Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?

Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?

5-05-2026, 12:14
Хабарро хонданд: 29 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир мешавад, ки дар чаҳорчӯби он баргузории як зумра чорабиниҳои канорӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин чорабиниҳо кадом мавзуъҳо матраҳ мешаванд?

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чорабиниҳои мазкур аз мавзуъҳои зерин иборат мебошанд:

— Пайвасти оянда: Форуми ҷавонон таҳти унвони «Табдил додани низоми якҷояи агроозуқаворӣ»;

— Муколамаи сармоягузорӣ;

— Муттаҳидшавӣ барои устуворӣ. Таҳкими устувории низомҳои кишоварзӣ;

— Вокуниши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба буҳронҳои сершумор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ;

— Афзалияти минтақавӣ. Чаҳоргонаи беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;

— Натиҷаҳои минтақавӣ. Чаҳор самти беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;

— Биоиқтисод ва шарикӣ;

— Чорабинии махсус доир ба масъалаи занон.

Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии чунин чорабиниҳо, балки ташкилкунанда ва ташаббускори онҳо низ мебошад, ки ин нуфузи байналмилалии мамлакатро боз ҳам баланд мебардорад. Ин чорабиниҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳои глобалӣ, балки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам меоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: