Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз….

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз….

28-08-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз….
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат бар дӯш доранд.
Онҳо ҳама вақт дастгирии давлату ҳукуматро эҳсос мекунанд, аз ғамхориҳо ҳамеша бархурдоранд. Мунтазам изофа кардани нафақапулии маъюбону пиронсолон, ҷорӣ кардани имтиёзҳо, аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём инҳоанд номгӯи нопурраи тадбирҳое, ки ҳукумат ҳамеша барои дастгирии моддию маънавии маъюбону пиронсолон раво мебинад, коре мекунад, ки норасоиҳои муваққатии зиндагиро пирону маъюбон ҳарчӣ камтар эҳсос намоянд.
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз….
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Раиси муаззами ҳизб Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пирону барҷомондагон, ашхоси бо онҳо баробаримтиёз, одамони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.
Бахшида ба 26 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии иди саиди «Қурбон» бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» тибқи нақша чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он санъаткорони ҷавон сурудхонӣ намуда, хотири бошандагони хонаи пиронсолонро шод намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда ҳамаи бошандагони муассисаро ба муносибати фарорасии иди саиди «Қурбон» ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: