Рӯзи маъюбон ва пиронсолон11-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар тарабхонаи «Гулрез»-и ноҳия бахшида ба рӯзи маъюбон ва пиронсолон мусобиқаи шохмот ва шашка дар байни маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Сулаймонзода А.Р. низ иштирок дошта, ба 9 нафар ғолибон ва ба 30 нафар маъюбон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии қумитаи иҷроияи ҲХДТ бо тантана супориданд. Баъдан аз тарафи ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» баҳри болидохотирии маъюбон чорабинии фарҳанги таҳия гардид. Дар рафти чорабини ҷавонони маъюб, ки ҳоло дар муассисаҳо таҳсил доранд аз эҷодиёти тару тозаи хеш, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат мебошанд, қироат намуда, аҳли нишастро ба ҳайрат андохтанд. Барои эътибор ба маъюбон ва ғамхориҳо Раиси ҷамъияти маъюбон «Дилсӯз» Убайдуллоева М. ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва и.в. Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода А.Р. ва ба кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ миннатдории маъюбон ва пиронсолонро расонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.