
Дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон -Пешвои сулҳофар” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода, сардори Раёсати таъмини амнияти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳамдамов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Далери Абдулло, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, гурӯҳи таблиғотчиён аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарият ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок карданд.
Ба кори ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки 21-уми декабри соли равон мардуми шарифи мамлакат шоҳиди бевоситаи боз як рӯйдоди муҳимми таърихӣ гардиданд. Дар ин рӯзи хотирмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия маросими бошукӯҳи сарфарозгардонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Узбекистону Қирғизистон бо ин ҷоизаи бонуфуз қадрдонӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки сарони се давлат дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ, амният ва ҳамкории созанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ сазовори ин мукофоти баланд гардиданд.
Пешвои мардумсолору маҳбуб ва муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ меъмори сулҳи тоҷикон ва эҷодгари сулҳу субот дар минтақа ҳастанд, мураккабии ин ҷараёни ҳаётофаринро дар таҷрибаи амалӣ дарк намуда, мегӯянд: “Сулҳ - маънои таърихи мо”. Сарвари давлати мо шарҳ медиҳанд: “Ҳар қадар ки мо пеш равем, сарчашмаи асосии пешрафти халқи мо бештар аён мегардад, ки он сулҳи пойдор аст. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа аст ва танҳо дар шароити сулҳу субот аз неъматҳои тараққиёти ҷаҳонӣ баҳравар шудан мумкин аст. Сулҳ ба кулли арзишҳои дигари инсонӣ маънӣ ва маром мебахшад”.
Сипас, иштирокчиёни дигари ҳамоиш андешаронӣ намуда, оид ба ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, ибрози андеша намуданд.
Ҳамоиш дар руҳияи баланди ифтихор аз Пешвои сулҳофари миллат ва дастовардҳои даврони Истиқлол ба поён расид.
ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, раисони сохторҳои ҲХДТ дар минтақаи шаҳри Бохтар, фаъолони ноҳия, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ширкат доштанд.
Пеш аз оғози ҳамоиш муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо ҷавонони фаъоле, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд, мулоқот анҷом дод. Сипас, меҳмонон аз китобхона ва Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.
Сипас, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ маҳсуб ёфта, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амният, дастгирии занону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумро фаро мегирад. Инчунин, дар он ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки бо дарназардошти эълон шудани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” масъулияти ҳизбиёни ҲХДТ дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардад.
Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳизбиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми шоиста гузоранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.
КУРСИ “МАКТАБИ САРВАРОНИ ҶАВОН”
Дарси навбатии курси омӯзишии “Мактаби сарварони ҷавон”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз иштирокчиёни курс аз Осорхонаи ҳизб дидан намуда, бо таърихи таъсис, фаъолият ва дастовардҳои ҲХДТ шинос шуданд.
Сипас, мулоқоти судманди иштирокчиён бо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои роҳбарии ҷавонон, ташаккули худшиносии сиёсӣ, нақши ҷавондухтарон дар рушди ҷомеа ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ИШТИРОКИ ШОИРИ ТОҶИК ДАР САММИТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ CIESART-2025 ДАР ИСПАНИЯ

Дар шаҳри Мадрид бо дастгирии Вазорати саноат ва сайёҳии Ҳукумати Испания ва Маркази фарҳангии ба номи Мигел де Сервантес Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ корманди Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроии Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шоир Абдулқаҳҳор Қосимзода иштироки фаъолона варзида, бо медали расмии “Доктори фахрии Академияи Шоҳигарии ҳифзи фарҳангҳо ва забонҳои модарӣ” ва унвони узви Фахрии Академияи Шоҳии ҳифзи фарҳангҳо ва забонҳои модарӣ барои эътирофи масири намунавӣ ва саҳми пайваста дар густариши фарҳангӣ ва инсондӯстонаи ҷаҳонӣ қадрдонӣ шуд.
Иштирокчиён оид ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром байни миллатҳои дунё, муҳаббат ба санъат ва адабиёт суханронӣ намуданд.
Ба хотири нигаҳдошти забонҳои модарии дунё ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳар нафар бо забони модарии хеш баромад намуданд. Боиси хушнудист, ки дар ин ҷаласаҳо Абдуқаҳҳори Қосим бо забони ноби тоҷикӣ ва русӣ суханронӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуд.
Ҳамоиши CIESART-2025 таҳти унвони “Роҳи Дон Кихот” -қаҳрамони романи Мигел де Сервантес, ки рамзи шуҷоат ва ҳимояи идеалҳо мебошад, доир гардид. Аз ин лиҳоз, иштирокчиён аз осорхона ва ҷойҳои таърихии Кастилия Ла Манча, ки дар романи “Дон Кихот” тасвир ёфтааст, дидан намуданд. Сипас, нафароне, ки қаблан эълон гардида буданд, дар маросими Корпуси Фахрии Академикӣ иштирок намуда, дар фазои тантанавӣ бо медали расмии CIESART- Доктори фахрии Академияи Шоҳигарии ҳифзи фарҳангҳо ва забонҳои модарӣ сарфароз гардиданд.
Таҳияи А. ҶӮРАЕВ