Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАСТГИРӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН ҚАРЗИ ҲАМЕШАГИСТ

ДАСТГИРӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН ҚАРЗИ ҲАМЕШАГИСТ

13-12-2021, 09:07
Хабарро хонданд: 135 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТГИРӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН ҚАРЗИ ҲАМЕШАГИСТ

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси ташкиллоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи Душанбе” ба шахсоне, ки имконияташон маҳдуд, ятимони кӯл ва шахсони эҳтиёҷманд кумакҳои яквақтаина расонида шуд.
Дар кӯмаки хайриявӣ Насимҷон Расулзода- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Муродов Ҷурабек- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Шарипова Лайло- мудири шуъбаи кор бо занони Кумита иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат ва Барномаи ҲХДТ масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.
Тавре Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолони бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».
Чунин иқдомҳои хайриявӣ пайваста аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи иду ҷашнҳо амалӣ карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: