуи “Ҳамкорӣ миёни Футсзян ва Нинся” доир шуд, ки дар он муовини котиби Кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй Ҷуан Ян, муовини роҳбари Котиботи Кумитаи Ҳизби коммунисти ҳамин ноҳия Чжао Бо, директори генералии Дафтари робитаҳои байналмилалӣ Бай Юйчжэн. Ноиби якуми ректори Мактаби олии ҳизбӣ Хао Тун, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, шахсони масъул ва ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Семинари омӯзиширо муовини котиби Кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй Ҷуан Ян ифтитоҳ бахшида, ташаббуси мазкурро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд ва ба он баҳои баланд дод.
Ӯ сатҳи баланд ва сифатноки ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Чинро махсус таъкид намуда, тадбирҳои андешидашударо дар самти коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд баҳогузорӣ кард.
Таъкид гардид, ки масъалаи мазкур дар шароити замони муосир аҳамияти бештар пайдо намуда, андешидани чораҳои иловагиро талаб мекунад.
-“Баргузории ин ҳамоиш метавонад ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшад,-иброз дошт Ҷуан Ян.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ доир ба раванди бунёди давлатдорӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда, зикр намуд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз ба 19 фоиз расонида шуд ва афзуд, ки ҳамчун як қисми ин раванд ва дастоварди барҷаста сазовори баҳои баланд аст:
- «Ғамхорӣ дар ҳаққи мардум яке аз бартариятҳои зиёди абармарди бузурги сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба шарофати ин хислати наҷиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас худро танҳо ва бе пушту паноҳ эҳсос намекунад.
Дастгириҳои доимии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ҷудо кардани 75 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, ки ҳоло бо номи заминҳои президентӣ маъруфанд, таъин кардани кӯмакпулиҳои суроғавӣ, додани грантҳои президентӣ ин ҳама танҳо "қатрае аз баҳр аст" дар байни дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа»-, таъкид кард Маликшо Неъматзода.
Қайд гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи ҳамдигар шинос шаванд ва омӯзанд.
Бо истифода аз фурсат муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намояндагони масъули ноҳияи мухтори Нинся-Хуэйро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон ташриф биоранд.
Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода дар маросими ифтитоҳи семинари омӯзишӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мубориза бар зидди камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум на танҳо ҳадафҳои асосии эълоншуда, балки дастгирии стратегии сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ӯ, агар дар охири солҳои 1990 камбизоатӣ зиёда аз 80 фисади аҳолии Тоҷикистонро фаро гирифта бошад, аммо то охири соли 2024 ин нишондиҳанда то 21,2 фоиз ва дар соли 2025 бошад, то 19 дарсад коҳиш ёфт, ки ин аз беҳбудии воқеии зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Мирзоқосим Каримзода афзуд, ки сармоягузории Чин, ки ба соҳаҳои муҳимми стратегӣ, ба мисли энергетика, нақлиёт ва саноат равона мегарданд, ба навсозии инфрасохтор, таъсисёбии ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар ва коҳишёбии устувори сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунанд.
Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаббуси чинии “Як камарбанд, як роҳ” ва омезиши онро бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 комилан ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи муваффақи Чинро оид ба бартарафкунии камбизоатӣ омӯхта, фаъолияти худро ба чунин самтҳо, ба монанди барномаҳои суроғавии дастгирии аҳолӣ, рушди ҳамаҷонибаи деҳот, инчунин, ҳавасмандгардонии самараноки шуғл ва соҳибкорӣ равона мекунад.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона, стратегӣ ва ҳамсоягии нек бо Чин арҷ мегузорад ва ин муносибатҳо ба тақвияти бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои охир ноҳияи мухтори Нинся-Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ширкати фаъол дошта, ҳамкориҳои мутақобиларо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун тақвият мебахшад.
Муовини директори Мактаби ҳизбии Кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй хонум Ван Тсзян дар мавзуи “Ҳамкории муштарак миёни Шарқ ва Ғарби Чин ба уфуқҳои боз ҳам дур мебарад - Усулҳои умумии ҳамкорӣ миёни Футсзян ва Нинся ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин” суханронии пурмуҳтаво карда, доир ба пешрафтҳои кишвари мо ва дурнамои он ибрози андеша кард. .
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ӯро аз тариқи ҳизб барои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон даъват намуд.
Дар маҷмуъ, ин рӯйдод муҳим ва манфиатбахш арзёбӣ гардида, он ба омӯзиши таҷрибаи мутақобила ва истифодаи он дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута мусоидат мекунад.
Бояд зикр намуд, ки семинари омӯзишӣ тӯли як ҳафта идома ёфта, дар ин муддат ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуъҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ, баланд бардоштани деҳот ва тамаддуни экологӣ дар ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй маърузаҳо шуниданд.
Дар доираи сафар ба ноҳияи мухтори Нинся-Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаву корхонаҳои муҳимми минтақа шинос шуданд. Ҳадафи асосии боздид омӯзиши таҷрибаи пешқадами Чин дар самти рафъи камбизоатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва ҳифзи муҳити зист буд.
Ҳайати ҳизбӣ дар шаҳристони Хэлан аз ширкати истеҳсоли маҳсулоти ширии “Сайшан Шир”, Осорхонаи меваи гоҷи “Байжуйюан” ва Мамнуъгоҳи табии “Байтсзитан” дидан намуда, бо усулҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар бахши амнияти озуқаворӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳадафи дигари сафар боздид аз Маркази ҳамкорӣ оид ба пешгирии биёбоншавӣ дар Формати “Осиёи Марказӣ-Чин” буд.
Дар ин маркази байналмилалӣ гӯшаи махсуси Тоҷикистон ташкил ёфта, дар он иқдомоти созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаҳои обу иқлим васеъ инъикос ёфтаанд.
Маликшо Неъматзода зимни шиносоӣ бо ин гӯша таъкид дошт, ки бо иттифоқи оро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои Сарвари давлати Тоҷикистон гувоҳи манзалати бениҳоят баланди Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон бо ибтикорҳои оқилонаи худ қудрати муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ҳалли мушкилоти обу иқлим ба маъраз гузоштанд. Чун биёбоншавӣ маҳз аз тағйирёбии иқлим маншаъ мегирад ва саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии ин мушкилоти ҷаҳонӣ бориз ва тақдирсоз арзёбӣ мешавад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз фаъолияти аъзои ҳизб дар самти татбиқи сиёсати экологии кишвар, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар сабз гардонидани шаҳри Душанбе ёдовар шуд. Дар фарҷоми ин боздид ба Осорхонаи марказ туҳфаи хотиравӣ эҳдо гардида, дар китоби хотирот таманниёти неки ҳайати Тоҷикистон дарҷ карда шуд.
Зимни боздид аз шаҳри бандарии Сямэни музофоти Футсзян ҳайати ҳизбиён бо фаъолияти ширкати кӯҳӣ ва металлургии Чин - “Zijin Mining Group Co., Ltd” ва сармоягузории он ба Тоҷикистон шинос шуда, инчунин, аз Академияи “Юндан” ва Беморхонаи бемориҳои дилу рагҳои назди Донишгоҳи Сямэн дидан карданд.
Дар доираи сафари ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бинои Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, воқеъ дар шаҳри Пекин мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, мудири Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби коммунисти Чин ҷаноби Лю Хайсин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз ҳамкориҳо байни ду ҳизби бонуфуз иброз дошта, миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Ҳизби комунисти Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгирӣ ва роҳнамоиҳои созанда баён доштанд.
Иброз гардид, ки дар муҳлатҳои наздик ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум мувофиқагардида байни ду ҳизби дӯст барои вусъати тозаи ҳамкориҳои оянда созгор хоҳад буд.
Маликшо Неъматзода ба Лю Хайсин даъватнома барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 12-уми июни соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, супорид. Даъватномаро ҷониби чинӣ бо хушҳолӣ қабул намуд.
Дар мулоқот ҳайати ҳизбиёни Тоҷикистону Чин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоир Саидзода иштирок доштанд. Мулоқот пурмазмун ва дар фазои дӯстона баргузор шуд.
Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Маликшо Неъматзода бо даъвати Ҳизби коммунисти Чин аз ноҳияи мухтори Нинся-Хуэй, музофоти Футсзян ва пойтахти Чин - шаҳри Пекин боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни ин сафар ҳайати ҳизбиён бо таҷрибаи Ҳизби коммунисти Чин дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ шинос шуданд.

Суҳроб РАУФЗОДА,
Душанбе-Инчуан-Фучжоу-Сямэн-Пекин-Душанбе












Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: