Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

24-02-2017, 11:02
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистони азиз – Ватани маҳбуби ҳамаи мо
Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда мешаванд. Ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 24 сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфт. Ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати Ватан-Модарро адо менамоянд. Ҳамчунин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатию миллӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва садоқату самимият ба халқу ватанро талаб менамояд. Бояд қайд намуд, ки дар зарфи 24 сол Артиши миллӣ ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагии ҷавонон табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Дар ҳақиқат ҷиҳати бунёд ва таҳкими Артиши миллӣ мақоми ҷавонон ҳамчун нерӯи пуриқтидор ва ҳомии Ватан басо бузург аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки ин иқдоми бузурги Пешвои миллат ҷавонони ватандӯсту сулҳпарвари моро нерӯманд менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавонони моро мебояд, ки баҳри ободию пешрафт ва ҳимояи кишвари азизамон саҳми босазои худро гузоранд.
Бо ҳамин мақсад ва бо ҳидояти Муовини Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон дар қисми ҳарбии 04533-и ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати сарбозон бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан», бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шубаи маориф, бахши занон ва кор бо оила ва мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия баргузор гардид. Силсилачорабиниҳо бо роҳпаймоии ҷавонон оғоз гардида, қисми расмии онро муовини ситод Хуршед Аминов ифтитоҳ намуд. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бунафша Қутбиддинова ба сухан баромада ҳамаи афсарону сарбозонро бо рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд ва кайд кард, ки маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоат омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми аҷдодӣ, хоки Ватани азизамонро аз худ менамоянд.
Инчунин роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов кулли ҳайати қисми ҳарбиро ба муносибати рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҳният гуфта қайд кард, ки афзоиши сафи ҷавонони ватандӯст ба таври ихтиёрӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ воридшаванда далели қудратмандии неруҳои ҳарбии мамлакат ва ташаккули ихлоси ватандориву садоқати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ мебошад.
Дар майдони қисми ҳарбӣ хонандагони муассисаҳои таълимии №43, 45, 1, 53, 2, 16, 17 ва Гимназияи №1 бо сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, давидан, ҷаҳидан, вазнбардорӣ, турниккашӣ ва дастхобонӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Шиносоии хонандагон низ бо ҳаёти сарбозон ва лавозимотҳои ҷангӣ ба роҳ гузошта шуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагону сарбозон шеъру сурудҳо, намоиши саҳначаҳоро иҷро намуданд.
Дар охир муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова ба сухан баромада чорабиниро ҷамъбаст намуд ва Сипосномаи Раиси ноҳия, Синосномаи НТҶҶ «Созандагони Ватан», Ифтихорномаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ барои иштироки фаъолонаи сарбозону хонандагон супорида шуд.

Лоиқ Тӯйчиев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: