Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент

Боздид аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент

19-05-2022, 07:51
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент
Ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои арзишманди ҲХДТ маҳсуб меёбад.
Дар ҳошияи баргузории курси бозомӯзӣ имрӯз гуруҳи калони иштирокчиён бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити маишӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро намегузоранд ҳаргиз хору зор шаванд ва дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ ва беҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд.
- Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои инсонпарвари миллат, Раиси муаззам ва шоистаи ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо саробонӣ мекунанд, - гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.
Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кӯмак кардан ва шод намудани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд. Ин амалҳо бахусус, хосса дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бонангу номус ва саховатпешаву савобҷӯй аст, аз мадди назари роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дур намемонад.
Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои миллати мо, аз қабили аёдати пирону беморон ва дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд.
Дар поёни боздид ба хона-интернат аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ - 1 адад телевизор ва маводи ғизоӣ тақдим гардида, суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: