Кароматуллоҳи Мирзо Нависандаи халқии Тоҷикистон ТАБАҚИ ТИЛЛО2-04-2018, 09:22
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Афзал савора аз канори дарёи Сурхоб мегузашт. Фасли баҳор, мавҷҳои дарё ба ҳам мепечиданд, дамиш мехӯрданд, назари Афзал, ки ба наздикӣ раис интихобаш карда буданд, ба мавҷҳо, хаёлаш ба воқеае, ки чанд лаҳза пеш шоҳид гашта буд. Аз кӯчаҳои деҳа мегузашт, занеро дид, ки аз дари як ҳавлӣ берун омад, дар дасташ табақ. Дар даруни он чи ашёе, ки аз тобиши нурҳои офтоб медурахшид, тобиши чашмхиракунанда. Лаҷоми аспро сар дода, гашти аспро тезонд, аз зан пеш гузашт. Аз болои асп раис ба даруни табақ назар андохт. Дар табақ асбобу ускунҳои тиллоии занона: ҳалқа, гӯшвора, дастпона, ангуштарӣ. Лаҷоми аспро кашида Афзал аз зан пурсид: -Хола, дар табақат чӣ дорӣ? -Тилловориҳоям. -Куҷо мебарӣ? -Хонаи Салим. -Салими қассоб? Зан раиси Афзалро шинохта давом: - Кӯдаконам дар хона гуруснаанд, як ҳафта боз нон намеёбам. Бо гандум иваз мекунам. -Салим чӣ қадар гандум медиҳад? -Ду табақ гандум, худаш гуфт. Раиси Афзал хело сукут кард. Асп дар ҷояш намеистод, бетоқат, роҳакӣ шудан мехост. Раис фикр мекард, ки чи рӯзҳое ба сари мардум омадаанд, ки одамон нон гуфта ҷон медиҳанд. -Тилловориҳоятро нафурӯш, - раис ба гап даромад. -Чӣ кор кунам? -Ба хонаат даро. – Ва баъд ба зан фармуд, ки пагоҳӣ ба хонаи раис биояд, ба ӯ ним халта гандум медиҳад. Ҳамроҳи ҷиҳанаш Рустам ва як рафиқи дигар лаб-лаби дарёи Сурхоб роҳ гирифта буданд. Осмон абролуд, офтоб аз паси абрҳо гоҳе рух менамуду гоҳе паси абр монда пеши назарҳо хира мегашт. Оби Сурхоб лойолуд, дарё дамиш хӯрда ба роҳи дуродураш равон. Савораҳо хомӯш, чашми онҳоро гӯё об бурда буд, ки аз мавҷҳои дарё назар намеканданд. -Кӯдак! Бинед, кӯдак!! – Рустам беихтиёр овоз баланд карда аспашро рӯ ба ҷараёни дарё тозонд. Чанд қадам аз ӯ дуртар кӯдак гоҳ ба таги об мемонд, гоҳ рӯи об пайдо мешуд. Рустам мисле, ки човандоз бузро аз замин мебардошт, пойҳо дар узангу якнима ба даруни дарё хам шуд, кӯдакро аз таги об ба берун кашид. Рустаму ҳамроҳонаш дар ҳайрат, ки вай аз куҷо дар дарё пайдо шудааст. Гапи кӯдак дар забонашон занеро диданд, ки аз даруни қамишзорони лаби дарё берун мешуд. Ӯро шинохтанд, зани Ятим аз деҳаи Даҳана, шавҳараш дар ҷанг буд. Савораҳо аз асп пиёда шуда занро гӯё истинтоқ мекарданд. Ба гардан гирифт, ки кӯдак кӯдаки худаш, ба дарё партофтааст. Гуфт, ки дар хонааш даҳ сар хуранда, панҷ кӯдак азони худашу се кӯдаки хоҳари шавҳараш. Нон намеёфтаанд. Зан ба гадоӣ баромада дар деҳаи ҳамсоя тамоми дарҳоро куфтааст, як лаб нон наёфта турбаи гадоӣ дар гардан ба хонааш баргаштааст, ба ақидаи худаш, кудак “нон, оча, нон”, гуфта дилу ҷигари ӯро хӯрдааст. Раиси Афзал модару кӯдакро ба хонааш овардааст, ба модараш чанд табақ ғалла дода бачаи вайро сарпараст шудааст. Барои зани раис Моҳшариф боз як ташвиш, нигоҳубини Тағай ҳам ба ӯҳдаи ӯ. Рӯзе расида, ки падари Тағай аз ҷанг баргашт. Ятиму завҷааш барои фарзандашон ба хонаи раиси Афзал омаданд. Раиси Афзалу завҷааш ҳақиқати ҳолро ба Тағай фаҳмонданд. Тағай бо падару модараш нарафт. Вайро раиси Афзал ба ҷиҳанаш Мамлакат хонадор кард. Гоҳе Мамлакат шӯхӣ карда мегӯяд: “Кошки туро тағоям аз дарё намегирифтанд” - Агар тағоят маро аз дарё намегирифтанд, ту бешавҳар мемондӣ, - Тағай ҳам бо шӯхӣ ҷавоб мегардонд. ШАБИ ПУРТАҲЛУКА Аз ҳамон рӯзе ки зани амаки Рустам шавҳарашро ҳамроҳи писараш Ҷалол то беруни дарвоза гусел карда ба хона даромад, дар дидагонаш на шаб хоб меомаду на рӯз. Шавҳараш ваъда дода буд, ки дар хонаи падарарӯс ба дераш як шаб мехобаду агар ягон пуд гандум диҳад, пагоҳӣ қатӣ бармегардад. Зану шавҳар ноилоҷ монда буданд, аз рӯзи ногузаро. Панҷ-шаш кӯдаки нонхӯр, аз пагоҳ то бегоҳ даҳонашон меҷунбад. Мегӯянд, коҳдони коҳро гӯсола, нондони нонро кӯдак тамом мекунад. Ордашон кам мондааст, дар таги куҳлӣ се-чор коса. Агар Ширинмоҳ ҳазор сарфакорӣ кунад ҳам, ба ду ё се рӯз мерасад. Барои ҳамин ҳам зану шавҳар маслиҳат карданд, ки аз ягон ҷо ғалла ёбанд. Рустам гуфт, ки ба хонаи падари завҷааш меравад. Ширинмоҳ розӣ шуд, ба шавҳараш гуфт, ки ҳоли зорашонро ба падари ӯ фаҳмонад, ягон пуд гандум ё ҷав талбад. Бо ҳамин ният ҳамон саҳар Ширинмоҳ шавҳар ва бачаашро гуселонда буд. Аз он рӯз қариб як ҳафта мегузашту аз Ҷалолу падараш хабаре не. Роҳи деҳаи Дашти Аҳмад дур набуд, сиҳату саломат мебуданд, кайҳо бармегаштанд. Ба бадӣ аз ҳамон рӯз барф аз боридан намондааст. Куни ҳаво шикоф шудагӣ барин, барф ист накарда, ки борон меборид, роҳ пури гургу хирс. Худо нишон надиҳад, писараш аз хобаш берун не. Бо ҳамин фикру хаёлҳои ноҷо рӯзи Ширинмоҳ ба бегоҳ расид. Қарибиҳои намози хуфтан дарвоза тақ-тақ шуд, касе мисли шавҳараш дарвозаро мезад. Сарканупокан тарафи дарвоза давид, дарвозаро кушода дилаш ба замин зад. -Ҷалол канӣ!! – Фарзандашро ҳамроҳи падар надида ҳуш аз сари модар канд, - мардак, аз ту мепурсам, бачам канӣ? Шавҳар гӯё пурсишҳои завҷаашро намешунид, ки забон намекушод. Ба назари Ширинмоҳ шавҳараш дар чанд рӯзи набуданаш чунон тағйир ёфта, ки қариб ӯро намешинохт, хароб, лоғар, афтода, беҳол. Базӯр аз дар даромада аз пой афтод. Ҳарфе намегуфт, намегуфт, ки Ҷалол дар куҷо. -Рустам, - номи шавҳарашро ба забон овард завҷааш, - бачама куҷо кардӣ? Канӣ Ҷалол? -Намедонам, занак, напурс, напурс! – ҷомаашро ба сар кашид. Ҳамон рӯзи ҳамроҳ бо бачааш аз хона баромадан ба хотираш меомад. Шаб дертар ба хонаи хусураш расиданд. Гурусна монда буданд, нони серӣ наёфтанд, як нонро барои бачаҳо, як нони дигарро хусурашу Рустам ва Ҷалол боҳам диданд. Падару писар барои ғалла омада буданд, маълум, ки худашон нон намеёфтаанд, ноумед шуданд. Аммо бенон ба хона баргаштан намехостанд. Ба хотири Рустам як хеши дурашон Ҳасан расид. Деҳаи Ҷуқурак хело дур. Вале зур, ки омада буд, рӯзи дигар ба роҳ баромаданӣ буданд. Тамоми шаб барф борида, роҳу рӯ намонда буд. Ба замми ин Ҷалол дар тан як пӯшоки дуруст надошт, дар пойҳояш чоруқ, таи як куртаи тунуку ҷомаи дарида, саломатиаш нағз не, чанд моҳ боз бемор мехобид вале модараш ӯро бо падар ҳамроҳ кард. Падарарӯс одами солхӯрда, зиндагидида, Ҷалолу падарашро аз роҳ гардонд. -Ба ҳеҷ куҷо намеравед, - пеши роҳашонро гирифт. Рӯзи сеюм ба гапи падарарӯс гӯш надода Рустам бо писараш ба роҳ баромад, роҳ рафтан осон набуд, барф баланд, то зону, аз чоруқҳои Ҷалол об медаромад, хунук, нони серӣ ҳам нахӯрда буданд. Падар тоқат мекард, аммо Ҷалол гурусна. Боазоб афтидаю хеста, то ними рӯз роҳ гаштанд, теппаҳои баланд ва нишебиҳои лаби сойро гузаштанд. Ҷалол монда шуда қариб аз пой меафтод. -Ҷалолҷон, боз камтари дигар роҳ монд, - падар гӯё фарзандашро хурсанд карданӣ буд. -Ман дигар роҳ гашта наметавонам. Падар ӯро пуштора кард, хело роҳ рафта, монда шуда дар таги як дарахт истод. Падару писар дар таги дарахти мурӯд хело нишастанд, рӯз бегоҳ шуда торикӣ меомад. Ҷалол аз ҷой намехест. -Чӣ кор мекунем? – Падар ноилоҷ монда буд. -Намедонам, - овози Ҷалол шунида намешуд. Дашту теппаҳо пури барф, ду нафар дар дашт, дур аз одамон. Рустам ба воҳима афтод. Чӣ кор кунанд? Ҷалолро дигар пуштора карда наметавонист. Аз ким-куҷое уллоси гург ба гӯшаш меомад. Агар шаб монанд ҳардуяшонро гургҳо мехӯранд. Дар хаёл афтод. Падару писар хомӯш. Пас аз хело сукунат фикре ба сари Саидаҳмад омад. Таваккалаш ба Худо, Ҷалолро дар таги мурӯд монда сӯи деҳа медавад, асп ё хар ёфта бармегардад. Лекин бо чи дили пур бачаашро монда меравад? Аз хунукӣ шах мешавад, боз гургҳо... Бача талхакаф мешавад. Агар ҳамин хел ҳарду шиштан гиранд, шаб мешавад, ҳоло ҳам хуб, ки пеши пояшро мебинад. -Бачам, Ҷалолҷон, ту ҳамин ҷо ист, давида деҳа меравам, асп ё хар меёбам, туро савор карда мебарам, чӣ гуфтӣ, бачам? -Ман метарсам, нарав. Рустам аз ҷой бархост, ба ақиб, ба бачааш нигоҳ накарда ба роҳ даромад. Аммо ӯ давида наметавонист, қадам мемонду меафтод. Лаб-лаби сой мерафт, боз чанд куҳтал дар пеш. Роҳашро гум карда аз сари ҷар ба даруни сангоб афтод. Дасту пойҳояш лат ёфтанд, лат не, ба хаёлаш шикаста буданд. Вале хаёли дард дар куҷо? Бачааш дар он ҷо, тезтар роҳ рафтан лозим, бачаам гуфта, чи чукуриҳою баландӣ, обканда, баландиҳоро дандонгаз карда ба деҳа расиду хонаи шиносаш Ҳасанро ёфт. Ҳасану завҷааш ӯро ба хона дароварданд. Дар хаёлаш, ки чанд сухан ба забон овард: “бачам, Ҷалол, таги мурӯд”. Аз ҳуш рафт, рӯзи дигар чашм кушод, боз ҳамон ҳарфҳо дар забон: “бачам, Ҷалол, таги мурӯд”. Ҳасан ва хешовандон дар шабӣ чанд бор ба таги дарахти мурӯд рафта омаданду аз бачаи Рустам нишоне не. Рустам бо ҳамон ҳолу аҳволи афтодагӣ, бесарусомонӣ худашро кашида бо ҳазор азоб бо дасти холӣ, ки на гандум дошту на бачааш ҳамроҳи ӯ аз дари хонааш даромад, завҷааш аз ӯ Ҷалолашро мепурсид. “Бачаам канӣ?”, гуфта ба сари шавҳар бо мушт мезад. Вале ӯ як ҷавоб мегуфт. -Намедонам, занак, бачаатро гум кардам. Рустам рӯзи дигар ҷуръат намуда фоҷиаи ба сари бачааш омадаро нақл намуд. Аммо ку ҳарфу сухане, ки модарро таскину тасаллият диҳӣ. Вай нолаю фиғон андохта, ҳавлиро ба сар бардошт. Чанд нафар наздикон бо Рустам ҳамроҳ шуда ба ҷустуҷӯи Ҷалол баромаданд. Онҳо Рустамро тасаллӣ медоданд, ки бачашро гург нахӯрдааст. Ба як деҳаи наздик, ба Зоғак чанд бор рафтанд. Ба деҳаи Ҳавзако ҳам рафтанд. Дар ин ҷо Рустам домулло Абдуллохоҷаро мешинохт. Домулло хабари хуш расонд, гуфт, ки аз бачааш алахон нашавад, Ҷалол як шаб дар хонаи домулло хуфта будааст. -Худаш ба хонаи шумо омад? – Аз хурсандӣ худашро гум карда буд Рустам. -Не, ҳуш надошт, ӯро оварданд. -Кӣ овард? -Раиси Афзалу ҳамроҳонаш оварданд, онҳо вайро шаб аз таги мурӯд ёфта буданд. -Аз таги мурӯд? -Ҳа,- домулло Абдуллохоҷа, ки табиб ҳам буд, Ҷалолро табобат кардааст. Баъд раиси Афзал Ҷалолро ба хонааш бурдааст. Дили Рустам пур шуд. Ҳама медонистанд, ки раис сағирапарвар, завҷааш Моҳшариф сағирбон. Чандин кӯдакони дар раҳурӯ мондаро парвариш мекард. ГУЛИ АВВАЛИ БАҲОР Саъбагули Салим яке аз аввалин комсомолдухтарони водии Кӯлобзамин буд. Се-чор нафар духтарони дигар ҳам узви комсомол шуда будаанд, аммо ба маҷлисҳо омада наметавонистаанд, падару модарон розӣ не. Саъбагул дар миёни онҳо фаъол, ҷасур, дар ҳамаи маҷлису маърака, чораҷӯиҳо ҳозир, сухангӯ, созмони комсомолиашонро танқид мекардааст, ки фаъол нестанд, духтаронро ба маҷлисҳо оварда наметавонанд. Саъбагул дар маҷлисҳои колхоз ҳам баромад мекардааст. Сардори бригадаи ғаллакорӣ, бобои Зокир баъди як танқиди ин духтар дар як маҷлисе об наёфтааст, ки рӯяшро шӯяд. Дар як маҷлиси ҷамъбасти сол, ки дар колхоз мегузашт, раиси ноҳия ва прокурор иштирок доштанд. Саъбагул баромад карда онҳоро танқид кардааст, гуфтааст, ки дар деҳа духтур не, чанд нафарро бо туҳмат суд кардаанд, барои таҳсили ҷавонон ғамхорӣ намешавад. Роҳҳо вайрон, роҳе набуда, ки аз Сталинобод ба Сари Хосор мошин ояд, барои колхоз трактор надодаанд. Калонҳои ноҳия ин гапҳоро аз забони як колхозчидухтар шунида, дар ғазаб шудаанд, ба хотирашон раиси Афзал расид. Раиси Афзал таҳҷоӣ, мардум ӯро аз миёни чанд нафар ба депутати Шӯрои Олӣ интихоб кардаанд. Ба назари прокурору раиси ноҳия ин одам гуноҳи онҳоро мекофтааст. Дар баромадҳояш онҳоро фақат танқид мекардааст, дар забонаш фақат камбудиҳои ноҳия. Маълум, ки ин духтар шогирди раиси Афзал, ӯ ҷавононро ба тарафаш кашидааст, бо онҳо вомехӯрад, маҷлис мегузаронад, Саъбагулро духтарам мегӯяд, ӯро ҷасур, натарс гуфта таъриф мекунад, вайро барои хондан ба Сталинобод бурданӣ будааст, ваъда додааст. Ба ёди ин ду мансабдор бригадир бобои Забир расид. Ҳамон бобои Забире, ки ин духтар барои дуздии як халта гандум ӯро қариб суд кунонд. Ба бригадир фармуданд, ки коре карда ба гардани Саъбагул ягон гуноҳ бор кунад, он тарафаш тани Ҳасанчаю прокурор. Ба душмани қаттоли Саъбагул Худо дода буд. Фикр карда бо чи гуноҳ дастгир кардани Саъбагулро дар хаёл пазонд. Ӯ ҳар бегоҳ барои говашон як дарза алаф мебурд. Ин бегоҳ ҳам баъди кор Саъбагул дост дар даст аз паи алафдаравӣ шуд. Аз наздикиҳои замини гандум алаф даравид, дарза баст. Дарзаи алаф дар тори сар ба роҳ баромаданӣ буд, ки овози бобои Забирро шунид. Вай аз Саъбагул бо зораю илтиҷо хоҳиш кард, ки рафта аспи ӯро аз боғи боло биёрад. Саъбагул хоҳиши ӯро ба ҷо овард. Вале Саъбагул дарзаи алаф тори сар қатори колхозчиён вақте ки ба деҳа мерафт, Бобои Забир савори асп пайдо шуд. Вай гӯё он бобои Забире набуд, ки чанд лаҳза пеш назди Саъбагул зораю илтиҷо карда, аспамро биёр, мегуфт. -Саъбагул, аз роҳат гард! – бо ғазаб фарёд зада аз болои асп ба дарзаи алафи ӯ чанг андохт. -Мардум, биёед, бинед ин комсомолдухтар ба давлат чӣ зарар меорад, бинед, гандуми хома даравидааст, барои говҳояш даравидааст, - одамонро аз роҳ гардонда, хӯшаҳои гандумеро, ки худаш ба қабати дарза ҷо карда буд, нишон медод ӯ. Милитсия ҷеғ зад. Саъбагулро ба хонааш даромадан намонда ба мошини милисаҳо савор карда район бурданд. Ба арзаш гӯш надоданд, ки мегуфт ӯ гуноҳ надорад, ин кори бригадир, вайро барои аспаш фиристода дар миёни дарзаи алаф хӯшаҳои гандум гузоштааст. Саъбагулро 12 сол суд кунонданд, дар ноҳия нигоҳ надоштанд, ба Сталинобод, аз он ҷо ба Новосибирск фиристоданд. Ҳамаи ин ҷанҷолҳо ба Саъбагул дар як муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфт, ки раиси Афзал дар Сталинобод, дар маҷлиси Шӯрои Олӣ буд. Ба ноҳия баргашта фаҳмид, ба Сталинобод роҳ гирифт. Аз ҳуқуқҳои депутатии Шӯрои Олӣ буданаш истифода карда баҳри озод намудани Саъбагул тамоми идораҳои қудратиро ба по хезонд, ба суду прокурори Новосибирск муроҷиат кард, масъала гузошт. Саъбагулро озод намуданд. Ба сари ин ҷавондухтари ҷойнодидаи деҳотӣ чи фишорҳое оварда будаанд, ки вай акнун Саъбагули пешина набуд, ақлаш коҳида, хаёлаш беҷо, парешон, ба худ наомад, орзуҳояшро дар дили ӯ кушта буданд. Вай аз аввалин духтарони озодандеш, ҷасури водии Кӯлобзамин буд, ки чун як шарора дурахшид, вале хомӯш нагашт, аланга шуд, роҳи ҳазори андар ҳазор занону духтаронро равшан сохт. Саъбагули ҷасур дар роҳи орзуҳо номурод монд, аммо баҳри дигар духтарон роҳ кушод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.