Дар олами кӯдакӣ ба модарам қавл додам, ки ҳеҷ касеро бештар аз ӯ дӯст надошта бошам. Модарам маро бӯсиду гуфт:
-Наметавонӣ азизам.
Гуфтам:
- Метавонам. Ман туро аз падар, бародар ва хоҳарам бештар дӯст дорам.
Модар гуфт:
-Яке меояд, ки наметавонӣ бештар аз ӯ маро дӯст дошта бошӣ.
Ҳангоми булуғӣ, дӯсти азизе пайдо кардам, аммо боз модарамро бештар дӯст медоштам.
Муаллиме доштам, ки шефтааш будам, вале на ба андозаи модарам. Дар шоҳроҳӣ ҳаёт ба ҷавоне ошиқ шудам. Хаёл кардам, ки наметавонам ба қавли кӯдакиам амал кунам ва пеши худ гуфтам:
-Кадом якеро бештар дӯст дорӣ? Боз модарро интихоб кардам.
Солҳо гузашт ва яке омад. Яке, ки тамоми ҳастиям шуд. Ҳамон рӯз модарам бо шодмонӣ хандиду гуфт:
- Дидӣ, ба қавлат вафо карда натавонистӣ…
Ман ҳарчӣ фикр кардам, ӯро аз модарам ва аз тамоми дунё бештар дӯст медоштам. Ӯ бо омаданаш султони қалби ман шуд ва наметавонистам, ки ба қавли даврони кӯдакиам вафо кунам. Охир ман худ модар шудам.