
Бисёре аз кӯдакон вақти худро бо смартфонҳо мегузаронанд. Инро метавон ва бояд барои омӯзиш ва ба даст овардани донишҳои нав истифода бурд. Дар 25-умин солгарди таъсиси худ МегаФон Тоҷикистон васеъ намудани имкониятҳоро барои муштариён идома дода, ба рушди насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар бораи баъзе аз хизматрасониҳои муфид барои омӯзиш дар шакли қулай ва ҷолиб, рушди қобилияти кӯдакон маълумот медиҳем.
«TINY MINIES»: омодагӣ ба мактаб тавассути бозӣ
Ин платформаи омӯзишӣ бо забонӣ англисӣ мебошад, ки барои ташаккули малакаҳои асосии барои дохилшавӣ ба мактаб мусоидат менамояд. Кӯдак дар шакли бозӣ нутқро инкишоф медиҳад, захираи луғавиро васеъ менамояд, асосҳои математикаро аз худ карда, хотира ва диққатро тамрин медиҳад. Дар дохили он супоришҳои интерактивӣ, китобҳо ва ҳикояҳо, машқҳо барои тақвияти тамаркуз ва дарки оромонаи маълумот мавҷуданд. Волидайн метавонанд инкишофу пешрафти кӯдакро пайгирӣ намуда, тавсияҳои таълимӣ гиранд.
Арзиш чӣ қадар аст: 1,50 сомонӣ дар як шабонарӯз ё 50 дирам барои 8 соат ҳангоми маблағи кам дар тавозун.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: бо ёрии дархости *2345# ё тавассути замимаи «МегаФон Life».
«Mega Kids»: контенти бехатар ва муфид
Портали кӯдакона бо филмҳои тасвирӣ, афсонаҳо, бозиҳо, китобҳо ва мусиқӣ мебошад. Контент бо назардошти синну сол интихоб шудааст, аз ин рӯ кӯдак дар муҳити бехатари рақамӣ қарор дорад. Хизматрасонӣ на танҳо фароғат мебахшад, балки омили рушду инкишоф низ мебошад: афсонаҳо тасаввуротро, бозиҳо – мантиқро, китобҳо бошанд – майлу рағбатро ба хониш ташаккул медиҳанд. Трафики интернет аз бастаи асосӣ ҳангоми истифодаи портали кӯдакона сарф карда намешавад.
Арзиш чӣ қадар аст: 99 дирам барои 24 соат.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: тавассути дархости *2526# ё сомонаи megakids.tj
«Mega Games»: бозиҳо бо манфиат барои рушду инкишоф
Портал бо бозиҳои маъруфи мобилие мебошад, ки ба таври онлайн ва барои боргирӣ дастрасанд. Волидайн метавонанд аз феҳристи бузург вариантҳои мувофиқро барои кӯдак аз рӯи синну сол интихоб намоянд. Бисёре аз бозиҳо барои рушди мантиқ, диққат, эътино ва тафаккури стратегӣ нигаронида шудаанд: кӯдак на танҳо бозӣ мекунад, балки зеҳнро тамрин медиҳад.
Арзиш чӣ қадар аст: 1,19 сомонӣ дар як шабонарӯз.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *1141#.
«Simpler»: забони англисӣ ҳар рӯз
Дарсҳои интерактивие, ки ба сатҳи кӯдак мутобиқ карда мешаванд. Хизматрасонӣ барои мунтазам аз худ кардани забон, гузаштан аз санҷишҳо ва мустаҳкамкунии донишҳо мусоидат менамояд. Ин усули қулай барои ҳар рӯз машғул шудан ба омӯзиши забон бидуни пардохти маблағи машғулиятҳо ва дарсҳои иловагӣ ба ҳисоб меравад.
Арзиш чӣ қадар аст: 2 сомонӣ дар як шабонарӯз.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *864#.
«Train Brain»: тамрини майна тавассути бозӣ
Бозиҳои инкишофдиҳанда барои хотира, диққат ва тафаккур мебошанд. Система супоришҳоро ба таври инфиродӣ интихоб менамояд, шакли бозӣ бошад раванди омӯзишро осону шавқовар мегардонад.
Арзиш чӣ қадар аст: 99 дирам дар як шабонарӯз.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *861#.
«Дарсҳои забони русӣ»: омӯзиш ҳар рӯз
Хизматрасонӣ тавассути СМС барои мунтазам омӯхтани забон кумак мерасонад: калимаҳои нав, тарҷумаҳо ва супоришҳо ҳар рӯз ворид мегарданд. Сатҳи душворӣ ба корбар мутобиқ карда мешавад. Ин усули содаву дастрас барои мунтазам омӯхтани забон бидуни хароҷоти иловагӣ аст.
Арзиш чӣ қадар аст: 2 рӯзи аввал ройгон буда, сипас 75 дирамро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад.
Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *6300#.
Маълумоти бештарро дар бораи хизматрасониҳо дар сомонаи content.megafon.tj пайдо кардан мумкин аст.