Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз Отряди Қӯшунҳои сарҳадии Панҷакент

Боздид аз Отряди Қӯшунҳои сарҳадии Панҷакент

19-05-2022, 07:45
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз Отряди Қӯшунҳои сарҳадии Панҷакент
Дар давоми курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинони раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ва гуруҳе аз шунавандагони курс аз Отряди сарҳадии Панҷакент боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон аст.
Аснои боздид маълум гардид, ки барои хизмат имрӯз тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҷавонон бояд бо дасту дили гарм ва нияти пок дар ҳифи Ватани хеш омода бошанд.
Ҳудуди қисми низомӣ сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда оро ёфтааст. Барои машқу тамрини сарбозон шароити зарурӣ фароҳам буда, бо истифода аз майдони назди бино онҳо бо намудҳои гуногуни варзиш мунтазам машғул мегарданд.
Меҳмонони курси бозомӯзии ҳизбӣ дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суҳбати самимӣ ва озодона намуданд.
Гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд. Меҳмонон аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбозон дидан карданд.
Сарбозони ин қисми низомӣ, ки аз тамоми гӯшаи канони мамлакат намояндагӣ мекарданд, бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ омодагии худро барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа изҳор намуданд.
Дар охир, ба ҳайати шахсии қисми низомӣ аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ ва 1 адад телевизор тақдим гардид.
Мавриди тазаккури хос, ки барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаи хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу таълимӣ ва маишӣ таъмин шудаанд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт пайваста чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: