Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод

8-07-2017, 10:13
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод
Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона чорабинии васеи сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд. Дар ин чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова, директори Муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Р. Табаров, раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод Сабоҳат Мирзошарифзода ва зиёда аз 120 нафар маъюбону пиронсолон иштирок доштанд. Сараввал чорабиниро Амиршозода Тоҳирхон ҳусни оғоз бахшида, маъюбон ва пиронсолонро ба рӯзи идашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ таманно намуд. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба ин қишри осебпазири ҷомеа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар ин радиф раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ба сухан баромада, дар доираи баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» ибрози ақида намуда, таъкид дошт, ки ҲХДТ доимо дастгир ва ғамхори хусусан маъюбон ва ятимону бепарасторон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Инчунин ҳамаи меҳмонон, ҳозирин ва хусусан маъюбони ноҳия ва дар симои онҳо тамоми маъюбон ва пиронсолони ҷумҳуриро ба рӯзи идашон табрик гуфта, саломатӣ, хонаи ободу осмони софро таманно намуданд. Дар охир ба 44 нафар маъюбону пиронсолон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба маблағи 1500 сомонӣ маводҳои хӯрока туҳфа карда шуд.
Чунин корҳои хайру савоб дар оянда низ аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод идома хоҳад ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: