Маҷлиси Шурои марказии ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» баргузор шуд24-03-2022, 10:04
Хабарро хонданд: 12734 нафар
Назарҳо: 19
Чанде пеш маҷлиси Шурои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон-муовиниРаиси ҲХДТ, Аҳмадзода Оятулло Изатулло-раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар маҷлис, инчунин Мирзозода Иброҳим Холмурод-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Одиназода Ҳуснигул -вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ғаффорӣ Нуъмонҷон-ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аъзои Шурои марказӣ, роҳбарони намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Дар Маҷлиси Шурои Марказии ташкилот ду масъала –Дар бораи гузориши раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар соли 2021 ва нақшаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятииҷавонон “Созандагони Ватан” ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. . Дар гузориши Аҳмадзода Оятулло Изатулло- раиси Ташкилоти ҷамъиятииҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2021 зикр гардид, ки дар маҷмӯъ дар соли 2021 аз ҷониби намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятииҷавонон“Созандагони Ватан” дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 487 мулоқоту вохӯрӣ, 128 мизи мудаввар, 321- чорабинӣ ба ифтихори санаҳои давлатию касбӣ, 154 хониши сиёсӣ оид ба амалишавии қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 127 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, 87 озмунҳои характери гуногундошта гузаронида шудааст. Дар бахши музокира Ғуломов Меҳроҷ-роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Бобохонзода Раҷабалӣ- аъзои Шӯрои марказӣ ва Наимов Бегмурод-олими ҷавон баромад карданд. Маҷлиси Шуро бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-ро тасдиқ кард. Сипас Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон суханронӣ намуда, гуфт, ки ТҶҶ “Созандагони Ватан” яке аз ташкилотҳои бонуфузи кишвар ба шумор меравад, ки дастпарваронаш дар ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Дар маҷлиси Шурои марказӣ Латифзода Асрор Қурбон-муовини Раиси ҲХДТ суханронӣ намуда, зикр кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, дар ин давра рушди бонизоми ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин шудааст. Латифзода таъкид кард, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат, Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ниҳоят зиёд аст. Мо чунин таваҷҷуҳу ғамхориро дар амалишавии пешниҳоду ибтикор ва ба зинаҳои роҳбарикунанда роҳ ёфтани ҷавонон мебинем. Илова бар ин, мулоқот бо ҷавонон ва роҳнамоӣ намудани ин қишри ояндасози ҷомеа яке аз самтҳои афзалятноки сиёсати Роҳбари давлат ба шумор меравад. Латифзода Асрор Қурбон-муовини Раиси ҲХДТ дар рафти суханронӣ оид ба фаъолияти минбаъдаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон“Созандагони Ватан” дастуру ҳидоятҳо пешниҳод намуд. Дар поёни маҷлиси Шурои марказӣ ба як қатор аъзои Шурои марказӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Сипосномаи ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ифтихорнома ва Сипосномаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” тақдим шуд. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.