Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Машварати дастурдиҳӣ

Машварати дастурдиҳӣ

8-10-2015, 16:30
Хабарро хонданд: 760 нафар
Назарҳо: 0
Машварати дастурдиҳӣБо мақсади амалигардонии қарорҳои Анҷумани XII ҲХДТ, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии он, дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорону пайравони он, вусъат бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ санаи 8 октябр барои раисони ташкилотҳои ибтидоии минтақаи Ҳ.Усмонов ва Унҷӣ машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид. Раиси кумитаи иҷроия вазъи сиёсии кунунии ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъоолияти гурӯҳҳои таблиғотии ташкилотҳои ибтидоӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамзамон ба иштирокдорони машварат тавсия дод, ки хонишҳои сиёсиро мунтазам гузаронида, маводҳои дар сомонаҳо инъикосёфтаро таҳлил ва ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро ба ҳизбиён фаҳмонанд. Оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешида, баҳри аз байн бурдани он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар бораи такмил ва густариши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва қайди он дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроия баромад намуд. Мудири бахши кор бо ҷавонон бобати нақш ва мавқеъи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар раванди тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ дар доираи аксияи “Мо ҳомиёни ин Ватанем” , ҷалби ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод ба гурӯҳҳои таблиғотӣ ва корҳои ҷамъиятӣ суханронӣ намуд. Дар охир раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаи Даштак Абдуҳамидов А., маҳаллаи Мусаффо Искандаров., маҳаллаи Октябр Бурҳонов Я., маҳаллаи Кулангир Холшехов М. ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифта, ваъда доданд, ки минбаъд баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ чораҳои иловагӣ андешида, сафи ҳизбро аз ҳисоби шахсони барӯманду содиқ зиёд мегардонанд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: