Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АБДУЛЛО МУҚАРРАБИРО НАҲЗАТИҲО КУШТА БУДАНД

АБДУЛЛО МУҚАРРАБИРО НАҲЗАТИҲО КУШТА БУДАНД

21-10-2022, 17:59
Хабарро хонданд: 6549 нафар
Назарҳо: 1
Яке аз шохаҳои терроризми байналхалқӣ – ТТЭ ҲНИ аст, ки ахиран аз тарафи додгоҳи олии Федератсияи Россия низ мамнуъ ва террористӣ эълон гардид. Мақомоти ин кишвар баъди баррасии масъала ва бо ба эътибор гирифтани тамоми далелҳо дар бораи силсилаи ҷиноятҳою террорҳои ТТЭ ҲНИ онро мамнуъ ва террористӣ эътироф кардааст. Албатта ин амал мантиқан дуруст ва ҷиҳати пешгирии терроризм муҳим аст. Зеро наҳзатиҳо бо афкору мақсадҳои доштаашон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми кишварҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Россия таҳдид менамоянд.
Маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳануз аз солҳои навадуми асри гузашта сар карда то мамнуъ эълон шуданаш дар Тољикистон фаъолияти тахриботӣ мебурд. Муллоҳои иртиҷоии наҳзатӣ дар байни мардум таблиғоти ифротгароёна бурда, майнаи одамонро заҳролуд мекарданд. Дар ҷомеа ихтилофу нобоварӣ бармеангехтанд. Ҳамин тавр, дар солҳои навадум ин ташкилот бо аланга додани оташи ҷанги шаҳрвандӣ боиси фавти бештар аз саду панҷоҳ ҳазор одамон шудааст.
Дар асл, ҷиноятҳои ин ташкилоти ифротии наҳзатӣ ҳисоб надоранд. Аммо яке аз ваҳшониятҳои он куштору террори беҳтарин фарзандони тоҷик, олимону сиёсатмадорон ва шахсони дигари маъруф, аз ҷумла хориҷиҳо мебошад. Роњбарият ва аъзои ТТЭ ЊНИ шумораи зиёди ашхоси саршинос ва чењрањои огоњу бедорро вањшиёна ба ќатл мерасониданд.
Ҳамин тавр, 24-уми сентябри соли 1999 дастаи қотилони ТТЭ ЊНИ иборат аз Комилов Ф.И., Миров Т.М. ва Нарзуллоев М.Н. бо супориши бевоситаи роњбари ин ташкилот ва бо маслињати пешакї ба манзили зисти сарвари љараёни динии «Бањоия» дар Тољикистон - Абдулло Муќаррабї, воќеъ дар шањри Душанбе ворид гардида, уро аввал бераҳмона лату кўб менамоянд ва дастонашро бо сим баста, бо истифода аз силоњи оташфишон вањшиёна ба ќатл мерасонанд.
Айни завмон, ки чунин раванд ва аммалњои номатлуби террористї ва экстремистї ба як хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мушоњидањо нишон медињанд, ки дар гўшањои гуногуни сайёра миллионњо нафар одамон гирифтори хавфу тањдид ва оташи љангу низоъњо гардидаанд ва зуњуроти терроризму ифротгарої ба хатари бесобиќаи љањонї табдил ёфта, оќибатњои фољеабору дарозмуддати љамъиятиву сиёсї ва маънавиро ба бор меорад.
Танњо дар зарфи солњои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё њадафи амалњои харобкоронаи террористон ќарор гирифта, бар асари њамлањои террористї садњо њазор нафар ањолии осоишта ба њалокат расидаанд ва миллионњо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иќтисодиёти кишварњо расонидашуда садњо миллиард долларро ташкил медињад.
Баъд аз ба даст омадани истиќлолият дар Љумњурии Тољикистон мардуми тољик мардум мавриди таҳоҷуми иттилоотии фарогири диниву мазњабї ќарор гирифтанд. Як қисми мардуме, ки шинохти зарурї аз дину мазњаб надоштанд, мумкин буд ба њар самту равияе кашида шаванд. Ин њама амалњои душманона ва муќоибили арзишњои фарњангию миллии тољикон дастуру фармонњои роњбарияти ТТЭ ЊНИ буда, нишонаи бармалои душмании нањзатињо бар миллату мењани хеш аст.
Нањзатињои террористу экстремист манфиати миллатро нодида гирифта, худро љойгузин ва намояндаи Худо муаррифї мекарданд. Бисёре аз шахистяњои на танњо марбут ба илму дониш ва фарњангу маърифат, чун М.Осимї, О.Латифї, Ю.Исњоќї, С.Афардї, М.Шерализода, М.Олимпур, М.Назаршоев, А.Рањимов, Њ.Њайдаршо ва дигарон, балки рўњониёни маъруфу саршиноси кишвар ва пайравону намояндагони дигар мазњабњои исломиро вањшиёна ва берањмона ба ќатл расониданд. Инчунин яке кушторњои дањшатборе, ки террористони нањзатї ба сомон расониданд, ин дар рўзи равшан ва дар маркази пойтахт ба ќатл расонидани роњбари зардуштиёни Тољикистон мебошад.
Мутаасифона, дар љомеаи мо аъзои гурўњи дањшатафкану вањшатангези ТТЭ ЊНИ ба амалњое даст мезаданд, ки вањшиёни ёбоиву хунхор њељ гоњ ин гуна рафторро раво намедиданд. Дар баробари ин ќадар ќатлу куштор ва вањшониятњо боз нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он сањм гузоштан мехостанд. Тавре ки дар боло зикр кардем. яке аз чунин амалњои дањшатбор ва фалокатбори намояндагони ТТЭ ЊНИ ба ќатл расонидани роњбари љараёни динии «Бањоия» дар Тољикистон Абдулло Муќаррабї мебошад.
Бо куштани роњбарони љараёни «Бањоия» дар Тољикистон роњбарият ва намояндагони ТТЭ ЊНИ ба мардуми кишвар нишон доданї буданд, ки эшон њељ гуна афкору андешаи дигар ва ё љадидро ќабул надоранд. Акнун, аз ин љо хулоса мебарояд, ки эшон пайрави динњои дигарро ин гуна несту нобуд кардаанд, пас, онњо ба дунявиён демократњо ва равшанфикрону озодандешон чи гуна муносибат менамоянд? Њар нафари аз ин ќатор ба дасташон афтодаро ба ќатл мерасонанд.
Ин аст амали дасти раҳбару аъзои ТТЭ ЊНИ. Бинобар ин, муќовимат бо терроризм, аз љумла ба тамоми аъзоён, пайравон ва мубаллиѓони ТТЭ ЊНИ яке аз самтњои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки Тољикистон терроризмро бо тамоми зуњуроташ ќотеъона мањкум менамояд ва аз талошњои дастљамъонаи љомеаи башарї дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонї менамояд.
Њамин тавр, терроризм ба унвони як зуњуроти номатлуб аз худ ќурбонињои зиёди инсонї ба бор оварда, арзишњои моддию маънавї ва фарњангиро хароб менамояд, ки дар тўли асрњо наметавон онро барќарор сохт. Он дар байни гурўњњои иљтимої ва миллї бадбинию набоварї тавлид месозад.

К. Субҳонзод,
муҳаққиқ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Cindi 29 февраля 2024 15:57
ouverture coming off of pristiq usadili ekumenickej desvenlafaxine er cut in half - desvenlafaxine n-oxide pristiq vs zoloft zalewski desvenlafaxine complications
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: