Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳифзи марзу бум – қарзи фарзандии созандагони Ватан

Ҳифзи марзу бум – қарзи фарзандии созандагони Ватан

21-09-2018, 08:55
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Ҳифзи марзу бум – қарзи фарзандии созандагони Ватан

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷрояи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи махсус, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ҷавонони фаъоли шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино ва И. Сомонӣ дар яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳифзи марзу бум – қарзи фарзандии созандагони Ватан» баргузор карда шуд.

Нахуст ҷавонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бо шароити зисту хизмати аскарони қисми ҳарбии номбурда, бо ҷойи хоби аскарон, ошхона, ҷойи дарсхонӣ ва дигар шароити хизматии сарбозон аз наздик шинос шуданд

Сипас муовини қумандони қисми низомӣ, майор Аловиддин Давлатов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз фаъолияти қисми ҳарбӣ, шароити хизмат дар хати сарҳад суханронӣ намуд.

Дар ҷамъомади доиргашта мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб - Саидалӣ Шамсов, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Заррина Зуҳурова, Бойалӣ Ҳусейнов - устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Валӣ Сайёрабеков суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифа ва қарзи ҳар як ҷавони бонангу ори миллат аст ва шумо-ҷавонону донишҷӯён, ки оянда ба Ватан-Модар бояд хизмат намоед имрӯз бевосита аз наздик бо шароити хизмати аскарони ин қисми низомӣ шиносоӣ пайдо кардед.

Ҳамчунин, дар суханрониҳо қайд шуд, ки 27 сол қабл шароити хизмати сарбозону аскарон дар ҷумҳурӣ хуб набуд ва имрӯз шукрона мекунем, ки чунин шароити хубу мусоид барои қисмҳои низомӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд. Имрӯз ду насли ҷавон-донишҷӯён ва сарбозон бо ҳам вохӯрда аз шароити таҳсилу зисту хизмати ҳарбӣ ошноӣ пайдо карданд ва Шумо-сарбозон ҳастеду марзу буми моро ҳимоя мекунед, ки мо осуда кору зиндагӣ ва истироҳат менамоем. Умед ҳаст, ки ҷавонони мо бо техникаву технологияи навин ошноӣ пайдо карда, ба дӯстону ҳамкурсонашон мефаҳмонанд ва дар якҷоягӣ бар зидди тундгароиву ифротгароӣ мубориза мебарем, - зикр шуд дар суханрониҳои онҳо.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

Обиди ОДИЛИЁН
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: