
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз усулу воситаи муосири пешбурди амалияи идеологию сиёсӣ корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон тақвият бахшида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони маҳаллаҳо, ҷиҳати роҳнамоии ҷавонон ба ҳифзи Ватан ва хизмат ба халқу миллат тадбирҳо андешида дар ин самт рӯзи 1-октябр соли равон дар комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи даъватшавандагон гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба ҳифзи Истиқлолият, пойдории сулҳу субот, якдиливу якдигарфаҳмии аҳли ҷомеа, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба халқу Ватан таъкидҳо карда шуд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон масъулияти падару модар бояд назаррас бошад гуфта шуд дар чорабинии мазкур.
Бояд ёдовар шуд, ки дар рӯзи якуми даъват аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ 27-нафар ҷавонони ватандусту хештаншинос ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.
Гусели наваскарон дар ҳузури падару модарон ва дигар шахсони расмии ноҳия дар фазои тантанавӣ ва гирифтани аксҳои хотиравӣ сафарбар карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар робита ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комиссариати ҳарбии ноҳия дар ҳамкории зич буда, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо сокинони ноҳия роҳандозӣ кардааст, ки натиҷаҳои хуб дода истодаанд.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ