Модар7-03-2018, 12:00
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон бекарон ва ҷовидон аст. Модар ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар аст. Шоирон гуфтаанд: Як шаба ранҷе, ки Модар кашид Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. Бале, Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст; Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад. Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд… Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд! Ҷанннат, ки ризои Модарон аст Дар зери қудуми Модарон аст. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар и 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад. Наргис Шамсова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.