Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад

Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад

Вчера, 08:49
Хабарро хонданд: 27 нафар
Назарҳо: 0
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад28-29 майи соли 2026 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» гузаронида мешавад.

Дар кори форум намояндагон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон иштирок менамоянд.

Дар доираи форум аз рӯи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» озмун гузаронида мешавад. Тибқи нақша, касбомӯзон ва мутахассисони ҷавон (17-35-сола) аз рӯи касбҳои интихобнамудаашон бо ҳам рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» бо мақсади рушди малакаҳои касбӣ ва фароҳам овардани имконияти бокортаъминшавӣ барои шаҳрвандони мамлакат дар асоси созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дар доираи лоиҳа дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, ноҳияи Восеъ марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ ва дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара марказҳои рушди малакаҳо бо тарҳи замонавӣ бунёд карда шуданд. Дар онҳо омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар асоси принсипҳои методологияи нави таълим дар асоси салоҳият аз рӯйи 20 касби афзалиятноки соҳаҳои энергетика, сохтмон, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: