Ҷавонон дар хизмати Ватан-модар17-10-2015, 11:50
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар дар вохӯриву мулоқотҳояшон бо ҷавонон оид ба масъалаҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва хизмати Ватан-модар пайваста суҳбатҳои судманд баргузор менамоянд. Ин аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ сафи ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ рӯз то рӯз меафзояд.
То имрӯз аз ҷамоати деҳоти Навбаҳор 19 нафар, Меҳнатобод 22 нафар, Заргар 25 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шудаанд, ки аз ин шумора 36 нафар ба таври ихтиёрӣ мехоҳанд, хизмат намоянд. Дар ноҳия даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дорад. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.