Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд

4-06-2026, 15:53
Хабарро хонданд: 117 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳандТоҷикистон ва Чин ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд. Дар ин замина дар доираи таҳкими ҳамкории молиявию бонкӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории байнибонкӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, дастгирии сармоягузорӣ, маблағгузории тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар бахши бонкӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори молиявӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз саҳми Бонки кишоварзии Чин дар рушди муносибатҳои молиявии ду ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ пайваста тавсеа меёбанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳамкории бонкҳои Чин ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон солҳои зиёд идома дошта, барои рушди савдо ва сармоягузории байни ду мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар робита гуфта шуд, ки ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон метавонад ҳамкории дуҷонибаро боз ҳам тавсеа бахшад.

Инчунин раиси Бонк миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки кишоварзии Чинро бо вазъи макроиқтисодӣ ва бахши молиявии ҷумҳурӣ шинос намуд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон суръати баланди рушди иқтисодӣ ва сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуда, низоми бонкӣ устувории худро тақвият медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки ислоҳоти роҳандозишуда дар бахши молиявӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, афзоиши ҳаҷми пасандозҳо, густариши қарздиҳӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими устувории молиявии низоми бонкӣ мусоидат кардааст.

Раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу дар навбати худ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи бонкдорӣ, рушди иқтисоди сабз, рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими низоми киберамният, такмили механизмҳои комплайенс ва афзудани иқтидори касбии мутахассисон, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии ду давлат иброз дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо бори дигар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва аҳамияти таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, бахусус истифодаи имкониятҳои навро барои рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистону Чин таъкид карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: