Хоб. Чӣ тавр онро «даъват» метавон кард?12-05-2023, 07:30
Хабарро хонданд: 8775 нафар
Назарҳо: 20
![]() Маъмулан шахсони гирифтори ин мушкилот аз он шикоят доранд, ки андешаҳои гуногуни ба сарашон меомада онҳоро шабона аз хоб рафтан бозмедоранд. Ин фикрҳо гоҳо вақти хоб будани инсон ҳам дар майнааш чарх мезананд, зеро майна аксаран дар вақти хоб будани ҷисм ҳам кор мекунад. Барои раҳоӣ аз ин ҳолат инсонро зарур аст, ки андешаҳояшро ба низом дарорад. Яке аз роҳҳои ба тартиб овардани фикр ва онро идора кардан ин сабт кардани овози худ дар диктофон, яъне номбар кардани проблемаҳое, ки азобат медиҳанд ва сабт кардани онҳост. Диктофонро (ҳозир аксари телефонҳо диктофон доранд) шаб ба даст гирифта андеша, яъне проблемаҳоеро, ки ба ёдат меоянд, такрор мекунӣ то даме, ки онҳо ба пуррагӣ сабт бигарданд. Масалан, фикри он ки: «…писарат кори хуб намеёбад, набераҳо беморанд, нархҳо қиматанд, маошат кам аст, фарзандонат дар Русия азоб доранд ё дар хатаранд, волидони пират беморанду мӯҳтоҷи ёрмандӣ, ҳамсояаат одами бахил асту ҳар дам ба асабат мерасад, шавҳарат хиёнат мекунад, нафақаи волидонат ба доруҳояшон намерасад, тӯйи духтарат дар пеш асту додаронаш аз Русия пул фиристода наметавонанд ва ғайра» шаб вақти хоб асабро вайрон карда хобро мепарронанд. Мусаллам аст, ки дар ин ҳолат майна бошиддат кор мекунад, вақте ки ин қадар проблемаҳои шуморо ташвиш медода номбар карда мешаванд, майна ба истилоҳ фиреб мехӯрад, фикр мекунад, ки ин проблемаҳо гуфта шуданд, яъне ҳал гаштаанд. Агар аз таҷрибаи зиндагӣ ба хотир биёрем, ҳастанд одамоне, ки ба ҳама кас ба шиносу ношинос аз мушкилоти худ шикоят мекунанд. Онҳо ин амалро дар маърака ҳам мекунанду дар истгоҳ ҳам, бо дугонаашон ҳам дарди дил мегӯянду дар навбати духтур бо шахси тамоман ношиносе ҳам, дар нақлиёт бо ҳамсафару дар истироҳатгоҳ бо ноошное ҳарф мезананд. Онҳо бо ин амал худро ором мекунанд. Оилаҳое ҳастанд, ки зану шавҳар масъалаҳои оилавиро бо ҳам якҷоя матраҳ намесозанд, ҳамроҳ ҳал намекунанд, дар ин гуна хонаводаҳо ногуфтаниҳои зиёде боқӣ мемонад, ки онҳо баъдан чун мушкилот майнаи бошандагонашро озор медиҳад. Масалан, зан, агар чизеро аз шавҳараш хоҳиш карданӣ бошад, вале аз ӯ битарсаду онро гуфта натавонад, вақти ба хоб рафтан чандин бор он гуфтаниҳояшро дар фикраш бо тарзҳои гуногун чарх мезанонад ва хобаш мепарад. Агар миёни онҳо муносибатҳо соддаву хуб бошанд, зан зуд ин мушкили дар сараш пайдошударо ба ҳамсараш мегӯяд ва онҳо дукаса онро ҳал мекунанд ё ақаллан ин андеша дигар хати занро парешон намесозаду хобашро вайрон намекунад. Хулоса ашхосе, ки мушкилоти доштаашро доимо мегӯяд, пинҳон намедорад, худро роҳаттар ҳис мекунанд, нисбат ба онҳое, ки дарундоранд, яъне сирашонро пинҳон медоранд. Одамоне, ки сир нигоҳ намедоранд, осуда мехобанд ва дар вақти хоб андешаҳо тазъиқашон намедиҳад, асабашон ором мешавад. Дар ин амал муҳим он аст, ки ҳамон мушкилоти «дарди сарро» бо сухан ва бо овоз бозгӯ намоӣ, на ин ки аз дил бигузаронӣ. Дар ин ҳолат то андозае сабук мешавӣ. Агар фикру андешаҳои нороҳаткунанда тазъиқтон бидиҳанд, хобатонро парронанд ва шумо азоби бехобӣ кашед, дар тибби шарқӣ чунин маслиҳате ҳаст: «Миёни ҷогаҳи хоб дастҳоро ба ду тараф партофта баданро суст гардонед. Нафасро дарун кашида қисмати болои баданро бардошта бо як ҳаллос аз ҷой нимхез шуда дар ҷогаҳ бишинед, зонуҳоятонро ба оғӯш бигиред. Нафасро бароред ва баданро суст карда худро боз ба ҷогаҳ партоед. Ин амалро такрор созед, то ҳафт маротиба. Баъди ин дастҳоро болои шикам монда ором- ором бо шикам нафас бигиред ва мебинед, ки оҳиста- оҳиста хоб чашмони шуморо мепӯшонад». Амали дигари хобовар ин аст, ки шумо ягон чизи хеле ноҷолибро гирифта бихонед. Он метавонад китобе бошад, ё ҳатто дастурамали истифодаи ягон асбобе. Фарқ надорад, ки чи аст он, муҳим аст, ки хондани он бароятон диққатҷалбкунанда набошад ва шуморо хоб биёрад. Умуман хондан майнаи инсонро аз фикр кардан дур месозад ва оҳиста-оҳиста мушкилатон аз хотир меравад ва шуморо хоб мебарад. Зинҳор нагузоред, ки андешаҳои ботил сабаби бехобиятон бигардад, зеро бехобӣ ё камхобӣ ҷисми шуморо ҳатман дардманду ранҷур месозад. [b]Ҳ. Юсуфӣ[/b] |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.