МАФҲУМИ ВАТАН ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ24-02-2022, 13:53
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
«Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад». Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи Ватан ва номуси ватандорӣ аз эҷодиёти даҳонии халқ ва адибони классику муосири тоҷик андешаю навиштаҳои зиёде мавҷуданд, ки агар онҳоро дар як китоби мукаммал ба табъ мерасондем, шояд дар дунё калонтарин ва дӯстдоштатарин асар мешуд. Шарҳи вожаи «Ватан» дар Энсиклопедияи советии тоҷик (с. 1978) чунин омадааст: «Ватан (зодгоҳ, ҷойи нашъунамо): - 1) диёр, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст; 2) сарзамине, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ доранд. Ватан аз хонаводаи ҳар як шаҳрванди кишвар то тамоми хоки Тоҷикистон доман паҳн кардааст. Аз вожаи Ватан мафҳумҳои «ватандӯстӣ», «ватанпарварӣ», «ватандорӣ» пайдо шудаанд, ки ифодагари садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи он хизмат карданро дорад. Ватан барои фарди ватандӯсту ватандор маънои худшинос будан, мафҳуми бузургу муқаддас, беҳамтост, зеро дар он ҷо падару модар, бародару хоҳар, хешу ақрабо, ёру дӯст ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунанд. Ватандӯстӣ чисту ватандӯсти асил кист? Ин савол маҳз имрӯз бештар ба забон меояд. Ватани ягонаи мо дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгузин аст, пешравию қудратмандии давлатамон аз ҳар яки мо вобаста аст. Ватандӯсти асил манфиати худро аз манфиати ҳукумату давлат ва халќ боло намегузорад. Мо он навҷавононеро ватандӯсти асил меҳисобем, ки бо амри дил ба хизмати Модар-Ватан мераванд, посбонии Ватанро қарзи фарзандии хеш меҳисобанд. Халќу Ватан бо ин ҷавонмардонаш ифтихор доранд. Баъзе ҷавонон аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ карда, дар ғарибиҳо аробакаширо авлотар меҳисобанд. Магар оини ватандорию ватандӯстӣ чунин аст ва онҳоро ватандӯст гуфта метавонем? Барҳақ, ватанпарвару ватандӯсти асил касе буда метавонад, ки муқаддасоти миллӣ – забони модарӣ, фарҳанг, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатиро эҳтиром мекунад; ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад; ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирад. Ватандорӣ мояи зиндагию ифтихораш буда, истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш мешуморад, барои пойдорӣ ва мустаҳкамии истиқлоли Ватан хизмати содиқонаро пеша мекунад; дар тарбияи ватандӯстӣ саҳм мегузорад. Ватандори асил нисбат ба тақдиру сарнавишти миллату Ватани хеш бетарафиро ихтиёр намекунад, барояш дастоварди Ватан дастоварди худаш аст, саодати ҳамватанаш саодати ӯст, Тоҷикистонро азизу ягона медонад. Ҳама кунҷу канори Тоҷикистон баробар барояш азизу муқаддас аст, ба қадри забони модариамон мерасад. Агар амаламон ҳаррӯза ба нафъи Ватан бошад, ватандӯсти асилем. Ватандӯстони асил дар ќаламрави Ватани азизамон бисёранд. Ва пешоҳангони онҳо дар замони тақдирсоз фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур мебошанд, ки кору пайкори онҳо барои бақои миллат ва давлати тоҷикон ниҳоят бориз мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрӣ ва суханрониашон бо самимияти беҳамто аз дӯстдории Ватан сухан карда, моро ба худшиносӣ, ифтихор аз ин Ватан ва садоқат ба он ҳидоят мекунанд. Аз ин андешаҳои садоқатмандона ва амалҳояшон рӯшан ҳувайдо мегардад, ки Сарвари давлат Ватану миллаташро беандоза дӯстмедоранд. Тарбияи нангу номуси ватандорию ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои мушкил ва муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои он ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дарки онҳо натанҳо вазифа исохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар ҳам мебошад. Ватан ишқи ту ифтихорам Ватан дар раҳат ҷон супорам! Зарафмоҳ МАҶИДОВА, иҷрокунандаи масъули шуъбаи қисми сафии Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶумҳурииТоҷикистон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.