Артиши миллӣ – мактаби шуҷоат22-02-2019, 05:37
Хабарро хонданд: 3613 нафар
Назарҳо: 1
Дар санаи 21 феврал роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Маҷидов Б. бо хонандагони МТМУ №52 ва ҷавонони ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт мулоқот доир намуд. Дар аввал роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Маҷидов Б. суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихориву сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Артиши миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин [ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро қарзи варзандии худ шуморанд. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд мебошад” . Ҳадафи асосии баргузории мулоқот ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.