Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ЭЛИТАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМИ МИЛЛӢ

ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ЭЛИТАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМИ МИЛЛӢ

31-01-2026, 06:30
Хабарро хонданд: 33 нафар
Назарҳо: 1
ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ЭЛИТАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМИ МИЛЛӢ
ПЕШНИҲОД




Дар шароити ҷаҳони пуртазоду зудтаѓйирёбанда рушди устувори давлатҳо, пеш аз ҳама, аз сатҳи илму маориф, сифати захираҳои инсонӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарият вобастагии мустақим дорад.
Таҷрибаи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ далели равшани он аст, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз марҳалаи бисёр душвори таърихӣ гузашта, ба давлати дорои суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт.
Имрўз фаъолияти Пешвои миллат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун мактаби муваффақи давлатсозӣ, сулҳофаринӣ ва идоракунии стратегӣ эътироф гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ қарор дошта, таҷрибаи сиёсӣ ва ташаббусҳояшон ҳамчун намунаи омўзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат қабули шаш ташаббуси ҷаҳонии кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Масъалаҳои марбут ба об, таѓйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ табдил доданд.
Ин ташаббусҳо на танҳо обрўи байналмилалии давлатро таҳким бахшиданд, балки заминаи воқеии рушди илм, таҳқиқоти академӣ ва омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалиро фароҳам оварданд.

МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ
Маориф дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷойгоҳи калидӣ дорад. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсис ёфта, таҷдид гардиданд. Литсей ва гимназияҳои президентӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба фаъолият оѓоз намуданд. Барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонони лаёқатманд роҳандозӣ гардида, ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон фиристода шуданд.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, сармоягузорӣ ба маориф-сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.

ДОНИШГОҲИ ЭЛИТАРӢ-МАРКАЗИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТАҲҚИҚОТ
Дар шарҳи илмӣ мафҳуми “элита” ҳамчун намояндагони пешрафтаи ҷомеа маънидод мегардад. Аммо дар доираи Донишгоҳи элитарии Тоҷикистон ин мафҳум маънои маҳдудиятро надошта, баръакс, фароҳам овардани шароити беҳтарин барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, дастрасии баробар барои ҳар як ҷавони соҳибистеъдод ва ташаккули мутахассисони рақобатпазирро ифода мекунад.
Тавре ки Дени Дидро таъкид намудааст, ҳар як инсон дорои истеъдоди хос аст ва рисолати таълим кашф ва рушди он мебошад.

Пешниҳоди таъсиси Донишгоҳи элитарии Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ
Раҳмон ҳамчун як иқдоми стратегӣ ба рушди дарозмуддати кишвар нигаронида шудааст. Ин донишгоҳ метавонад ҳамчун маркази пешрафтаи илмӣ-таҳқиқотӣ гардад. Мутахассисонро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди сабз, энергетика, захираҳои об, рақамикунонӣ омода намояд. Моделҳои муосири таҳсилоти дуалӣ ва инноватсиониро татбиқ созад.
Дар фаъолияти донишгоҳ ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои Ҳарвард, Стэнфорд, Оксфорд, Кембриҷ, MIT, Йел ва дигар марказҳои илмии Аврупо ва Осиё дар назар дошта мешавад. Барномаҳои дудиплома, мубодилаи академӣ ва ҷалби профессорони хориҷӣ сифати таълимро ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасонанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РАМЗИ ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун профессори фахрии даҳҳо донишгоҳҳои хориҷӣ, дорандаи медали тиллоии ЮНЕСКО, барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ ва Пешвои эътирофшудаи сулҳ заминаи мустаҳками маънавӣ ва илмиро барои таъсиси чунин донишгоҳ фароҳам овардаанд.
Бинобар ин, таъсиси Донишгоҳи элитарии Тоҷикистон таҳкими амнияти зеҳнӣ ва иқтисодии кишвар, баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ, воридшавӣ ба рейтингҳои байналмилалии донишгоҳҳо, тарбияи насли нави олимон, муҳандисон ва роҳбарони ояндаро таъмин менамояд.
Пешниҳоди таъсиси Донишгоҳи элитарии Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон аз эҳтироми амиқ ба нақши таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Роҳбари давлат Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз марҳалаи душвори таърихӣ гузашта, ба кишвари сулҳпарвар, дорои суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт.
Таҷрибаи давлатсозии Пешвои миллат имрўз ҳамчун мактаби муваффақи идоракунии давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омўзиш қарор дошта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ, чун Ли Куан Ю шинохта мешаванд.
Ҳамчунин, пешниҳод ва таъсиси Донишгоҳи элитарии Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба рамзи давлати муосир, илмомўз ва рақобатпазир табдил ёбад.
Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат буда, барои рушди устувори Тоҷикистон, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва омодасозии кадрҳои сатҳи ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.

Нуралӣ ШОҲИЁН,
номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ,
барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Юсуф 31 января 2026 11:58
Пешни?оди мазкур ?айрима?саднок мебошад. Устод 7 сол дар Донишго?и давлатии Дан?ара системаи таълимро пурра торо? гардонида буданд. ?оло он ки номи Пешвои муаззами миларо мавриди истифода ?арор додан мехо?анд боя 1000 бор андеша кунад.Агар лозим дониста шавад спл?о кард?ои варзидаву замонав? дар ?укумати мамлакат кор мекунанду ва?таш ояд худашон чи кор карданро медонанд.
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: