Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

29-08-2024, 16:58
Хабарро хонданд: 1350 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБ
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҳаллаи Гулобод чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насим Ҳомидзода, сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Гулобод ва Гулистони ноҳияи Шоҳмансур ва наврасону ҷавонони ҳудуди маҳаллаҳои мазкур ширкат варзиданд.
Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кушода сараввал кулли ҳозиринро ба ифтихори 33 - солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, зимнан андешаҳои худро оид ба моҳияти Истиқлоли давлатӣ, арзиши олӣ доштани он ва талошҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо, дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии хеш, эҳё гардидани урфу одат, анъанаҳо ва рукнҳои хоси миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, бунёди давлати миллии тоҷикон таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, қайд намуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имкон дод, то забони давлатӣ, таъриху фарҳанги кӯҳан ва урфу одатҳои хоси миллии хешро эҳё бисозад ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пос дорад.
Дар идома, бо иштироки гурӯҳи ҳунармандон баҳри болидаруҳии сокинону истиқоматкунандагон ва наврасони хушиқболи меҳан барномаи консертӣ барпо карда шуд.
Ҳамзамон, ба ин муносибат миёни наврасону ҷавонон бозиҳои дӯстонаи футбол баргузор гардид.

ХУҶАНД: МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ КУМИТАИ МАҲАЛЛАИ “ВАҲДАТ”

Дар хобгоҳи 7-и кумитаи маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, терроризму ифротгароӣ ва дар руҳияи инсондӯстиву ифтихори ватандорӣ талқин намудани шаҳрвандон ва риояи қонунҳои амалкунанда “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо иштироки мушовири раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова мулоқот баргузор гардид.
Зикр гардид, ки хурофоту ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва касбу ҳунар пайваста даъват намоем.
Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот кӯшиш ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллӣ ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ: ВОХӮРИҲОИ ДЕҲА БА ДЕҲА
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Мулоқоту гурӯҳи муштараки таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо усули деҳа ба деҳа бо сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чӯянгарон анҷом ёфт.
Таблиғотчиён бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода сараввал бо тарзи зисту зиндагии сокинон, истифодаи заминҳои корам, ободонию созандагии онҳо шинос шуданд. Ислом Ҳайдарзода доир ба мавзуи ватандӯстию арҷгузорӣ ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ, хизмати Ватан - қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар ва баланд бардоштани фарҳанги маҳалдорию маърифати ҳуқуқӣ суҳбат намуд. Раисони маҳаллаҳо бо навбат доир ба рафти ободонӣ, бунёди синфхонаҳои иловагию истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмири роҳҳои деҳа гузориш доданд.
Сипас, аъзои гурӯҳ - намояндаи Хадамоти муҳоҷират Сарабек Асозода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат Абубакр Идиев, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Фотима Табарова ва раиси ҷамоат Баҳриддин Мирзоев дар масъалаҳои риояи қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубош дар хориҷи мамлакат, хизматрасониҳои раёсати Агентии меҳнат ва шағли аҳолӣ ва татбиқи қонунҳои миллии кишвар, бо таҳсилу касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани наврасону канораҷӯӣ аз парастиши фарҳанги бегона суҳбат намуданд. Мулоқот дар руҳияи баланди ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаи ҳадафмандонаи ҳизб доир гардид.
Дар фарҷом чанд нафар фаъолон аз номи сокинони деҳаҳо барои чунин як суҳбати судманд изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанги деҳот ва рушди кишвар сарҷамъона саҳм хоҳанд гузошт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: