Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барои нангу номуси миллат

Барои нангу номуси миллат

30-03-2022, 12:21
Хабарро хонданд: 377 нафар
Назарҳо: 0
Барои нангу номуси миллат
Ватан арзиши муқаддас аст. Тарбияи ҷавонон бобати садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ҳам сохтору мақомотҳо ва ҳам аҳли ҷомеа мебошад.
Муҳаммад Сайдалиев, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён аз ҷумлаи ҷавонони бонангу номуси кишвар мебошад, ки дар даъвати баҳорӣ барои адои қарзи фарзандии хеш – хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ихтиёрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат намуд. Ӯ сокини ноҳияи Данғара, хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳия Кӯшониён ва омӯзгори ҷавони донишкадаи мазкур буда, соли 2020 ин донишкадаро хатм намудааст.
Муҳаммад Сайдалиев худро хушбахттарин ҷавон меҳисобад, ки дар давлати ободу озод кору зиндагӣ дорад. – Мо ҷавонон чун бобову гузаштагони хеш бояд дар назди халқу Ватан қарзи инсониамонро дар ҳифзи марзу бум, хоки муқаддаси меҳан адо намоем. Бо ин мақсад пеши худ мақсад гузоштам, ки дар даъвати баҳорӣ ҳамчун сарбози ихтиёрӣ сафарбар шавам, албатта ин хоҳиши худи банда аст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит барои будубоши сарбозону афсарон фароҳам оварда шудааст. Хизмати Ватан-Модар ин худ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, инсонро дар роҳи ватандӯстию худогоҳии миллӣ тарбия менамояд, – мегӯяд М. Сайдалиев.
Ӯ ба ҷавонони синни даъватӣ тавсия медиҳад, ки ҳамчун ҷавонони асили ин Ватану ин давлат хизмати Ватан-Модарро бо сари баланд адо кунанд ва дар оянда фарзандони содиқи ин сарзамини аҷдодӣ бошанд.
Маҳз ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонанд рисолати пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон, инчунин ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро сарбаландона адо намоянд.
Ҳамчунин, Насим Мирзоев, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон низ аз ҷумлаи ихтиёриёнест, ки бо ариза ба комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат кардааст. Ӯ мегӯяд, шавқу ҳаваси ба хизмат рафтанаш замоне бештар шуд, ки “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ”-ро мутолиа кард. Боиси зикр аст, ки тибқи дастурамали мазкур барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас муҳим мебошад.
Ӯ бо эҳсоси болидаруҳӣ гуфтаҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба ҷавонон пайваста таъкид мекунанд, ёдовар шуд: «Шарафу обрӯи Ватан, пойдории сулҳу субот ва рушду ободии кишвари азизамон аз шумо вобастагии калон дорад».– Аз ин рӯ, зарур аст, ки наслҳои ҷавони мо дорои ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, илму ҳунарҳои муосир бошанд, то тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро ҳимоя ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созанд.
Ман ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар содиқ мемонам ва ба хизмати Ватан-Модар рафта, қарзи шаҳрвандиамро адо мекунам ва омада дар ниҳоди ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолиятамро идома мебахшам ва ҳамсолонамро низ даъват менамоям, ки хизмати “Ватан-модар”-ро сарбаландона адо намоянд, – иброз дошт Насим Мирзоев.
Ҳамчунин, нафари дигар Амирпур Усмон, волонтёри назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, хутмкунандаи Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад, ки меҳру садоқат нисбати Ватан ӯро водор кард, то ихтиёрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат намояд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо ҳисси баланди ватандорӣ дошта, хизмати ҳарбиро шарафи бузург медонанд ва хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон беҳтар меҳисобанд.
Паёмбари Худо (с) ватандӯстиро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидаанд. “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст".
Ватан беҳтарин сарват аст, ки Худованд онро барои мо ато намудааст. Ватану модар, ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: