Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешавандВчера, 08:53
Хабарро хонданд: 27 нафар
Назарҳо: 0
Аз 25 то 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи ин чорабинии фарҳангӣ 26 май, соати 18:00 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қисмати асосии чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир карда мешавад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг замина мегузорад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад. Он инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.




[/banner_right-3]


