Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аҳдномаи никоҳ ва солимии ҷомеа

Аҳдномаи никоҳ ва солимии ҷомеа

13-10-2015, 14:05
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
Аҳдномаи никоҳ ва солимии ҷомеаБо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Аҳдномаи ақди никоҳ ва солимии ҷомеа» доир гардид, ки дар он ҳуқуқшиносону равоншиносон, аъзои шӯрои занон, занону ҷавонони фаъоли ҳизбии вилоят, собиқадорони меҳнат, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Ҳамрохон Атаева ба кори машварат ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро хайрамақдам гуфт ва иброз намуд, ки дар мизи мудаввари навбатӣ, ҳамчунин устодони ДДҲБСТ Самад Болтуев ва Фирӯза Очилова, судяи суди шаҳри Хуҷанд Маъруфзода Некрӯз Нарзулло, сарнотариуси давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Ахунов, дотсенти кафедраи психологияи умумии ДДХ Азизахон Мансурова ва дигарон ширкат доранд. Баъдан Ҳамрохон Атаева ҳадаф ва мақсади баргузории чунин чорабиниҳоро шарҳ дода, қайд кард, ки баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон мавзӯи имрӯза муҳокима шуда, таклифу дархостҳои мушаххасро барои ворид намудан ба Аҳдномаи никоҳ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳем кард. Инчунин, ӯ сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавонро шарҳ дода, гуфт, ки бояд роҳҳои асосии пешгирии ин мушкилоти доғи рӯзро дар ҷомеа дида бароем. Ба Аҳдномаи ақди никоҳ ворид кардани тағйиру иловаҳоро ҳатмӣ шуморид. Перомуни мавзӯъ иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуда, таклифу пешниҳодҳои ҷолибро ибрози назар карданд. Аз ҷумла, Бахтиёр Ахунов сабаби асосии пойдории оилаҳоро дар бастани аҳдномаи ақди никоҳ арзёбӣ намуда, зикр кард, дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шавад:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд.

©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: