ҒИЗОЛЕ МАҶРУҲ11-07-2018, 14:02
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Бар фарози қуллаи таърих Мениҳам пои хаёл, Медавонам чашм бар чор сӯ, Мебинам Як гизоле бас қашанг, Аммо маҷруҳ Бо беқарорӣ медавад дар синаи куҳ. Қатра-қатра хуни наформани ӯ Мечакад чун қатраи ашк Аз дидагони захм, Рӯи барфи нуқрагин Мекашад раҳ. Саргиреҳи ин таноби арғувониро Сахт печонда дар ангуштон Як нафар сайёди лангу тангчашм Сайди маҷруҳро То имрӯз Мекунад таъқиб. Аз димоғам мебарояд оташи ох: Саргузашти миллатам ин нест? Ҳамроҳи Авлиёпур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.