Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гитлер худкушӣ карда буд?

Гитлер худкушӣ карда буд?

10-05-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 18256 нафар
Назарҳо: 6
Гитлер худкушӣ карда буд?

Адолф Гитлер 30 –юми апрели соли 1945 дар таҳхонаи штаби генералии Берлин худкушӣ кардааст. Дертар бақимондаҳои узвҳои ҷасади ӯ аз ҷониби ҳарбиёни Шуравӣ пайдо карда шудан ва ба музейи давлатии Русия, Москва оварда шуданд.

Аммо то ҳанӯз атрофи марги Гитлер аз ҷониби таърихшиносон назар ва андешаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳаққонияти худкушии Рейхс-канслери Олмони фашистиро рад мекунанд.
26 апрели соли 1945 Артиши шӯравӣ се ҳиссаи шаҳри Берлинро забт карда буд. Дар он лаҳза Гитлер дар таҳхонаи зеризаминии дуошёнагӣ хамроҳи Геббелс ва аъзоёни оилааш, сардори штаби генералӣ Кребс, котибон, адютантҳо ва муҳофизонаш, панаҳ бурда буданд.
Яке аз афсарони штаби генералии Олмон дар бораи вазъ ва ҳолати ҳамонлаҳзаи Гитлер чунин нақл мекунад: “Рейхс-канслер хеле хаста буд ва базӯр ҳаракат мекард. Миёнаш хам шуда, дасти росташ беист меларзид. Чашмонаш хуноб гашта буданд. Бегоҳӣ ба таҳхона яке аз беҳтарин ҳавонавардзани олмонӣ Ханна Райч, ки Гитлер сахт ба ӯ эътимод дошт, ташриф овард. Ин зан манзалати ӯро аз ҳама боло дониста, Гитлерро бениҳоят зиёд эҳтиром мекард ва ба ӯ эътимоду эхтиқоди қавӣ дошт. Гитлер ба Хана гуфт:
- Ханна шумо ба гурӯҳи вафодорони ман шомилед ва мехоҳам, ки ҳамроҳи ману занам Ева худкушӣ кунед ва моро сузонанд. То ҷасали мо ба дасти русҳои малъун нарасад” -ва Гитлер ба Хана пораи ампулаи заҳрро дароз кард...
Ҳайратовараш он буд, ки Гитлер бо занаш Ева Браун то ҳанӯз ақди никоҳ набаста буд ва ин корро як рӯз пеш аз маргаш дар таҳхонаи рейх бо Ева анҷом дода, расман хонадор шуд. Шаҳодат медиҳанд, ки пеш аз худкушиаш Рейхс-канслер ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Борман, Геббелс, Бургдорфом, Кребсом, Аксман, котибаҳояш Юнга ва Вайхелт видоъ карда гуфта буд: “ Ман меравам ва шумо ҳам барои номи Германия шуда нагузоред, ки ба дасти русҳо афтел..”.
Дар атрофи худкушии Гитлер ду фарзия мавҷуд аст, гурӯҳе мегӯянд, ки ӯ худашро бо таппонча паррондааст ва занаш низ ба ӯ пайравӣ кардааст, ҳатто сагони дӯстотаашро низ бо дасти худаш кушатааст. Аммо фарзияи дигар он аст, ки онҳо заҳр хӯрдаанд. Маҳз хамин дуандешагӣ таърихшиносонро ба он водор намудааст, ки дар бораи марги Гитлер бовар накунанд. Бубинед баъди худкушӣ , сурати ҷасади ӯ аз тарафи аккоси номаълум гирифта шудааст ва гӯё бо ин маргашро исбот кардаанд. Дар фарзияи дигар ӯ заҳр хӯрдааст. Ин ҳам аз ҳаққоният дур аст. Агар дар ҳақиқат ин гуфтаҳо шаққоният медоштанд, шоҳидони воқеа, ки дар он лаҳза хеле зиёд буданд, чаро атрофи ҳолати марги ӯ ҳақиқати ҳолро нагуфтаанд. Гӯё бо фармони Борман ҷасадҳоро ба берун бароварда, дар боғи Рейх- канслер оташ заданд ва гӯё барои ин кор 200 л. маводи сӯзишвориро низ масраф кардаанд, аммо ҷасадҳо то ба охир насӯхтаанд. Сипас ҷасадҳоро ба замин гӯр кардаанд. Ҳақиқати ин фарзия ҳам аз эҳтимол дур аст.
Назари дигаре ҳаст, ки ҷасади Гитлер ва Ева Браун 4 майи соли 1945 аз ҷониби афсари Шуравӣ Чураков ёфта шуд вале бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум, ҷасадҳо баъди чор рӯз, 8 май ба мурдахонаи Берлин оварда шудаанд. Мувофиқ ба нишондоди ташхисгарони тиббӣ гӯё ин ҷасадҳо ба Гитлер ва зани ӯ тааллуқ доштанд, аммо чӣ хеле , ки мо аз таърих медонем Гитлер ба худ якчанд ҳамшабеҳхо (двойникҳо) дошт ва ин фарзия ҳам шубҳадор аст.
Ба ҳар ҳол ҳукумати Шӯравӣ ба хотири он, ки мабодо қабри Гитлер барои ояндагони неофашист зиёратгоҳ нагардад, якчанд маротиба ҷасадҳоро аз як ҷой ба ҷоӣи дигар кӯчонда гӯронданд.
13 марти соли 1970 раҳбари кумитаи амнияти Шуравӣ Юрий Андропов фармон дод, ки ҷасади Гитлер сӯзонда шавад ва хокистари он аз чархбол дар ҷои номаълум пош дода шавад.Аммо косахонаи сари ӯро ба хотири ташхисгарон маҳфуз монданд ва он дар осорхонаи давлатии Русия то ҳанӯз нигоҳ дошта мешавад.
Овозаҳои зинда будани Гитлер баъди итмоми Ҷанги Булурги Ватанӣ ба зуди дар тамоми дунё паҳн гардид. Пеш аз ҳама ба марги ӯ англисҳо, амрикоиҳо ва франсузҳо бовар намекарданд. Овозае буд, ки Гитлер ва ҳаммаслаконаш бо роҳи махфӣ аввал ба Шветсария, сипас бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба Испанияи фашистӣ ва мамлакатҳои Америкаи лотинӣ рафтаааст.
Соли 2009 кормандони донишгоҳи амрикоии Хартфорд (штати Коннектикут), косахонаи сар ва ҷоғи Гитлерро ташхис карданд, ки он ғалат будани тамоми фарзияҳои аз ин пеш бударо исбот намуд. Ташхиси ДНК нишон дод, ки косахонаи сари дар осорхона буда, на аз Гитлер , балки аз зане ҳаст, ки зимни ба ҳалокат расиданаш ҳамагӣ 35-40 сол доштааст. Ин ташхис кормандони амнияти русияро ба шӯр овард ва онҳо мегуфтанд, ки ин дурӯғи маҳз аст. Аммо ҳақиқат ҳақиқат аст ва кормандони амният маҷбуран гуноҳро ба сари афсари косахонаи сари Гитлерро ёфта бор карданд. Гӯё ин афсари рус хато карда будааст. Ҳамаи ин боз дар байни таърихнигорони ҷаҳон ғулғуларо барангехт ва фарзияи худкушӣ накардани Гитлерро зиёд гардид.
Борис Камов журналист- тадқиқотчӣ аз паи ин қазия тадқиқоти журналистӣ бурда чунин навиштааст: “Рейхс- канслери Германияи фашистӣ пеш аз овозаи маргаш тамоми ҳуҷҷатҳои тиббиашро аз табобатгоҳи рейх гирифта, ба воситаи ҳавопаймо ба самти номаълуме равона кардааст, аммо ҳавопаймо гӯё ба садама гирифтор шуда, ҳуҷҷатҳо несту нобут шадаанд. Аммо дар асл ҳуҷҷатҳо ба дасти шахсони алоҳида мерасанд ва танҳо баъди чор сол мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо дар дасти шахсони номаълум аён мегардад.
Гуфтае ҳаст, ки фарзияи зинда будани Гитлер дар се ҷилд дар ҳаҷми 700 саҳифа соли 1949 ба дасти Сталин мерасад, вале Сталин хулосаи даркорӣ бароварда наметавонад, зеро атрофиёнаш ӯро бовар мекунонданд, ки Гитлер кайҳо мурдааст ва ин ҳама бозии Ғарб аст.
Вале дар ҳар сурат ба мурда будани Гитлер бисёриҳо бовар намекарданд ва ҳатто ҳавонавардони олмонӣ мегуфтанд, ки мо бо чашми худ дидем, ки Гитлер гурехта рафт. Соли 1947 капитан Peter Baumgart, аз мақомоти махфии Полша Luftwaffe KG, Густава Уинтера – Villa Winter, соли 1947 дар суди Полша изҳор дошт, ки ҳамроҳи Гитлер аз аз фурудгоҳи муаққатии Hohenzollerndamm парвоз карда буд.
Ҳавонаварди дигар изҳор дошт, ки Гитлерро аз Еву Браун бо гидро- ҳавопаймояш ба назди киштии зериобӣ расонд ва дар он кишти ӯ ба Америкаи чанубӣ рафт. Баъдан мувофиқи гуфташ ӯ бо афсарони Гитлер ба Дания рафтааст ва генерал Фраенко барояш ҳавопаймо ҷудо кардааст. Бо кӯмаки генерал Фраенко ба ҷазираҳои Канара парвоз кардааст ва аз он ҷо дар киштии зериобӣ ба Аргентина рафта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ намудаст.
Чӣ хеле ки аз таърих маълум аст, дар ин ҷазира базаи махфии Германия бо роҳбарии Густав Уинтер – Villa Winter ҷойгир буд. Мувофиқи нишондоди баъзе аз махазҳои таърихӣ ин киштии зери обиро амрикоиҳо таслим карда буданд ва гуфтае ҳаст, ки Мартин Борман ба онҳо ваъда кардааст, ки барояшон тамоми олимони бонуфузи олмонӣ ва бомбаи атомиро медиҳад, вале онҳо ба сафари онҳо халал нарасонда дидаашонро махфӣ нигоҳ доранд ва пулҳояшонро баргардонида диҳанд... Амрикоиҳо ба ин розӣ шуданд ва олмониҳо ба сафарашон идома дода, ба манзили мақсудашон расиданд.
Ҳаминҷост, ки зинда будани Гитлер то ҳанӯз ниҳон мондааст, аммо боз кӣ медонад?...
Т.Орифӣ








.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (6)
Rob 22 июня 2022 06:50
Wonderful article! We will be linking to this particularly
great post on our website. Keep up the great writing.


my website - sv388
Цитировать          1
Polly 29 февраля 2024 10:22
decimation bethanechol liquid panela bethanechol cat seizure - bethanechol for autonomic neuropathy bethanechol drug class quizlet
digest indications of bethanechol
Цитировать          2
Warner 22 июля 2024 16:10
At Advantage Plumbng and Rooter, wwe make an effort to drliver
the best Learn More Plumbing Company Los Angeles
companies possible. Our qualified and insured plumbers are highly skilled and experienced, capable of tackling any plumbing issue
you encounter.Be it a leaky tap or a complex repair,
our target is on top quality workmanship and lasting fixes,
all guaranteed by a robust promise. We serve Los Angeles and
surrounding areas.
Цитировать          3
Fredericka 18 августа 2024 10:35
When someone writes an piece of writing he/she keeps the thought of a user in his/her mind that how a user can be aware of it.

Therefore that's why this article is outstdanding.
Thanks!

Here is my web page wholesale sex toys
Цитировать          4
Kelly 31 августа 2024 20:50
You can define as many tasks as you like and all get submitted
all at once.

Feel free to visit my website :: Modesto
Цитировать          5
Jeannette 31 августа 2024 20:53
You will certainly require to complete the anchor message,
partial suit anchor text, and branding anchor
message also.

Look at my webpage :: Gsa ser link list
Цитировать          6
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: