Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд

Сегодня, 12:08
Хабарро хонданд: 6 нафар
Назарҳо: 0
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд4 май Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо (ACWL) пазируфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Протоколи хамроҳшавии Тоҷикистон ба ин Марказ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва Директори иҷроияи Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо Найл Мигер ба имзо расонида шуд.

Ҳамроҳшавӣ ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин иқдом ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз дастгирии касбии ҳуқуқӣ дар доираи қоидаҳо ва расмиёти Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) баҳраманд гардад.

Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, таҳияи мавқеъҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони миллӣ аз кумакҳои техникӣ ва машваратии Марказ истифода намояд.

Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин давлати Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин ниҳод ворид гардидааст.

Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо соли 2001 бо мақсади пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии савдо ба кишварҳои камрушд ва дар ҳоли рушд таъсис ёфтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: