Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эҳтироми арзишҳои миллӣ мароми мост

Эҳтироми арзишҳои миллӣ мароми мост

14-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 563 нафар
Назарҳо: 0
Эҳтироми арзишҳои миллӣ мароми мостДар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати ҷумҳур ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади таҳкими сулҳу ваҳдат, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ аз тарафи ҲХДТ мунтазам тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, тибқи нақшаи якҷояи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи шаҳри Чкалов санаи 14-уми октябри соли равон дар қасри фарҳанги шаҳр мулоқот бо сокинон баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Атаева Ҳ, ҷонишини раиси шӯрои кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Раҳмова М., корманди нашрияи «Сухани халқ» Моҳира Раҳимзод ва зиёда аз 70 нафар намояндагони соҳаи маорифу тиб, донишҷӯёну раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр иштирок карданд.
Мулоқотро мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳрӣ Манзура Юсупова оғоз карда, таъкид намуд, ки имрӯз масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарона ва тафриқаангез, зиёд шудани тамоюлҳои бегонапарастӣ, ба бар кардани либосҳои ғайр. ҷудошавии оилаҳои ҷавон, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеа гардидаст.
Дар баромади худ Ҳамроҳхон Атаева. оиди масъалаҳои таҳсили духтарон дар зинаи сеюми таҳсил, оқибатҳои барпошавии оила дар байни хешовандон, шукргузорӣ аз давру замони орому осуда, хизмати Ватанро адо кардани ҷавонон ибрози ақида карда, далелу рақамҳои мушаххасро ба самъи иштирокдорон расонид.
Раҳимова М. ва мудири кафедраи забонҳои ДКМТ Аминҷонова М. зимни баромади худ оиди мавзуъҳои оила аз нигоҳи муттафаккирону донишмандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва барпо намудани оилаҳои солим истода гузаштанд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ мароми мостБаъдан мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов Бобоева Ш. ба сухан баромада, дар бораи таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат ба ҷавонон сухан кард. Қайд карда шуд, ки тибқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иқдоми «Мо ҳомиёни ин Ватанем» баргузор гардида истодааст, ки мақсади иқдом ин даъвати муташаккилонаи навсакарон ба хизмати модар-Ватан мебошад. Даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд ҳимоятгари Ватани аҷдодӣ, марзу бум ва амнияти кишвр бошанд. Зеро ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Дар охири мулоқот дар байни меҳмонон ва иштирокчиён мубодилаи афкор баргузор гардид.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: